Home ХАБАР ХАЙРУЛЛО ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ РӮИ ВАЗИШИ САБУК 2 МЕДАЛ ГИРИФТ!

ХАЙРУЛЛО ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ РӮИ ВАЗИШИ САБУК 2 МЕДАЛ ГИРИФТ!

by admin
102 views
Шоҳимардонов Хайрулло, саромузгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар як мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи варзиши сабук — давидан ба масофаи муайян, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузашт, медали нуқра ва биринҷӣ ба даст овард.
Ӯ масофаи 10 000 метрро дар муддати 34:46,40 тай намуда, сазовори ҷойи 2-юму медали нуқра ва масофаи 5000 метрро дар муддати 16:27,94 давида, сазовори ҷойи 3-юм ва медали биринҷӣ гардид.
Раёсати Донишгоҳ устодро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдааашон барор мехоҳад.

Related Articles

Leave a Comment