Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МУШКИЛОТИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

МУШКИЛОТИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

by admin
458 views

Соҳаи маориф дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, давлату ҳукумат барои хуб шудани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз имкониятҳои гунонгун ҳамаҷониба истифода мебаранд.

Дар шароити муносибати бозорӣ баланд бардоштани сифати таҳсил дар мактабҳои олӣ дар ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликияти онҳо бояд ҳамчун яке аз омилҳои ҳалкунанда дар рушди онҳо баррасӣ гарданд. Бо вуҷуди ин, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар рафти кори таълим методҳо, принсипҳо ва роҳҳои кӯҳна ва камасар дар баланд бардоштани сифати таҳсилот мавҷуд аст, ки дар охир ба рушди онҳо ба пеш ва даромад ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ монеагӣ менамоянд. Аз ин рӯ, комёбиҳои вобаста ба сифати таҳсилот, азнавсозии фаъолияти анъанавии таълимӣ — тарбиявӣ, илмӣ — таҳқиқотии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мукаммалгардонии системаи менеҷменти сифати байни муассисаҳои таҳсилоти олиро талаб менамояд. Зарурияти моҳиятан баланд бардоштани сифат ва иҷроиши низоми таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, методологияҳо, технологияҳо ва ташкили таълими донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, дараҷаи сифатнокӣ ва донишҳои инноватсионии бадастоварда рӯз то рӯз аён мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президзнти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, қайд мекунад, ки «…дар ин раванд як нуктаро дар назар бояд дошт: дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд…».

Дар шароити муосир таъминоти илм, истеҳсолот, мақомоти идора бо кадрҳои баландихтисос яке аз вазифаҳои муҳимтарини маориф мебошад, зеро иқтидори зеҳнӣ ба омили муайянкунандаи рушди ҷомеа мубадал мегардад.

Дар самти мазкур таҷрибаҳои байналмилалӣ, дар навбати аввал дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ нишон медиҳад, ки манбаи асосии рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳсилоти миллат аст. Сармоягузорӣ ба иқтисодиёте, ки аҳолии он дорои сатҳи пасти таҳсилот ё таҳсилоти ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда мебошад, танҳо ба бунёди истеҳсолоти аз ҷиҳати технологӣ камсамару қафомонда, қафомонии ҳарчи бештари кишвар аз тамоюлоти ҷаҳонии рушди иқтисодиёти ба дониш асосёфта мусоидат карда метавонаду халос.

Соҳаи маориф ва илм дар тарбияи қувваи кории соҳибихтисос ва ташаккули иқтидори кишвар нақши калидӣ мебозад. Нақши муҳимми маориф дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дарки онро муайян месозад, ки ояндаи кишвар аз он вобаста аст ва низоми миллии маориф ба кадом андоза барои бунёди иқтидори зеҳнӣ ҳамчун асоси рушди қобилияти аксарияти шаҳрвандон ва таъмини осоиштагии он қодир аст.

Ҳамзамон зимни баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки «…вақте, ки сухан дар бораи таъмини ҳифзи иҷтимоии мардум, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, тавсеа ёфтани шабакаи технологияҳои иттилоотӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ меравад, барои онҳо, пеш аз ҳама, муҳайё кардани шароити мусоид хеле муҳим аст».

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2021 қайд карда шуд, ки умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Ҳамзамон хароҷот дар давраи истиқлолият ба соҳаи маориф ҳар сол афзуда, дар сохтори молиявии низоми маориф тағйироти куллӣ ба миён омад. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хароҷоти соҳаи маориф дар соли 2020 4,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин ба 5,4 фоизи ММД баробар аст. Ин нишондод дар соли 2019 ба 4,4 млрд. сомонӣ баробар буд. Умуман, хароҷоти соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2000 нисбат ба соли 2020 90 маротиба афзуд (аз 42 млн. сомонии соли 2000 то 4,7 млрд. сомонӣ дар соли 2020 ба ҳисоби номиналӣ). Инчунин теъдоди МТОК аз 13 муассиса дар соли 1990 то имрӯз ба 41 адад расидааст, аз рушди соҳа гувоҳӣ медиҳад.

Сарфи назар аз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзоиши ҳарсолаи маблағгузорӣ аз буҷет, дар соҳаи маориф зиёдшавии тамоюли номатлуб идома дошта, мушкилоте ҷой доранд, ки ҳалли онҳо барои хеле баланд бардоштани самараи низоми таҳсилоти олӣ ва ба талаботи бозори меҳнат наздик овардани нишондиҳандаҳои сифатию миқдории он имконият хоҳад дод. Ба ҷумлаи проблемаҳои асосии рушди соҳаи маориф ва таҳсилоти олӣ инҳо дохил мешаванд:

-нарасидан ва сатҳи пасти тахассусии ҳайати педагогӣ ва омӯзгорони дараҷаи унвони илмидошта дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

-нарасидани мутахассисон, махсусан аз рӯи фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ;

-ҷавобгӯ набудани заминаҳои моддиву техникӣ бо талаботи замон;

-набудани таҷҳизоти зарурӣ дар утоқҳои лабораторӣ ва фаннӣ;

-аз рӯи сохтори ихтисосҳо ва сифат ба талаботи бозор ҷавобгӯ набудани тайёрии хатмкунандагон;

-нарасидани адабиёти таълимию методӣ ва таҷҳизот;

-суст ҷалб шудани корфармоён ва шарикони дигари иҷтимоӣ дар ташаккули фармоиш ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони ҳайати техникӣ ва хизматрасон;

-вуҷуд надоштани механизми ҷалби маблағҳои бахши хусусии иқтисодиёт барои ташкили таҳсилоти касбӣ ва тайёр кардани кадрҳо;

-таъсирнокии сусти механизми идоракунии самарабахши фишангҳои идоракунӣ ва назорати ташкили раванди таълим (дар таҳсилоти фосилавӣ, зинаи магистратура);

-норасоии китобҳои дарсӣ ва воситаҳои айёнию таълимии замонавӣ, махсусан ба забони давлатӣ, ки ба ҷараёни таълим таъсири манфӣ мерасонад;

-таҳия нагардидани нақшаҳои асосии ягонаи таълимӣ барои ҳар самти касбҳо;

-ба таври объективона ва воқеӣ иҷро нагардидани курсҳои низоми такмили ихтисос;

-дастгирӣ наёфтани ҳалли масъалаҳои дар соҳаи маориф ҷойдошта аз тарафи бахши хусусӣ;

-омода набудани қисми аҳли маориф ба қабули навовариҳо, хоҳиш надоштан барои тағйир додани зиндагии одатшуда ва усули фаъолият;

-довталабон касбашонро мустақилона интихоб намекунанд ё ба таври сатҳӣ интихоб мекунанд;

-қисме аз омӯзгорон фанҳои таълимиро ғайритахассус дарс медиҳанд;

-дар гуруҳҳои таълимӣ дар бисёр маврид шумораи хонандагону донишҷӯён аз меъёр зиёданд (ба ҷойи 16-17 нафар 30-38 нафар);

-номукаммалии нақша ва барномаҳои таълимӣ;

-мувофиқат накардани ҷиҳатҳои физиологӣ-психологии донишҷӯён ба касби интихобкардашуда;

-дастрасии маҳдуди донишҷӯён ба манбаъҳои илмӣ;

-аз ҷониби воситаҳои ахбори умум суст ва ё начандон дуруст инъикос дода шудани ҷараёнҳои навсозӣ дар соҳаи маориф ва дар натиҷаи ин ислоҳоти соҳаи маорифро дастгирӣ накардани қисми ҷомеа бинобар пурра нафаҳмидани вазифаю моҳияти он ва ғайраҳо.

Сабаби сатҳу сифати пасти таҳсилоти олии касбӣ, аз як тараф, маҳдудияти заминаи моддию техникӣ ва камбудиҳои зикршуда бошад, аз тарафи дигар, маълумоти кофӣ надоштани ҷавонон дар бораи имкониятҳои зуд соҳиби касб шудан мебошад. Хатмкунандагони мактабҳо пурра дарк намекунанд, ки дар шароити имрӯзаи иҷтимоию иқтисодӣ соҳиби касб шудан кафолати фаъолияти бомуваффақияти меҳнатии онҳо хоҳад буд.

Бозори имрӯзаи меҳнат қисми зиёди хатмкунандагони мактабҳои олиро аз рӯи ихтисос ва дараҷаи тахассусии касб кардаашон бо ҷойҳои корӣ таъмин карда наметавонад. Дар натиҷа таҳсилоти олӣ дар кишвар беқурб гардида, хароҷоти буҳуда ба таҳсилот зиёд мегардад.

Шароити имрӯзаи рушди иқтисодиёти ба дониш асосёфтаи маориф яке аз омилҳои муваффақияти иқтисодии давлат мегардад. Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбияи талабагону донишҷӯён, аз сатҳи саводнокии миллат вобаста аст.

Дар самти мазкур қабул намудани «Стратегияи миллии рушди маориф барои солҳои 2012-2020» ва дигар барномаҳои давлатии барои рушди маориф қабулшуда, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба имзо расонидани созишномаю санадҳои байналмилалӣ, ҳамгироӣ ба низоми ҷаҳонии маориф, мубодилаи донишҷӯён ва кадрҳои илмӣ, эътирофи дипломҳо ва дигар вазифаҳои зиёди марбут ба тайёрии кадрҳо ва таҳқиқотҳои илмӣ ба ҳамкории васеи байналмилалӣ роҳ кушод ва ин ҳамкориҳо ҳамаҷониба вусъат ёфта истодааст. Дар доираи созишномаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаи соҳаи маориф ҳар сол ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар мактабҳои олии кишварҳои ИДМ (Федератсияи Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра) квотаҳо ҷудо карда мешаванд, ки шумораи онҳо сол то сол меафзояд.

Аммо ташвишовар ин аст, ки қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тибқи квотаҳои ҷудошуда ва созишномаҳои байни давлатҳо дар хориҷи кишвар таҳсил мегиранд, баъди хатми донишгоҳҳои хориҷи кишвар ба ватан баргаштан намехоҳанд. Инчунин, мутахассисони пешқадами ватанӣ низ фаъолияти худро баъди хатм дар хориҷи кишвар, ки маош, мақоми иҷтимоии баланд ва шароити мусоидро фароҳам меорад, давом дода муқимии он кишварҳо мегарданд. Танҳо дар соли 2016 1850 шаҳрванди Тоҷикистон ба барномаи «Переселение» ё худ муҳоҷират қабул шуда шаҳрванди доимии Русия гардиданд. Ҳоло миёни муҳоҷирони миллионнафараи тоҷик омӯзгору духтур, муҳандису профессору академик ҳаст, ки Тоҷикистон аз ин муҳоҷирати мағзҳо зарар мебинад.

Аз тарафи дигар, сатҳу сифати мутахассисони дорои унвони илмидошта ба талаботи зарурӣ ҷавобгӯ нест, яъне номзади илм ҳаст, аммо худи илм не. Илова бар ин, аҳли зиёе, ки дур аз пойтахт зиндагӣ мекунанд, маоши нокофӣ, набудани шароити мувофиқ барои анҷоми таҳқиқотро аз мушкилоти аслии кору рӯзгори худ унвон мекунанд. Инчунин, аксари мутахассисони як соҳа аз сабаби норасоии ҷойи корӣ аз рӯи самти тахассус ба соҳаҳои дигари фаъолият мегузаранд.

Ҷаҳонишавӣ бо худ ҳам натиҷаҳои мусбию фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди кишварҳо ва ҳам хавфҳоеро меорад, ки ба онҳо хавфи қафомонии босуръати иқтисодиёт ва барои кишварҳои нисбатан тараққикарда ба манбаи ашёи хом табдил ёфтани кишварҳо, ба хориҷа рафтани мутахассисону олимон ва ғайра дохил мешаванд. Сатҳи баланди таваллуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси афзоиши рӯзафзуни шумораи аҳолии синну соли таҳсил мегардад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳатто барои нигоҳ доштани ҳолати имрӯзаи соҳаи маориф ҳаҷми бештари захираҳо лозим аст. Дар шароити маҳдудиятҳои сахти буҷетӣ кишвар бояд роҳҳои на танҳо нигоҳ доштан, инчунин инкишоф додани соҳаи маорифро дарёбад.

Аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омилҳои табиии инкишоф надоранд, талаб нашудани хатмкунандагон боиси пастравии эътибори таҳсилоти касбӣ мегардад. Мутахассисони хуб маҷбуранд кишварро тарк карда дар хориҷа кор ҷӯянд ва давлат бо ин тариқ иқтисодиёти дигар кишварҳоро маблағгузорӣ мекунад. Ҳамин тариқ, нақш ва масъулияти маориф барои рушди глобалии иҷтимоию иктисодӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккули низоми одилонаи ҷамъиятӣ ва муваффақияти миллии давлат бояд афзун гардад.

Айниддин ХОЛИҚЗОДА,

муовини ректор оид ба таълим

Анвар ШАРИПОВ,

сардори Раёсати таълим

Related Articles

Leave a Comment