Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг корҳои зиёд ва судманд анҷом дода шудаанд. Ин иқдомот, пеш аз ҳама, бо ташаббу-си Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва ашхоси ватандӯсту фарҳангпарвар ба сомон расидаанд. Дар ин муддат 14 санади меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ қабул гардид, ки ҳар яке аз онҳо ба рушди паҳлуҳои гуногуни ҳаёти фарҳангӣ дар кишвар такон бахшиданд.
Дар робита ба ин мавзӯъ мо тасмим гирифтем ба таври иҷмолӣ ва феҳраствор доир ба корҳои неки анҷомёфта изҳори назар намоем.
1.Таҷлили бузургдошти воқеаҳои муҳимми таърихӣ-фарҳангӣ аз қабили 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 680 ва 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1995 ва 2015), 675-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996), 2700 — солагии китоби Авесто (2001), 2500-солагии Истаравшан (2002), 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ (2004), 1125-солагии Абуалӣ Ибни Сино (2005), «Соли тамаддуни ориёӣ» (2006), 2700-солагии Кӯлоб (2006), 800-солагии Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008). 950-солагии Имом Ғазолӣ (2008), 100-солагии Бобоҷон Ғафуров (2009), 1310-солагии Имоми Аъзам- Абуҳанифа (2009), 3000-солагии Ҳисор (2009), 110-солагии Саидалӣ Вализода (2010), 100-солагии Мирзо Тур-сунзода (2011), 130-солагии Ҳоҷӣ Ҳусейни Хатлонӣ (2012), 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ (2014), 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 1150-солагии Абӯбакр Закариёи Розӣ (2016), 100-солагии Ғаффор Валаматзода (2016) ва ғайра дар сатҳи байналмилалию ҷумҳурӣ.
Дар робита ба ин бояд гуфт, ки на ҳамаи ин чорабиниҳои муҳимми фарҳангӣ, аз ҷумла таҷлили 1100- солагии давлати Сомониён, «Соли тамаддуни ориёӣ», 2700-солагии Кӯлоб аз ҷониби ҳасудони миллати тоҷик, соҳиби фарҳангу тамаддуни қа-диму воло будани тоҷикон хуш пазируфта нашуд. Аммо ин иқдомҳои ватандӯстонаю миллатхоҳона такони ҷиддие буданд дар худшиносию таҳкими ҳувияти миллӣ ва ободонии саросари Тоҷикистон.
2.Таъсиси ниҳодҳои муҳимми илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ, аз қабили Консерва-торияи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг, Коллеҷи хореаграфӣ, Театри драмавӣ-мусиқии Данғара, Театри драмавӣ-мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар ноҳияи Ашт, Академияи мақоми Тоҷикистон, чандин дастаҳои ҳунарӣ, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва ғайра.
Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» дар ду марҳила корҳои тармиму барқароркунии 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса. 3 масҷиди таърихи, 3 маъбади қабл аз исломӣ дар мадди назар аст.
Гулнигор НАЗАРОВА,
ассистенти кафедраи фалсафа