Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ОМӮЗГОР — ГУЛЕ АЗ ГУЛИСТОНИ БОҒИ ОФАРИНИШ

ОМӮЗГОР — ГУЛЕ АЗ ГУЛИСТОНИ БОҒИ ОФАРИНИШ

by admin
217 views
Муаллим, эй раҳнамои инсонҳо, атои нодир аз офариниш, беҳтарин гавҳари ҳастӣ, ки ақл, шарафу виҷдон ва симои асосии ҷомеа гардид.
Суханварони доно ва ҳакимони тавоно омӯзгориро шуғл не, ҳунар номидаанд, зеро муаллимӣ касб нест, вай муҳаббат, фидокорӣ, шавқ, ҳавасмандӣ ва камолотро мехоҳад, то инсонҳо роҳи беҳтарини зиндагиро омӯзанд.
Ҷолиб ин аст, ки муаллимиро касби паёмбарон ном мебаранд, зеро ҳамон тавре ки Худованд паёмбареро интихоб мекунад, то мардумро аз ҷаҳолат раҳнамоӣ кунад, муаллим низ мекӯшад мардумро аз ҷаҳолат ва торикӣ ба дониш ва нур дар ниқоби кори худ ҳидоят кунад.
Аз ин ҷост, ки муаллимро шамъу чароғи ҷомеа ном мебаранд. Ҳамин ки шамъу чароғ рӯшноӣ медиҳанд, устод низ месӯзад, то зеҳни хобидаро аз нури илму дониш бедор кунад ва онҳоро ба некӣ ва накукорӣ ҳидоят намояд.
Муаллимро гавҳари нодири офариниш меноманд, зеро гавҳар медурахшад ва зебоӣ мебахшад, аммо муаллим тарбия ва шараф меорад, ақл ва ҳидоятро аз иштибоҳ ба наҷот мебарад.
Ба чашми воқеъбинона бингарем ва заковати дарк карданро доро бошем дармеёбем, ки омӯзгор гуле аз гулистони боғи офариниш аст, ки ба ин замин зебоӣ мебахшад ва бӯи гуворо дорад, ки зеҳни хуфта аз он бедор ва саршори мастӣ мегардад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллимро ақл, шарафу виҷдон ва симои асосии ҷомеа дониста, таъкид менамояд: “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба шогирдон- фарзандони миллат медиҳад ва хешро аз он хушбахт мешуморад.”
Бо камоли мамнуният ва ифтихормандӣ Рӯзи ҷаҳонии омӯзгорро ба кулли фидокорони роҳи илму дониш, ки бо саъю талошҳои беандоза дар пешрафти ҷомеаи инсонӣ мекӯшанд, табрику шодбош гуфта, орзуманди рӯзгори босаодату фарҳмандии бепоёнашон ҳастам.
Рӯзатон муборак, устодони азизу гиромӣ!
Муҳаммадҷони Абдувоҳид, саромӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment