Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ДУ ҲОДИСАИ МАРЗИ — ДУ БАРДОШТ ВА ДУ ХИЁНАТ!

ДУ ҲОДИСАИ МАРЗИ — ДУ БАРДОШТ ВА ДУ ХИЁНАТ!

by admin
202 views

Ҳодисаҳо ва баҳсҳои сарҳади дар аксарият кишварҳои олам вуҷуд дорад. Ҳатто дар кишварҳои қудратманд низ мавҷуданд, ки ба даргириҳои сарҳади гирифтор ҳастанд.

Ҳамин аст, ки истилоҳҳое, чун «экспансия» дар геополитика ё худ сиёсати ҷуғрофиёи ба вуҷуд омадааст. Дар тули таърих лашкаркашиҳову забткориҳо бо сабабҳои гуногун сурат гирифта, мақсади ягонаи онҳо ишғоли сарзаминҳо ва васеъ намудани ҳудудҳои кишварҳои худ буданд.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз азал миллати сулҳдӯсту сулҳҷӯ ва сулҳхуй буду ҳаст ва ба сари ҳеҷ миллате ҳуҷум накардааст ва ба забткориҳои бераҳмона низ даст назадааст. Лекин ҳар касе, ҳар қавме, ҳар гурӯҳе ва ҳар империяе, ки ба сарзаминҳои тоҷикон ҳуҷум кардааст тоҷикони ҷасур онҳоро рондаанд ва аз заминҳои худ дифоъ кардаанд..

Дар инҷо банда мехоҳам аз тафсири умуми худдори намоям ва ба асли мавзӯъ диққати хонандаро ҷалб созам.

ДУ ҲОДИСА

Соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди ду ҳодисаи сарҳади (марзӣ) гардид. Яке ҳодисаҳои санаи 29-30 апрели 2021 дар минтақаҳои марзии Чоркӯҳ ва Ворухи шахри Исфара, ҳамсарҳад бо минтақаҳои Осиёи Ҷумҳурии Қирғизистон ва дуюм ин ҳодисаҳои марзӣ бо ҳамсоякишвари Афғонистон ва забти ҳокимияти Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи экстремистию террористии Толибон мебошад.

Ғасби ҳокимияти Афғонистон аз ҷониби Толибон натанҳо Тоҷикистон балкӣ кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро ба ташвиш андохтааст, зеро Толибон як гурӯҳи тундрав, ваҳшӣ ва қотилу эҳсосотие ҳастанд, ки ба ҳеҷ гуна арзишҳои инсонӣ эҳтиром қоил нестанд. На ба занон раҳм доранду на ба кӯдакон, на ба пирон раҳм доранду на ба барҷомондагон.

Ин ду ҳодисаи сарҳади имкон дод, ки Ватан-Тоҷикистон бифаҳмад, ки фарзандҳояш киҳоянд, дӯстонаш киҳоянду душманонаш киҳо.

ДУ БАРДОШТ

Банда ба ҳайси як шаҳрванд ва истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз аввал дар сафи пеши набардҳои истихбороти ва ҷангҳои иттилооти оид ба ҳарду ҳодисаи сарҳади қарор дорам. Аввал санаи 29-30 апрел 2021 баъди задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҷангҳои иттилооти бештару шадидтар шурӯъ шуданд.

Дуюм санаи 16 августи 2021 вақте Толибон Кобул ва дигар минтақаҳои Афғонистон то наздикии сарҳадҳои Тоҷикистонро ба чуз Панҷшер дар ихтиёри худ дароварданд. Пасон ба ҷанги иттилооти шурӯъ карданд ва намояндаҳояшон низ дар мисоли Гулбуддини Ҳикматёру дигар як-як «ҳушдор» ҳам медиҳанд ба тоҷикону ба Тоҷикистон.

Ҷои таассуф он аст, ки дар ҳарду ҳодисаи сарҳади гурӯҳҳои ба ном мухолифи Ҳукумати конститсионии Тоҷикистон мавқеашонро тағйир дода, дар паҳлуи душман қарор гирифтанду муқобили Ватан саф оростанд.

Бардошти аввал дар ҳоле буд, ки тамоми миллат новобаста аз мавқеъ ва мансабу масъулият муттаҳид шуда, барои ҳифзи сарҳад ва марзу буми кишвар дар шаҳри Исфара ҷамъ омаданд. Ҳатто 300-400 нафар қумандонҳои собиқ фронти халқи, ҷавонони ғаюри шаҳру ноҳияҳо ҳама сарҷамъ шуданд ва ихтиёран ба сарҳад барои ҳимояи марз рафтанд. Инчунин роҳбарону аъзоёни ҳизбҳои сиёсӣ, собиқ вазирону раисон дар мисоли Сайидамир Зуҳуров собиқ раиси КДАМ ҶТ, имомхатибону руҳониёни маъруф дар ҳамовози бо ҳукумати мамлакат муттаҳиду сарҷамъ шуда, ба ҳимояи марзи Ворух, Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара бархостанд. Миллат ҳама муттаҳид буданро дар ин ҳодиса мушоҳида намуд.

Бардошти дуюм аз ҳодисаҳои сарҳади бо Афғонистон аст. Вақте нерӯҳои Амрико аз ҳамсоякишвари мо Афғонистон, ки 20 сол боз мубориза мебурданд, берун баромаданд. Майдон барои Толибони террорист холӣ гашт ва якбора ба ғасби вулусволиҳо шурӯъ карданд. Чун нақшаи пеш тарроҳишуда буд онҳо дар муддати кӯтоҳ аксарият минтақаҳои Афғонистонро дар тобеияти худ дароварданд. Минтақаҳои ишғолнамудаи Толибон то минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон тӯл кашид ва барои Тоҷикистон хавфпазир буд. Аз ин рӯ миллат боз дубора муттаҳиду сарҷамъ шуда, бо ташаббуси роҳбарияти олии мамлакат нерӯҳои низомии Тоҷикистон бо ҳама нерӯи худ, техникаҳои ҳарбӣ, танку беттеэрҳои ҷангӣ ва дигар лавозимоти муқовиматкунандаи низомӣ ҳам дар минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияи Панҷ ва ҳам дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ машқҳои низомию тактикӣ гузарониданд ва дубора муттаҳиду сарҷамъ будани миллатро нишон доданду исбот карданд. Ин ду бардошт аз ду ҳодиса буд.

ДУ ХИЁНАТ

Хиёнати аввал, дар мавриди ҳодисаи якум мебошад. Ин хиёнат аз ҷониби гурӯҳҳое бо номҳои ҷаълӣ масалан «Паймони миллӣ», «Ислоҳ», «Гурӯҳи 24″… ва дигар мухолифи ҳукумат (аниқтараш экстремистон), ки тоҷикони худамон ҳастанд сурат гирифт.

Дар ҳодисаҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ин гурӯҳчаҳо албатта нерӯи ҷисмию моддие надоранд, вале тарафдории маънавии худро аз Қирғизистон нишон доданд. Ҳатто роҳбарашон Муҳиддин Кабирӣ ҷонибдорӣ ва завқзадагии худро аз қирғизон тариқи наворҳо изҳор дошт. (Навору сӯҳбатҳо вуҷуд доранд ва ин далели раднопазир аст!) Ин хиёнати аввали онҳост вобаста ба ҳодисаҳои сарҳадии ахир.

Хиёнати дуввум, тақрибан мисли аввал аст. Ин дафъа вақте гурӯҳи Толибон* Афғонистонро ғасб карданд аъзои наҳзат ва гурӯҳҳои мухолиф завқзада шуда, ба пуштибони аз толиб шурӯъ карда гуфтору суханҳои пучу носанҷидаеро пахшу нашр карданд. Аҷобати мавқеъгирии дур аз мантиқи гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати конститутсиони дар он аст, ки онҳо як гурӯҳи тундрав, ифротӣ, террорист, қотил, ки ҳаррӯза ҳазорҳо занону кӯдакони маъсумро мекушанд, ҳаққи мардумро поймол мекунанд, ба ҳеҷ арзишҳои инсони эҳтиром қоил нестанд, ин гурӯҳро аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар хонданд ва худро шармандатар аз он карданд, ки буданд.

Магар мешавад қиёс кард!?? Ин куҷову он куҷо!??

Аслан қобили муқоиса нест! Тоҷикистон -кишвари ободу озод, аз ҳама муҳимтарин неъмат амният вуҷуд дорад. Занону мардон таҳсил мекунанд, кор мекунанд ва осуда зиндагӣ мекунанд.

Ин хиёнати дуввуми наҳзатиён ва дигар гурӯҳҳои мухолиф дар масоили сарҳади буд.

Бояд қайд намуд, ки дере нагузашта мухолифин аз ин мавқеъгирии нодурусти худ пушаймон шуданд. Зеро диданд, ки мардум ҳама бар як андеша, бар як назар, бар як иттиҳод ҳастанд ва ин мухолифин ҳастанд дар роҳи хато. (Навору матлабҳо оиди ҳимояи наҳзатиён аз Толибон* вуҷуд дорад ва ин ҳам далели раднопазир аст)..

Ҳоло шояд ҳар касе андешае дошта бошад, вале андешаи банда дар ин маврид ҳамин аст, ки гуфтам ва мавқеъгирии нодурустро дар ин мавридҳои ҳассос барои Тоҷикистон ва минтақа ХИЁНАТ БА ВАТАН ВА МИЛЛАТ мешуморам.

Хиёнат кабира ҳаст ва сағира, албатта, ки ин хиёнати кабира — яъне хиёнати бузург мебошад.

Тавре таҳлили сиёсатшиносон ва коршиносон нишон додаву исбот намудааст, гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ (ПМТ — Гр.24, Ҳаракати ислоҳот, Ислоҳ, Анҷумани ба ном озодандешон ва амсоли инҳо) тақрибан дар ҳеҷ давраи муборизаи худ бурди сиёси надоштаанд, баръакс дар ҳар лаҳзаи ҳассос худро беобрутар сохтаанд. Ин бор бо содир кардани ин ду хиёнат бохти бузурги дигаре ба онҳо ворид шуд. Хелеҳо ҳам аслу воқеияту мақсаду мароми онҳоро шинохтанд ва фаҳмиданд.

ХУЛОСАИ КӮТОҲ

Аз ин бармеояд, ки «Ислом»-и наҳзатиҳо ва дигар мухолифин «Ислом»-и Толибони аст. Ислом ва дин гуфтани эшон танҳо барои қудрат аст на барои Худо! Шояд хонандаи арҷманд гӯяд, ки СИЁСАТ ТАҒЙИРЁБАНДА АСТ, вале ба хонандаи арҷманд мегӯям, ки ГУРГЗОДА ГУРГ ШАВАД, ГАРЧИ БО ОДАМИ БУЗУРГ ШАВАД. Абарқудратон хостанд Толибон* Афғонистонро бигиранд, шояд тағйир карда бошанд аз 20 соли пеш. Вале на, баръакс беимонтару бедоништару манкурттар шудаанд, аллакай кишварҳои завқзада ба мисли Россия, Эрон ва дигар нишонаҳои пушаймонии худро изҳор доранд. Наҳзат низ бо ин мавқеъгириҳои нодуруст ва хиёнатҳояш ҳеҷгоҳ тағйир кардани нест!

Мирзошариф Абдусаломов

таҳлилгар

Related Articles

Leave a Comment