Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ– ҲАМДИЛИИ МО

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ– ҲАМДИЛИИ МО

by admin
169 views
Вожаи «миллат», дар замони мо дорои мафҳуми фароэтникӣ буда, бартарӣ бахшидан ба ягон этноси (миллияти) алоҳидаеро ҳаргиз дар назар надорад ва ба ягонагии шаҳрвандӣ ишора мекунад. Яъне ба ҳангоми баёни ибораи «ваҳдати миллӣ», ягонагии ҳама қавму миллиятҳои дар Тоҷикистон зистгоҳ дошта, новобаста ба нажод, забон, боварҳои диниву мазҳабӣдар назар аст. Дар давлати миллӣ шаҳрвандон — намояндагони этносҳои гуногун, гурӯҳҳои иҷтимоии гуногун, дар баробари коргирӣаз забони давлатӣ, метавонанд гӯишгарони забонҳои дигаре буда, ба дину мазҳабҳои гуногун бовар дошта бошанд. Онҳоро он нукта баҳам меоварад, ки волоияти қонунро эътироф менамоянд, на волоияти боварҳои диниву мазҳабӣва урфу одатҳои этникио.
Миллати тоҷик дар дарозои зиндагии хеш тӯфонҳои шиканандаеро пушти сар ниҳодааст, ки бисёре аз миллатҳои дигар ба он тоб наоварда, аз саҳнаи таърих берун шудаанд. Мо дар саргузашти худ, зери фишори омилҳои бегона, борҳо аз асли худ ҷудо шуда, хештани хешро аз даст додаем ва имрӯз бояд бидонем, ки бо чӣдушвориҳои камаршикане ба хеш бозгаштаем ва чӣбикунем, ки дигар он шикастҳо ба пайкари мо роҳ наёбанд.
Мо агар ҳар чӣжарфтар саҳифаҳои таърихро варақ бизанем ва зеҳнамонро ба рӯйдодҳои он замонаҳои дур, ҳар чӣбештар равона созем, хоҳем дид, ки ҳама шӯрбахтиҳо ва бохтҳои бебаргаштамон бар асари ноиттифоқӣ, яъне надоштани ваҳдати миллӣ, сар задааст.
Ончуноне солҳои 90 — уми садсолаи гузашта, дар рӯзгороне, ки ҷомеаи мо ба як сукути сарди печидагиҳои маънавӣ, дудилагиҳои худноогоҳӣгирифтор гашта буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон, нобовариҳои умумиро барканор карда, миллати моро дар як замони барои таърих фишурда, аз ин шикасти маргбори рӯҳӣраҳоӣ бахшид.
Пешвои миллат, нигаҳи хешро ба шикастҳои пай дар пайи гузаштагонамон андӯхта, бо таҳлили ҳамаҷониба дарёфтааст, ки мо тоҷикон беш аз ҳамеша ба ҳушёрӣ ва ягонагии (ваҳдати) миллӣ ва дурандешиҳои хирадмандона бар бунёди таҷрибаҳои пирӯзманди гузашта ниёзмандем.
Ҳамин аст, ки нерӯҳои зиндагисози ҷомеа, мардумони равшанзамири некбини мо набояд хушгумон бошанд, ки душмани шикаст хӯрда дигар акнун дар пайи осебрасонӣ ба оромиҳову осудагиҳои мо намебошанд. Душмани ваҳдати тоҷикон, ки имрӯз гаҳе дар либоси диниву мазҳабӣва гаҳе дар либоси ҷудоиандозии (сепаратизми) қавмӣхудро намоён месозад, талошҳои зиёд мекунад, ки бо ҳилаҳои маккоронаи хеш ва сарпарастони хориҷии худ, аз байни мардуми содаандешу нохудогоҳ ҷонибдороне пайдо карда, ҷомеаро ба вартаи раҳгумӣтела диҳад.
Яке аз усулҳои дар назари нахуст содда, вале дар ниҳод маккоронаи онҳо, коштани тухми ҷудоӣ дар миёни тоҷикон аз роҳи фаслсозии шаҳрвандон ба маҳаллаҳо мебошад. Чунинҳо дар ҷой — ҷое аз ғаризаҳои маҳаллпарастии одамони кутоҳандеш кор гирифта, маҳаллаеро бениёз аз лутфи ҳукумат нишон доданӣ мешаванд ва ё ба боварҳои мазҳаби исмоилияи тоҷикони кӯҳнишин бо дидаи нобихрадона нигариста, он бародарону хоҳаронамонро мехоҳанд ба тоҷикони дигар бегона нишон диҳанд. Сияҳкорони ҷудоиандоз солҳост барои дигаргунаву бегона намоён сохтани ҳувияти миллии тоҷикон, аз эҳсоси парастиши зодбуми тоҷикони кӯҳнишину шаҳрнишин кор гирифта, бадахшониёнро ба авлодони юнониён, ё боқимондаҳои лашкариёни Искандари Макдунӣ пайвастанӣ мешаванд, ки ба чунин иддао танҳо шахси нахондаву гумроҳ метавонад бовар кунад. Дар тасбити гуфтаҳои бепояи худ онҳо бо ишора ба иддае аз зодагони Бадахшон, ки мӯйи ҳиноирангу зард ва чеҳраи сафеду чашмони обӣдоранд, аз дудаи макдуниҳо буданашонро мехоҳанд гувоҳӣдиҳанд. Ва ба чунин ҳазёнгӯиҳо камхондагону нахондагон бовар карда, баъзеҳо бо як виқори хандадор хешро аз тоҷикони дигар бартар мепиндоранд. Албатта онҳо пай набурдаанд, ки дар нигаҳдошти ҳувияти зоҳирӣ– антропологии тоҷикони Бадахшон, зистгоҳ доштанашон, дар кӯҳҳои душворгузар ва пушти рӯдҳои пуршӯр, мебошад. Ва дар паёмади оне, ки арабҳо дар садаҳои VII – X ва муғулҳо дар садаҳои XIII — XV натавонистанд ба ин одамони ғаюр чираманд шаванду мардумонаш аз омезиш бо истилогарони сиёҳчеҳра ва рамачаронони резачашм, раҳоӣ ёфтанд, онҳо симои ориёӣ ва гӯиши маҳаллии худро нигаҳ доштанд.
Бояд ба онҳо низ фаҳмонд, ки гурӯҳи забонҳои помирӣ ҳамрешаи забони тоҷикӣ- форсӣ буда, аз таъсиру омезиши сахт бо забонҳои арабиву туркӣ эмин мондаанд ва ин забонҳо чун таърих номаи саргузашти гурӯҳи забонҳои форсӣ арзиши ҳамешагӣ доранд ва давлат дар нигаҳдошту солимии онҳо кафил аст. Ҷойноми (топоними) Бадахшон, чӣдар марзҳои ҷуғрофиёии Тоҷикистон ва чӣдар марзҳои Афғонистон бар он маънӣ нест, ки зистгоҳи танҳо гӯишгарони забонҳои помирӣмебошад. Ҳамон гуна ки дар Бадахшони Тоҷикистон дар баробари гӯишгарони шеваи гуфторҳои шуғнӣ, рӯшонӣ, ишкошимӣ, тоҷикгӯёни дарвозӣ, ванҷӣ, язгуломӣ, будубош доштанду доранд, дар Бадахшони Афғонистон бештар аз шуғнигӯён, тоҷикони Рузвай, Фархор, Кешм, Баҳорак, Файзобод ва дигар навоҳиву деҳоти даризабонон садсолаҳо зиндагӣдоштанду доранд.
Чун ба китобҳои куҳна менигарем, дармеёбем, ки замоне Бадахшон ҷузви билоди Хатлон будааст ва гаҳе Хатлонро ҷузви Бадахшон донистаанд. Дар фарҳангномаи «Бурҳони қотеъ» чунин омадааст: Хатлон — номи вилоятест аз музофоти Бадахшон, ки ба Кӯлоб иштиҳор дорад. Гӯянд мардуми он ҷо хушсурат мебошанд ва аспи хуб низ аз он ҷо оваранд.
Бадахшон — бар вазни намакдон; вилоятест мобайни Ҳиндустон ва Хуросон. Гӯянд маъдани лаъл ва тилло дар он ҷо ҳаст.
Дар фарҳангномаи «Ғиёс — ул — луғот» мехонем: Хатлӣ- аспе, ки аз Хатл оваранд ва Хатл вилоятест аз Бадахшон ва онро Хатлон низ гӯянд.
Се сол пеш Пешвои муаззами миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ доштанд. Одамони андешаи солим дошта аз тамошои барномаҳои телевизионӣ, бахшида ба сафари кории Пешвои миллат хушнуд шуданд, ки дар зарфи чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо корхонаҳои хурди ҳунармандӣ, аз ҷумла сехҳои хонагӣбо грантҳои ҷудонамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гаштааст. Дигар акнун сокинони шаҳри Хоруғ аз нарасидани оби нӯшокӣҳаргиз душворӣнахоҳанд кашид. Ҳукумат бо харҷи миллионҳо сомонӣин душвориро аз байн бардошт. Чуноне аз иттилооти расмӣравшан аст, барои таълиму тарбияи наврасони вилоят, танҳо дар 20 соли охир беш аз 255 бинои нави таълимӣва синфхонаҳои иловагӣсохта ва азнавсозӣгардидаанд. Дар замони истиқлолияти давлатӣаз роҳи бурсияҳои таҳсилии давлатҳои хориҷӣ, вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони вилоят барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар фиристода шудаанд. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар асоси квотаи президентӣбарои ҷавонони вилоят ҳар сол 200 ҷой муқаррар гардидааст. Даҳҳо бунгоҳҳои тиббӣва иҷтимоӣбунёд гардидаанд. Дар вилояте, ки замони Шӯравӣ«Боми Ҷаҳонаш» хонда буданд, аз сабаби набудани роҳҳо ва қатъ гардидани убуру мурур бо марказу деҳот, хӯрока ва ашёи зарурияти аввалияи аҳолӣдар фаслҳои тобистону тирамоҳ бо автомашина кашонида мешуд. Деҳотиён барои зимистонгузаронӣҳатто гӯгирду собун захира мекарданд. Ҳоло бошад, Бадахшон аз он бунбастҳои таҳқиромез раҳо ёфтааст. Дигар имрӯз бародарону хоҳарони бадахшонии мо метавонанд бо автомашинаи роҳат субҳ аз маркази вилоят ҳаракат карда, шом ба пойтахти кишвар бирасанд. Ва монанди ин садҳо намунаҳоро аз пешравиҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва илму фарҳанги ин гӯшаи зебои кишвар метавон ёдовар шуд.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРахмон ба имрӯзу фардои Бадахшон хоссаву дурандешона аст ва бо меҳри бепоён ин вилоятро ҳамчун яке аз шоҳрагҳои давлатамон, «Дарвозаи тиллоии Ватан» номида, асри XXI-ро «Асри Бадахшон» унвон кардаанд. Ин суханҳо дархӯри ниятҳои поку сарнавиштсози Пешвои миллат мебошанд, ки шахси нуктасанҷро бо хаёли солим ба ояндаи дурахшону шукуфони Меҳан хоҳад бурд. Зеҳни хушбин Бадахшонро ба сони нигини Аврупо — Шветсария мебинад. Чун бунёди роҳҳои автомобилгард ба поён расиданд, он замон дур нест, ки роҳи оҳан то Хоруғ ва Мурғобу Кулма бирасад. Имрӯз Бадахшон аз Ҳукумат кӯмакхарҷ (дотатсия) мегирад, аммо замоне хоҳад расид, ки аз роҳи татбиқи Барномаҳои дурандешонаи Сарвари давлат, бо берун баровардани сарватҳои дар қаъри кӯҳҳои Бадахшон нуҳуфта, иқтидори иқтисодии давлатамонро садчанд хоҳад кард. Маҳз барои ҳамин мебояд роҳи оҳан бунёд кард. Аммо барои расидан ба ин ҳадафҳои ояндасоз ҳар яки моро мебояд дар дил ҷавҳари хештаншиносии миллӣва ватанпарвариро парварида, арзиши олии ваҳдати миллиро дарк намуд ва барои устувориву пойдории он самимона талош намуда, ба хурдтарин кӯшиши бадгуҳарони дохиливу хориҷии ҷудоиандоз, зарбаи қатъӣ зад.
Дар бораи ҳилаҳои дигари маккоронаи нерӯҳои сиёҳи ҷудоиандоз, ки паҳн кардани равияҳои дингароии ифротӣмебошад, донишмандон таҳлилҳои бомантиқ ба чоп расондаанд. Мо бо чашми худ дидем, ки сияҳкорон чун пай бурданд, ки бо созмон додани ҳизби динӣ, дар байни мардуми ноогоҳ коштани ғояҳои динии исломи ҷанговар, ба ҳадафҳои худ комёб намешаванд, даст ба силоҳи оташфишон бурда, хостанд боз ҳам ба ҷараёни давлатсозиву миллатсозии тоҷикон зарба ворид карда, дар зери парчами ислом мардумро аз эҷоду созандагиҳо боздоранд.
Имрӯз бо далелҳои шоиста исбот гардид, дини исломро бо ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣпайванд сохтан ҳамон аст, ки ба миллату давлати тоҷикон газанд овардан, пояҳои давлатдориро ноустувор гардондан.
Аз тарафи дигар ҳама лояҳои ҷомеа пурра дарк мекунанд, ки муборизаҳои қудратхоҳонаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ки хостҳои гурӯҳҳии худро аз манфиатҳои миллӣболотар медонанд, бо нокомиҳову фоҷеаи миллӣба поён мерасад.
Бадбинони ҷараёни миллатсозии тоҷикон дар гуфтугӯҳои бепояву бемояи хеш аз роҳи шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Ютуб», ба давлатдории мо санги маломат партофта, бо тамоми ҳастӣнамехоҳанд аз дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистон ёдоварӣкунанд, зеро дар он сурат номбар кардани ғалабаҳои пайдар пайи кишвармон, аз шикасти онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо гувоҳӣмедод.
Дар саросари кишвар ҳар сол даҳҳо биноҳои таълимӣ, фарҳангӣ, кӯдакистонҳо, чорбоғҳои сайругашти мардум, роҳҳову кӯчаҳои мумфарш ба истифода дода мешаванд. Мардуми заҳматкаши мо тамоми имкониятҳои зеҳнӣва иқтисодии худро барои ҳар чӣзудтар саноатикунонии кишвар ба кор мебарад, аммо бадандешони дар хориҷа пинҳон шуда, роҳҳоеро ҷустуҷӯ доранд, то ба осудагии хонадони онҳо халал ворид кунанд.
Дар поёни ин навиштор мебояд бо як боварии пурра гуфт, ки ваҳдати миллии мо бебаргашт аст. Дигар акнун ҳамдилии ҳамватанони моро намешавад бо ҳилаҳову таҳдидҳо шикаст овард. Дар ин маврид асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Ҳоло мо ҳама аз он ифтихор дорем, ки мардуми шарифи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣхотима бахшиданд, сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намуданд ва имрӯз дар фазои сулҳу суботи комил бо азму талоши содиқона Ватани маҳбуби худро ободу зебо гардонида истодаанд.
Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди мамлакат, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ бояд бо ҳисси баланди худогоҳиву ватандӯстӣ истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо, асоси суботу оромӣ ва пешрафту ободонии кишварамон муқаддас шуморад ва онро ҳифз намояд.»
Зафар МИРЗОЁН, ховаршинос, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа

Related Articles

Leave a Comment