Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР- МАШВАРТ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР- МАШВАРТ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
446 views
Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии олимон, роҳбарон ва иҷрокунандагони лоиҳаҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ оиди тартиби бақайдгирии давлатӣ, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ, имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот семинар -машварат дар мавзуи “Тартиби таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ, илмӣ-техники ва инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар семинар ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент, Рафиев Сафархон, муовини сардори Раёсати иттилооти илмӣ-техникӣ ва патентии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қиёмиддин Миралиев, , сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Самариддинова Зайнаб ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.
Дар семинар Миралиев Қиёмиддин дар мавзуи “Тартиби таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ, илмӣ-техники ва инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.
Семинар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорон ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment