Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЭҲТИРОМИ ПАДАРУ МОДАР

ЭҲТИРОМИ ПАДАРУ МОДАР

by admin
26390 views

         Падару модар дарахти сабзи низоми ҳар як халқ мебошад, ки фарзандон меваи шод

оби он ба ҳисоб мераванд.

Волидайн замини пурбаракате ҳаст, ки бо маҳди пурмеҳрашон метавонанд насли наврасро барои рушду шукуфоии ояндаи миллат ба воя расонанд.

Дар китоби муқаддаси Қуръон чандин маротиба аз эҳсон ва некӣ ба падару модар сухан ба миён омадааст ва аҳамияти он то ҷое мебошад, ки баъд аз тавҳид ва парастиши Парвардигор некӣ ба падару модар аз муҳимтарин супоришҳои Худованд аст. Шукргузорӣ аз падару модар дар канори шукргузорӣ аз Худованд ёд аст.

Эҳтироми падару модар дар вуҷуди тамоми одамон нуҳуфтааст. Аз ин рӯ, ҳар фарзанд ӯҳдадор аст, то қарзи фарзандии худро ба ҷо ораду дар пайи эҳтироми падар ва модари худ бошад. Фарзанд хоҳ писар бошад, хоҳ духтар бояд дилсӯзи падар ва модари худ бошад. Албатта, дуруст аст, ки ҳар падару модар дар гардани мо ҳаққу ҳуқуқе доранд. Барои ҳамин, ҳар як фарзанд бояд падару модарашро ҳурмат кунад ва дар вақти пирӣ асои дасти онҳо шавад.

Баҳриддин КАРИМОВ, донишҷӯи соли 3-юми

факултети молиявию иқтисодӣ

Related Articles

Leave a Comment