Home ХАБАР ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

by admin
183 views
Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Ҳомиёни Ватан” бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, директори Телевизиони Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ, сархатиби масҷиди марказии шаҳри Кӯлоб ба номи Имоми Аъзам Шарифзода Ҳайдар, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва дигар меҳмонону ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Зимни сухани табрикии хеш ректори донишгоҳ қайд карданд, ки “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлоли давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳимми он ба ҳисоб рафта, дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ҷиҳати барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми арзишманд гузошт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити бисёр душвори солҳои 90-ум бо итминони қавӣ ба азму иродаи мардуми кишвар ба бунёди Артиши миллӣ шурӯъ намуд ва 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради расмии низомии афсарону сарбозони содиқи Ватан доир шуда, манбаи илҳоми ҷавонон ва шуълаи умеди мардум ба фардои дурахшони Ватан гардид.”
Сипас, директори Телевизиони Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ ва сархатиби масҷиди марказии шаҳри Кӯлоб ба номи Имоми Аъзам Шарифзода Ҳайдар суханронӣ намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ кормандони Хонаи маданияти донишгоҳ бо роҳбарии Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Холов барномаи фарҳангӣ-фароғатиро баҳри болидарӯҳии ҳозирин пешниҳод намуданд.

Related Articles

Leave a Comment