Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ САРҲАД — ДЕВОРИ ДАВЛАТ

САРҲАД — ДЕВОРИ ДАВЛАТ

by admin
415 views
Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои Қӯшунҳои сарҳадӣ имтиҳони ҷиддӣ буд. Сарҳадбонони мо бо фашистон дар задухӯрдҳо ғолиб меомаданд.
Қӯшунҳои ҳозираи сарҳадӣ дар омодагии доимӣ баҳри нобуд сохтани душман дар сарҳад ва инчунин барои нигаҳбонии сарҳад ҳамеша омода ҳастанд. Сарҳадбонон убуркунандагони сарҳадро боздошт намуда, бо ин амалашон ҳифзи манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодии Ватанамонро таъмин менамоянд. Қӯшунҳои сарҳадӣ бо аслиҳаҳои муосир ва техникаи якумдараҷаи ҳарбӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар ихтиёри онҳо мошинҳо, ҳавопаймоҳо, чархболҳои боркаш ва ҷангӣ, воситаҳои радиомуҳандисӣ мавҷуданд. Барои хизмат дар Қӯшунҳои сарҳадӣ дониши баланди сиёсӣ, омодагии доимии ҷисмонӣ, мардонагӣ, пуртоқатӣ ва иҷрои бечунучарои амри фармондеҳон заруранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи мавқеи географӣ бо Давдати Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Чин, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ҳамсарҳад мебошанд. Аз рӯйи мавқеъ ва ҳудуди ҷойгиршавии Тоҷикистон сарҳади он ба ду қисм ҷудо мешавад.
Қисми аввали сарҳади хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марзи умумии кишварҳои ИДМ рост меояд. Ин хати марз тибқи шартномаи ин давлатҳо ба расмият дароварда шудааст. Инҳо сарҳадҳои Тоҷикистону Афғонистон (1334 км), Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқии Чин (511 км) мебошанд.
Қисми дуюм-сарҳадҳои дохилии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки мутаносибан 1363 ва 990 км масофа доранд. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мафҳуми сарҳади дохилӣ ба миён омад. Дар давраи Шӯравӣ байни ҷумҳуриҳои бародар сарҳад набуд. Минтақаҳо аз рӯйи ҳудуди маъмурӣ тақсим мешуданд.
Аввалин санаде, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти сарҳад бахшида шуда буд, Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми декабри соли 1992 оид ба таъсиси Раёсати Ҳифзи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
30-юми майи соли 1994 Фармони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Артиши сарҳадии Кумитаи бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Мувофиқи ин фармон, ҳар сол 28-уми май чун Рӯзи иди касбии сарҳадбонони тоҷик таҷлил карда мешавад.
Кумитаи бехатарии сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда соли 1994 ба Шӯрои Фармондеҳони Сарҳадбонҳои Давлатҳои Муштаракулманофеъ қабул карда шуд.
Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми апрели соли 1995, дар ҳайати собиқ Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати лашкарони сарҳадӣ таъсис дода шуд.
Ҳоло қӯшунҳои сарҳадӣ дорои таҷрибаи амаливу методии ташкили ҳифзи сарҳад, омодагии ҳарбию сафарбарӣ, кори тарбиявӣ, пешбурди хоҷагии ёрирасон, нигаҳдории техника, нақлиёт ва аслиҳа буда, бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ корҳои амалиётиву ҷустуҷӯйӣ ва тафтишоти пешакиро доир ба корҳои халалдор намудани сарҳади давлатӣ ба анҷом мерасонанд.
Қӯшунҳои сарҳадӣ тартиби гузаштани сарҳади давлатиро ба танзим медароранд, гузаштани ашхос, воситаҳои нақлиёт, бор ва ашёи дигарро аз тариқи нуқтаҳои гузаргоҳии мавҷуда амалӣ менамоянд. Соҳибихтиёрии давлатӣ ва истиқлолро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 ба даст овард, ба назар гирифта, дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ҳуқуқи дахлнопазирӣ, зарурати таъмини амнияти Тоҷикистон дар давраи гузариш то анҷом ёфтани ҷараёни ташаккулёбии сипоҳиёни сарҳадии худӣ, Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои мустақил (ИДМ) масъалаҳои ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва Чинро дар ҳудуди худ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дода буданд.
Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия дар ин давра (21-уми июли соли 1992 дар асоси Созишнома) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистонро бо Афғонистону Чин таъмин намуданд. Аз моҳи майи соли 2005 ҳифзи сарҳад пурра ба ихтиёри сарҳадбонони Тоҷикистон гузашт.
Сипоҳиёни сарҳадии Федератсияи Русия ҳаракату амали хешро оид ба ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардори давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамуданд, қонунгузории онро эҳтиром мегузоштанд ва ба корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат намекарданд.
Бе Шумо хори ғарибиҳо будам,
Бо Шумо соҳиби марзу бум шудам.
Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои сангину нангинро аз сар гузаронидааст. Азбаски ногаҳон барои бисёр ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна давлати Шӯравӣ пош хӯрд, ва бисёр минтақаҳои ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ тақсимоти дурусти сарҳадҳо, ки маълум набуд ба нуқсону нофаҳмиҳо байни сарҳадчиёну давлатҳо пайдо шуда истодааст.
Масалан, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дарёи Панҷ мегузарад, гарчанде баъзе қонуншиканиҳо дар хати сарҳади ду давлат мушоҳида шавад ҳам, лек дарё ду давлатро баҳри тақсими ҳудудӣ муайян кардааст мушкилии зиёдро ба миён намеорад.
Дар айни замон нофаҳмиҳои сарҳадчиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ташвишовар аст, ки хати дурусти сарҳад пурра маълум нест. Дар ин ҷо мо касеро гунаҳкор карданӣ нестем, чунки бисёри аз мардуми ҳам тоҷик ва ҳам қирғиз солҳои Шӯравӣ дар ҳудуди марзу хоки Тоҷикистон зиндагӣ карда дар таллу теппаҳои Тоҷикистон молчарронӣ карда зиндагиашонро пеш мебурданд.
Қисме аз мардуми қирғиз дар ҳудуди заминҳои сарҳади Тоҷикистон хона сохта то имрӯз зиндагӣ доранд, Сарвари давлати мо аз Тоҷикистони дар оташу об аланга дошта, шабу рӯз заҳмат кашида барои миллати тоҷик хона сохт. Ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кард, бо таври дипломатия мухолифини тоҷикро ба сари дастархон даъват намуда оши оштӣ дод.
Ман яке аз сарбозони даври аввали истиқлолият ҳастам суханрониҳои Ҷаноби Олӣ хуб ба хотирам мондааст. Аз рӯзи аввал таъкид мекард, ки Тоҷикистон барои Шумо ва мо тақсимнашаванда аст, биёед ҳама барои ободии ин диёри Худододу биҳиштӣ аз як гиребон сар бароварда обод кунем, таърихи чандҳазорсолаи худро барбод надиҳем, чунки солҳо мегузарад насли ояндаи мову Шуморо намебахшанд!
Имрӯз Ҷаноби Олӣ тавонист барои Мову Шумо хонаи миллати тоҷикро сохта болопӯш карда таъмири дохилу берунро пурра ба итмом расонд. Акнун аз Мову Шумо талаб карда мешавад, ки ин хонаро яъне ҷумҳуриамонро нигоҳубин созем ва гӯшаҳое, ки обод нестанд худамон оҳиста-оҳиста обод сохта ба насли наврас аз худ ин ҷумҳурӣ, ин хоки муқаддас, ин обу ҳавои нотакрорро боқӣ гузорем.
Имрӯз, ки нофаҳмиҳо дар хати сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ва хоки Тоҷикистон рафта истодааст ман пурра боварӣ дорам, ки чун сарвари давлати тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон, ки мактаби бузурги сохти давлатдориро аз худ кардааст, ва аз давлате, ки дар ӯ на қонун буду на роҳбар, на тенҷӣ буду на амонӣ, на кафолат буду на боварӣ, давлате, сохт ки ҷаҳон ӯро пазируфт ва миллати тоҷикро дар ҷаҳон бо фарҳангаш бо маданияташ, бо замину ҳавояш, бо ҳунармандону олимонаш машҳур кард.
Имрӯз ман боварии пурра дорам, ки ин сарвари заҳматкашида, ин фарзанди бо номусу нанги миллати мо метавонад аз ӯҳдаи таъмини оромӣ пурра барояд.
Нанг аст, ки номус бибарад тир бар ҳадаф,
Ҷое, ки мард ҳаст зи номард назанед ҳарф.
Дар ҳоле, ки ин мисраъҳо тавлид шуданд, заҳматҳои шабонарӯзии ин марди майдони сиёсатро дида ман шахсан аҳсан мехондам. Ҳама вақт ҳаракат мекарданд, ки ҳарчи зудтар оташи ҷанг хомӯш шавад, набошад ягон кор дар ҷумҳурӣ ба анҷом намерасад, чунки ҷанг харобӣ, ғаму андӯҳ, нокомӣ меорад.
Ҷанг барад ҷону тани одамон,
Ҷанг биорад хароби ҳар замон.
Имрӯз миллати кӯҳанбунёди мо соҳиби марзу бум, соҳиби истиқлолият ҳастанд, мо соҳибдавлатем. Мо дар назди авроҳи гузаштагонамон бо ёриву заҳматҳои сарвари давлат тавонистем арвоҳи онҳоро шод созем.
Баҳри фардои дурахшони Ватан,
Ҷон супорам лек намедиҳам Ватан.
Мо имрӯзҳо бо чор давлати ҳамсоя Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин сарҳадҳои тӯлонӣ дорем. Сарвари давлати тоҷикон ҳеҷ гоҳ намехоҳад, ки бо ягон ҳамсоя муносибаташ бад бошад чунон як шахс бахшандаву меҳрубон аст, ки гуноҳҳои ҳазоронро бахшидаанд, чандин маротиб дар вақтҳои иди давлатию миллӣ ҳазорҳо маҳбусҳоро авф кардаанд ин нишон медиҳад, ки чунин роҳбарро Худо низ дӯст медорад, чунки авфро Худо дӯст медорад.
Имрӯзҳо байни намояндагони давлати тоҷикон ва қирғизҳо рафти кори хати сарҳад маслиҳату вохӯриҳо гузашта истодааст, ки нофаҳмиҳои сарҳадчиёни тоҷику қирғиз иншоалоҳ ҳаллу фасли худро меёбад. Чунин нофаҳмиҳо на фақат байни мову сарҳадчиёни қирғиз вуҷуд дорад, байни бисёр давлатҳо мавҷуд аст, ҳатто дар давлатҳои абарқудрат.
Дар Аврупо байни хати сарҳадро аз давлати ҳамсоя барои ҷудо намудан симтурҳои махсус, ё ин , ки девори мустаҳками баланд сохта истодаанд, ки на фақат одам гузашта натавонад балки роҳи ҳайвонҳои ваҳширо баста мегардонанд. Ин аз он огоҳӣ медиҳад, ки дар ҳама солу замон сарҳад бояд мустаҳкам бошад ва назорат дар қаламрави сарҳад пурзӯр гардонида шавад.
Барои ин корҳо давлатҳои абарқудрат миллиардҳо сарф месозанд, ки хати сарҳадашон устувору побарҷо бошад.
Аз муносибат ва дӯстии давлатҳо низ дар хати сарҳад вобастагии зиёд ҳаст, ки дӯстии хуб қонуншиканиро дар сарҳад кам мегардонад.
Вақтҳое, буд, ки тоҷикони муқимии Тоҷикистон дар замони бобоии худ, дар хонаи худ, дар Ватани худ озодона зиндагӣ карда наметавонист, бо шарофату заҳматҳои Пешвои Миллат Сарвари давлати тоҷикон Президенти кишварамон ин нуқсонҳо бартараф шуд, ва мардуми аз вартаи тарсу ваҳм озод шудаанд.
Аз гузашта нисбати чунин рафторҳо боз ду мисраъ шеър рӯи қоғаз меорам, ки бо дару ғами тоҷиконе, ки худро баъди тарсу ваҳм озод ҳис кардаанд чунин мегӯям:
Бош болои сарам эй сарварам,
Бе Шумо ман дар Ватан бе хонаву ҳам бедарам.
Ба ҳамагон хуб маълум аст, ки давлати аз ҳама ҷиҳат пасту қашоқ ҳудуди муайяни худро дорад, яъне сарҳадаш муайян аст, ва ё агар муайян набошад солҳои тӯлонӣ дар байни ду давлат муноқишаҳо мушоҳида карда мешавад, то нуқтаи кулминатсиониро наёбанд нофаҳмиҳо давом меёбад.
Аз ин лиҳоз, боз гуфтаҳои Ҷаноби олиро хотиррасон месозем, ки Ҷавонони мо ҳама вақт ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд, марзу буми Ватани худро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд. Ин аст ватандӯстӣ, миллатпарастӣ ҳифзи хоку обу ҳавои Ватан, вазифаи ҳар як шаҳрванди бономусу ори Ватан ҳисоб мешавад.
Посбонии Ватанро нест бовар бар дигар,
З-ин сабаб аз марзу буми ин Ватан дорем хабар.
Тоҷикистон-Ватанам
Хасу хоки туро бар дида бимолам Ватанам,
Кӯҳу дашти ту гулистон аст бароям Ватанам.
Яктои ту дар ҷаҳон ҳам дори боми ҷаҳон,
Ҳам Зарафшон дориву ҳам мулки Хатлонат ба ҷон,
Тоҷикистон Ватанам, Тоҷикистон Ватанам.
Рашту Суғди ту баробар аст ба ҷонам Ватанам,
Сино дорем, Рӯдакӣ Ҳофизу, Бедил, Саъдӣ,
Пешвои миллатамро ту нигаҳ дори Худо.
Душманони миллатамро хор гардони Худо,
Тоҷикистон Ватанам, Тоҷикистон Ватанам.
Ман ба аҳли ҷавонон муроҷиат карда хоҳиш менамоям, ки миллати «курд» ба 70 млн мерасад, аммо азбаски бе Ватананд ба кадом марзе, ки қадам мегузоранд ранҷу азоби зиёд мебинанд. Агар «курд»-ҳо Ватан медоштанд, марзу бум медоштанд имрӯз ин қадар хору зориро намедиданд.
Биёед ҷавонони бонангу номуси миллати куҳанбунёди тоҷик Ватану ватандӯстиро аз гузаштагонамон боз як бори дигар омӯзему ҷавонони ватандӯсту миллатдӯст шуда хизмати Модар-Ватанро дар ҷойи аввал гузошта Ватанро чун Модар дониста аз дили соф хизмат намуда, баҳри шукуфоии Ватан сарҷамъона меҳнат кунем.
Биёед фотеҳа аз нав шинем эҷод кунем,
Саҷда бар сӯи Худову Ватан обод кунем.
Марди ҳақиқӣ дар зиндагӣ барои Ватану миллат ҳатман коре анҷом диҳад, ки ҳисси Ватандӯстиву миллатдӯстӣ дар ӯ эҳсос карда шавад.
Азимов РАҶАБАЛӢ, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment