Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ 50 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОРӢ МУБОРАК, УСТОД ҒАФФОРОВ САТОР!

50 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОРӢ МУБОРАК, УСТОД ҒАФФОРОВ САТОР!

by admin
267 views

Шахсиятҳое, ки тамоми ҳастии хешро ба кори таълиму тарбия бахшидаанд, насли наврасро барои хизмати мардум ҳидоят намудан, дар ҷодаи корҳои илмию тадқиқотӣ монда нашуда, корҳои зиёдеро ба анҷом расондан ва дар рушди илми тоҷик ҳиссагузор шудан, дар шароити имрӯзаи мо кам нестанд, аммо мо шогирдон хостем дар бораи номзади илмҳои физика-математика, дотсент, Аълочии мактабҳои СССР, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи чандин ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффоров Сатор, ки имсол ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмиашон 50 сол пур шуд, қатрае аз баҳр сухан гӯем ва ӯро ба ин муносибат табрик намуда, ба ӯ қувваю саломатии бардавом дар кори пешгирифтаашон таманно намоем.

Устод соли 1949 аз оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби хаштсолаи рақами 2 (ҳозира мактаби рақами 42-и шаҳри Кӯлоб) ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуда, соли 1967 онро бо дипломи аъло хатм намуда, бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба факултети физика ва математика, шӯъбаи физика дохил шуд. Ин факултетро низ бо дипломи аъло соли 1971 хатм намуда, бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи физикаи умумии донишкада ба ҳайси муаллим ба кор мононда шуд. Дар давоми соли аввали корӣ имтиҳони номзадиро аз фанни философия супорида, равияи илмии худро муайян намуд ва худи ҳамин сол ӯро ба тариқи озмун ба ҳайси муаллими калон гузарониданд. Соли 1972 ба курси баландбардории ихтисос равона карда шуд ва соли 1977 ба ҳайси коромӯз-тадқиқотчӣ ба Донищкадаи техникаи электронии шаҳри Москва равон карда шуд. Мавсуф давоми панҷ сол дар ин Донишкадаи бонуфуз таҳсил карда, курси аспирантураро ба охир расонд ва моҳи декабри соли 1982 рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, ба донишкадаи (ҳозира донишгоҳ) худ баргашт. Инак 50 сол боз дар ин донишгоҳ фаъолияти илмӣ-омӯзгориашро давом дода истодааст.

Дар давоми фаъолияти худ дар бисёр симпозиумҳо, конференсияҳои умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ, донишгоҳию донишкадавӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар бо маърӯзаҳо баромадҳо намудааст. Зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ-методӣ ва оммавӣ нашр намудааст, ки мақолаҳои давраи аввали татқиқотиаш дар маҷаллаҳои умумииттифоқӣ, аз ҷумла, қариб 80 дарсади ин мақолаҳо дар саҳифаҳои маҷаллаҳои илмии ИҶШС, серияҳои «Физикаи ҳароратҳои баланд», «Электроника», «Электронная техника», серияи «Материалы», «Физика ва техникаи нимноқилҳо», «Неорганические материалы» ва ғайра рӯйи чоп омадаанд. Монанди: «Исследование фазовых равновесий в системах Cd-Tl-Cv1 (CV1-Se,Te)», Москва, Изд. АН СССР, журнал «Неорганич. Материалы», т. 17, №8,1981. «Эффект Холла в расплавах  и », «Физика и техника полупроводников», т.16, № 7, 1982. «Исследование эффекта Холла в расплавах халькогенидов серебра», Ленинград, «Физика и техника полупроводников», т. 16, № 5, 1982. «Эффект Холла в расплавах GeTe, SnTe и PbTe», Ленинград, «Физика и техника полупроводников», т. 16, № 7, 1982. «Эффект Холла, электропроводность и термо-эдс в расплавах системы », Москва, «Электронная техника», серия 6., «Материалы», № 11, 1982. «Исследование эффекта Холла антимонида галлия вблизи температуры плавления в жидком состояние», Ленинград, «Физика и техника полупроводников», т. 16, № 11, 1982. «Эффект Холла в расплавах », Москва, «Электронная техника», серия 6, «Материалы» , № 11, 1982. «Электропроводность и коэффициент Холла в жидкомGaSb», Ленинград, «Физика и техника полупроводников», ,№12, 1983. «Электропроводность и коэффициент Холла расплавов теллуров олова и свинца», Ленинград, «Физика и техника полупроводников», т. 18, № 11, 1984. «Эффект Холла, электропроводность и термо-эдс в расплавах Ge-Te», Москва, «Электронная техника», серия 6, «Материалы», РТ№ 50, 1986. «Электропроводность и эффект Холла в расплавах ». «Электронная техника», серия 6, «Материалы», № 3, 1987 ва дигарон.

Баъди соҳибистиқлол шудани давлати Тоҷикистон мақолаҳои илмӣ, методӣ, дастурҳо ва китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ дар маҷаллаҳои ҷумҳурӣ нашр шуданд ва шуда истодаанд. Аз ҷумла, Эффекти Холл ва методҳои ченкунии он. Кӯлоб-Сада-1989, 1,5 ҷ.ч., Нишондодҳои методӣ аз физикаи умумӣ барои донишҷӯёни ғоибхон, қисми 1-2, Кӯлоб, Сада- 1990, 3,4 ҷ.ч., Дар хизмати инсон, (Ба ёрии лекторон ва мутахассисон), Кӯлоб, Сада-1990,1,9 ҷ.ч.,  Физикаи молекулавӣ, (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), Душанбе–2006, 260 с., Асосҳои термодинамика ва физикаи молекулавӣ, (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), Душанбе-2008, 272 с., Истилоҳоти мухтасари физика ва технологияи нимноқилҳо, Кӯлоб, 2010, 65 с., Курси физикаи умумӣ (электрик ва магнетизм), (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), Душанбе, 2011, 336 с., Физикаи нимноқилҳо ва диэлектрикҳо, 136 c., Физика, химия ва технологияҳои ҷисмҳои сахт, (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), Душанбе -2015, 379 с., Муқаддимаи ихтисос (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), Душанбе-2016, 177 с., Электроникаи нимноқилӣ, (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), К.- «Сада»-2016,183 с., Маҷмӯи масъалаҳо аз физика, (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), Душанбе-2018, 516 с., Физика ва асосҳои биофизика, (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), Душанбе-2018, 415 с., Нишондодҳои методӣ оид ба иҷроиши корҳои лабораторӣ аз фанни физикаи умумӣ (физ. Электрик ва магнетизм), Д — 2021, 110 с., «Электроника», Дастури омӯзишӣ –таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ., Д-2021, 312 с.

С. Ғаффоров баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргашт ва дар вазифаҳои гуногун: мудири кафедраи физикаи умумӣ, МТФ ва ТМ, физикаи назариявӣ, декани факултаи физика, сардори шӯъбаи таълим ва ҳоло дар вазифаи дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ кору фаъолият дорад. Дар баробари ин вазифаҳо ӯ вазифаҳои ҷамъиятии раиси иттифоқи касабаи факултет, котиби ҳизби коммунисти факултет, раиси ташкилотҳои ҷамъиятии донишҷӯён, ҷонишини декан, аъзои ҷамъиятии назорати халқии шаҳри Кӯлоб фаъолият кардааст.

Солҳои 1996-1997 дар лоиҳаи «Рушди иқтисодии шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб», соли 2002-2003 дар лоиҳаи «Рушди иқтисодии минтақаи Кӯлоб», аз соли 1982 аъзои масъули лоиҳаи «Тадқиқ ва ҷустуҷӯи материалҳои баландсамараноки нимноқилӣ», зери роҳбарии академик С. К. Каримов кору фаъолият кардааст. Шогирдон якҷоя шуда, мактаби нимноқилҳоро бо роҳбарии академик С.К.Каримов ташкил карда тавонистанд, ки дар собиқ Иттифоқи советӣ ва хориҷи кишвар маълуму машҳур шаванд. Шогирдоне, ки дар тарбияи онҳо устод Ғафоров Сатор ҳиссаи худро гузоштааст ва онҳо доимо розигӣ ва миннатдории худро изҳор мекунанд: Курбатов В.А.-профессор, Бобоев Х.Б. –д.и.т., профессор, Зуҳуров Бек Сабурович-дотсент, н.и.п., Нуров Қурбоналӣ-дотсент, номзади илмҳои химия, Қурбонов Ҷ.-н.и.п., дотсент, Хумбиев Ф.-н.и.п., дотсент, Собиров Ҷ.-д.и.ф-м., профессор, Муҳаммад Ғоиб-шоири халқии Тоҷикистон ва бисёр дигарон, ки дар соҳаҳои гуногуни роҳбарӣ ва хоҷагӣ дар Тоҷикистон ва ФР кору фаъолият доранд.

Ба аспирантон, унвонҷӯён, коромӯзон пайваста кор ва роҳбарӣ менамояд, аз ҷумла Баротов Н., Шарипов А., Акрамова Р., Гулматов У. Парвинаи Усмон, Қаландарова Манзура ва дигарон.

Умар ГУЛМАТОВ, муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ

Хатича АЛАМОВА, мудири лабораторияи факултети физика ва математика

Related Articles

Leave a Comment