Ду ҳафта пеш китоби тозаэҷоди устод Зафар Мирзоён зери унвони «Бозёфтҳо аз «Шоҳнома» ба чоп расид.
Устод Зафар Мирзоёнро ҳамчун шоҳномашинос ва алоқамандони саргузашти дурри тоҷикон ва эронитаборон ба хубӣ мешиносанд. Ин китоби ҳаҷман хурд, вале пур аз дарёфтҳои тозаи пурмаънӣ бештар ба сӯйи наврасону ҷавонон нигаронида шудааст ва чуноне худашон мегӯянд «.. китоб барои ба хештаншиносӣ расидани ҷавонон нигаронида шудааст».
Дар ҳақиқат, китоб бо расмҳои гӯё ороиш ёфта, мундариҷааш бо як ҳунармандии вижа таълиф ёфтааст. Чунончи, сараввал савол ба миён гузошта шудааст, ки «Одамон нахуст аспҳоро дар куҷо ром ва саворӣ кардаанд?» Дар посух оварда шудааст, ки «Дар сарзамини Вароруд (Осиёи Марказӣ – зистгоҳи тоҷикон), ки сарсабзу обшорон мебошад, ром ва саворӣ кардаанд… Азбаски зиндагии ниёкони мо бо асп алоқаи зиёд дошт, одамонро бо аспҳо ҳамном мекарданд. Ба монанди Зарасп, яъне дорандаи аспи заррин, Гаршосб – фарбеҳкунандаи асби лоғар, Луҳросб, Гуштосб – парварандаи асп, Сиёваш – дорандаи аспи сиёҳ ва ғайра…».
Аз ҳама ҷолиб он аст, ки муаллиф бо маҳорати забондонӣ тавонистааст, маънии достони калонро дар 50-60 калима бо забони содаи барои кӯдакон фаҳмо бозгӯ намояд.
Дар муқоваи пушти китоб навишта шудааст: Китоб ройгон дастрас карда мешавад.