Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ НАҚШ ВА ВАЗИФАҲОИ РАВОНШИНОС ДАР МАКТАБҲОИ МИЁНА

НАҚШ ВА ВАЗИФАҲОИ РАВОНШИНОС ДАР МАКТАБҲОИ МИЁНА

by admin
2712 views

     Фаъолияти равоншинос дар муассисаҳои таълимӣ зарур ва муҳим аст, зеро тағйироти куллие, ки дар давраҳои буҳрони синнусолӣ ва ҷомеаи кунунӣ дар мактаббача ба вуҷуд меояд, душвориҳо ва монеаҳои зиёде дар муносибат бо ҳамсолон, оила, атрофиёну омӯзгорон ва интихоби дурусти касбро рӯйи кор меорад. Маҳз тавассути тавсия ва кӯмаки равоншинос мушкилоти пешомада ҳалли мусбати худро пайдо менамояд.

     Аз ин лиҳоз, ташкили фаъолияти равоншинос тақозои замони муосир мебошад. Психологияи мактаб як соҳаест, ки принсипҳои психологияи таълимӣ, психологияи рушд ва психологияи клиникиро татбиқ менамояд. Инчунин, психологияи ҷомеа ва таҳлили рафтори татбиқшаванда барои ҳалли ниёзҳои солимии равонӣ ба кӯдакон, наврасону ҷавонон дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон, маъмурият ва волидайн мебошад. Психологи мактаб ин аъзои баландихтисоси педагогӣ буда, қобилияти омӯзиши хонандагон ва қобилияти омӯзгории муаллимонро дастгирӣ мекунад. Ӯ солимии равонӣ, малакаҳои омӯзишӣ ва рафтори худро барои мизоҷон дареғ намедорад. Вазифаи психолог дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар солҳои пештар зоҳир гардида буд, аммо имрӯз масъалаи одӣ ба шумор меравад. Дар якчанд муассисаҳо хадамоти психологӣ таъсис дода шудааст ва аллакай якчанд равоншиносон дар мактабҳо фаъолият менамоянд.

     Мақсади асосии хадамоти психологӣ дар мактаб беҳтар гардидани ҷараёни таълим мебошад. Дар баробари беҳтар гардидани ҷараёни таълим дар муассисаи таълимӣ фаъолияти равоншинос, инчунин бартараф намудани мушкилотҳо дар ҷараёни тадрис, фароҳам овардани муҳити солими иҷтимоӣ-психологӣ, омилҳои пайдоиши мушкилотҳо дар раванди таълим, сабабҳои сустхонии хонандагон ва ғайраро дар бар мегирад. Олимон ва равоншиносон доир ба психологи мактаб назарияҳои мухталифро пешниҳод намудаанд. Аммо назарияи равоншинос И. В. Дубровинаро ба хотир меоварем. Ба андешаи И.В.Дубровина вазифаҳои психолог дар мактаб ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо мешавад:

-ошкор намудани сабабҳои душвориҳои гуногуне, ки дар фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ пеш меоянд;

-бартарафнамоӣ ва пешгирии тамоюлҳо дар инкишофи ақлонӣ ва шахсияти хонандагон;

-кӯмак дар ҳалли масъалаҳои душвор ва вазъиятҳои низоӣ;

     Кор дар раванди таълим созиш кардани ҷараёни таълим мебошад. Аммо аз ҳисоби мушкилотҳои муайяни дар ҷараёни таълим вуҷуд дошта, алоқаи байниякдигарӣ дар сегонаи раванди таълим «хонанда — волидайн — муаллим» мебошад. Машғулиятҳои инфиродӣ ва корҳои гурӯҳӣ бо хонандагон гузаронида мешавад. (баланд бардоштани сабаби фаъолияти таълимӣ, мунназамии муносибатҳои байнишахсӣ)- ро дар бар мегирад. Барои ҳар як равоншинос муҳим аст, ки хонандагон дар мактаб худро танҳо ва бадбахт ҳис накунанд. Муҳим аст, ки волидайн ва омӯзгорон мушкилотҳои ҳақиқиро ба равоншинос муроҷиат намоянд ва донанд, ки кӯдакро ба куҷо бозравонасозӣ намоянд ва чӣ кор кардан зарур аст.

     Самтҳои асосии фаъолияти психолог дар раванди таълим бо хонандагон ин масоилро фаро мегирад:

-баланд бардоштани дастовардҳои таълимӣ;

-тарғиби рафтори мусбӣ;

-дастгирии хонандагони синну соли гуногун;

     Лозим ба ёдоварист, ки кӯдак волидайн ва омӯзгоронро бо ҳам муттаҳид карда тавонад. Оид ба мушкилотҳои бавуҷудомада волидайн ва омӯзгорон бо равоншинос ҳамкорӣ намуда, барои ҳалли масоили мубрам чоранадешӣ намоянд ва қарори дуруст бароранд, то ки барои ояндаи хонанда ҳамчун шахсияти комил таъсири манфӣ нарасад. Вазифаи психологи мактаб на танҳо ҳалли мушкилот, балки муттаҳид ва бовариро дар хонанда зиёд намудан аст.

-ташхиси психологӣ;

-кори ислоҳнамоии психологӣ;

-машваратдиҳӣ ба омӯзгорон ва падару модарон;

-маърифатнамоии психологӣ;

-иштирок дар шӯроҳои педагогӣ;

-дар маҷлиси падару модарон ширкат варзидан ва тавсияҳои психологиро оид ба беҳтар гардидани ҳолати равонии хонандагон пешниҳод намудан;

-иштирок дар қабули хонандагони синфи 1 ва тайёрии психологии онҳоро муайян сохтан;

-тадбирҳои пешгирӣ дар байни хонандагон гузаронидан;

     1.Ташхиси психологӣ — бо гурӯҳ ва хонанагони алоҳида гузаронидан, бо ёрии методикаҳои махсус амалӣ мешавад. Ташхис мувофиқи мушкилотҳои муроҷиатнамудаи омӯзгорон, волидайн, роҳбарони синфҳо ва хонандагон мебошад. Ташаббуси психолог ташхиси мушкилотҳо ва пешгирии онҳоро фаро мегирад.

  1. Машғулияти ислоҳнамоии психологӣ — машғулияти ислоҳнамоӣ бо тариқи фардӣ ва машғулияти гурӯҳӣ гузаронидан барои инкишофи хусусиятҳои психикӣ ва кор бо хонандагон аст. Ин машғулиятҳо ба тараққиёти протсесҳои маърифатӣ, хотира, тафаккур, диққат аҳамияти махсус доранд. Инчунин, равоншиноси мактаб бояд тестҳо доир ба баланд бардоштани худбаҳодиҳии шахс дар байни хонандагон гузаронад. Психологи мактаб барои кор бо хонандагон дар ҳолатҳои муроҷиат барнома омода созад ва аз рӯи барнома бо методикаҳои гуногун мизоҷро ташхис намояд. Омӯзиш — тренингҳо низ барои ташаккули шахсияти мактаббачагон таъсири мусбат мерасонад.
  2. Машваратдиҳӣ ба омӯзгорон ва падару модарон; машваратдиҳӣ ба омӯзгорон ва падару модарон — ин кор мувофиқи муроҷиат сурат мегирад. Равоншинос волидайн ё омӯзгорро бо натиҷаҳои ташхис, пешгӯии муайян оид ба хонанда ошкор менамояд, дақиқкорона оид ба мушкилотҳое, ки ояндаи хонандаро дар хатар мегузорад ва таъсири байнимактабии хонандагонро мутаҳид месозад. Дар натиҷа муҳити солими иҷтимоӣ — психологиро фароҳам меорад.
  3. Маърифатнамоии психологӣ — онро фаро мегирад, ки қонуниятҳои тараққиёти кӯдакро ба падару модарон ва омӯзгорон шарҳ дода тавонанд. Он бавуҷудоварии машваратдиҳӣ, баромад дар маҷлисҳои падару модарон ва тавсияҳо дар шӯроҳои педагогӣ мебошад.
  4. Иштирок дар шӯроҳои педагогӣ — ба ғайр аз ин, дар маҷлисҳои педагогӣ равоншинос ширкат варзида, оид ба барнома ва имконияти иҷрокунии ӯ аз тарафи хонанда тавсия пешниҳод менамояд, барои аз синф ба синф гузаронии хонандагон, инчунин равоншинос хонандагони сустхонро мушаххас намуда, дар баробари ин хонандагони қобилиятнокро рӯҳбаланд менамояд.
  5. Иштирок дар қабули хонандагони синфи 1 ва тайёрии психологии онҳоро муайян сохтан;

     Яке аз вазифаҳои равоншинос суҳбат бо кӯдакони ба синфи 1 қабулшаванда мебошад. Тавассути суҳбат равоншинос тайёрии психологии кӯдакро муайян менамояд (инкишофи хотир, дикқат, тафаккур ва сатҳи тараққиёти ҳаматарафагии ӯро мавриди ташхис қарор медиҳад). Равоншинос дар доираи салоҳияти худ метавонад, барои волидайни кӯдакони синфи 1-и оянда тавсияҳо пешниҳод намояд.

     Фаъолияти равоншиноси мактаб қисми методиро низ фаро мегирад. Равоншинос бояд доимо бо адабиётҳо кор кунад, зеро ки муваффақиятҳои илми психологияи муосирро донад ва дар фаъолияти ҳаррӯза истифода намояд. Бо методикаҳои нав шинос шавад. Дилхоҳ масъаларо ташхис намуда, роҳи онро муайян сохта тавонад. Ӯ кӯшиш кунад, ки аз китобхона китобҳои гуногуни психологиро дастрас намуда, дар фаъолияти ҳаррӯза истифода барад. Дар фаъолияти ҳаррӯзаи хеш ӯ воситаҳои рафтор, нутқ, оҳанги талаффуз, майлу рағбат, ишора, қоидаҳои ахлоқии касбӣ, таҷрибаи кори худ ва коллективи худро ба роҳ монда тавонад.

     Мушкилоти асосии равоншиносони мактаб аз он иборат аст, ки онҳо ба зудӣ соҳиби кабинети алоҳида намешаванд. Дар як кабинети корӣ ду ё се нафар фаъолият мекунад, аз ин лиҳоз мизоҷон, яъне аксарияти хонандагон аз муроҷиат намудан ба равоншинос дурӣ меҷӯянд. Муносибат бо коллектив барои равоншинос бояд муҳаё бошад, баробариро дар байни дигарон ҷорӣ карда тавонад. Бисёр муҳим аст, ки дар коллективи омӯзгорӣ низоъ вуҷуд надошта бошад, ӯ бояд фикри аъзоёни коллективро дар бораи якдигар гӯш карда тавонад ва хулосаи умумиро бароварда тавонад.

     Албатта, бояд ҳолати равонии психологи мактаб солим бошад. Ӯ бояд пурбардошт ва қувваи физикии хуб, сарбории психологиро ӯҳдабароӣ намуда тавонад. Барои кори психологи мактаб сифатҳои муайяни касбӣ ва шахсӣ лозим аст. Кор бо одамон фаҳмо бошад. Меҳнатдӯст буда, масъул, одамдӯст, дақиқкор, муносибати хуб дошта, фозил, пурдон ва истеъдоднок бошад.

     Равоншинос зарофатсанҷ буда, дониши баланди касбӣ дошта, кӯдаконро дӯст дорад. Дар ҷараёни фаъолият чунин сифатҳоро дошта бошад: Бо одамони гуногун муошират карда тавонад; мушкилотҳои онҳоро дарк намуда таҳлил карда тавонад; дигаронро гузашт карда тавонад; мушоҳиданокии хешро инкишоф диҳад. Касби психологи мактабро дар дилхоҳ кафедраи факултети психология хондан мумкин аст, аммо барои бештар муваффақ шудан, дар самти психологияи педагогӣ таҳсил намудан беҳтар аст.

     Барои баланд бардоштани фаъолияти касбӣ якчанд тавсия пешниҳод менамоем:

-Тренинг-омӯзишҳое, ки дар онҳо корҳои ислоҳнамоӣ гузаронида мешавад;

-Иштирок дар конфренсияҳои илмӣ ва мизҳои мудаввар;

-Иштирок дар системаи таҳсилоти муосир;

-Сафари муназзам доштан ба китобхона ва мағозаи китоб барои шиносоӣ бо адабиёти психологӣ;

-Шиносоӣ бо методикаҳои нави тадқиқот, ки мушкилотҳои омӯзиш ва тараққиёти кӯдакро дар бар мегирад;

 -Омӯзиш дар магистратура ва докторантура.

     Касби психологи мактаб дар ҳаёти имрӯза бисёр муҳим аст, зеро ки ин касби шавқовар, талаботи муосири ҷомеа, аммо мураккаб мебошад. Вобаста бо талаботи муосир, дар шароити демократикунонии иҷтимоишавӣ ҳар як мактаб зарурат ба равоншиноси мактабро дорад, чунки мушкилотҳои зиёде, ки мактаббачагон таҷриба мекунанд, омилҳои гуногун аз қабили муноқишаҳои оилавӣ, суст будани хотираи биноӣ, хотираи шунавоӣ, ба тариқи суст ва оҳиста қабул намудани ахбори беруна мебошад. Бинобар ҳамин, равоншиноси мактаб тақозои замони муосир мебошад.

Ислом МИРОВ, Хосият Назарова, омӯзгорони

Мактаби Президентӣ барои хонандагони

болаёқат дар шаҳри Кӯлоб

Related Articles

Leave a Comment