Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЗАХИРАҲОИ САЙЁҲӢ ВА РЕКРЕАТСИОНИИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ

ЗАХИРАҲОИ САЙЁҲӢ ВА РЕКРЕАТСИОНИИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ

by admin
618 views

Минтақаи Кӯлоб дар қисмати ҷануби шарқии Тоҷикистон мавқеият дорад ва яке аз ҳудудҳои дорои захираҳои бузурги сайёҳӣ ва рекреатсионӣ мебошад. Ин минтақа 8,4% майдони Тоҷикистон ва 48,7% масоҳати вилояти Хатлонро ташкил медиҳад. Сайёҳони нахустине, ки ба ин сарзамин дар давраҳои гуногуни таърихӣ омада буданд, вайро мулки хуррамзамин унвон намуданд.

Минтақаи Кӯлоб хусусиятҳои ба худ хоси табиӣ ва рекреатсионӣ дорад. Яке аз объектҳои асосии соҳа ин кӯҳҳо ба ҳисоб мераванд. Яке аз соҳаҳое, ки дар минтақаи Кӯлоб рушд додан мумкин мебошад, кӯҳнавардӣ ба ҳисоб меравад. Таҳлили оморҳои сайёҳӣ нишон медиҳанд, ки қисми зиёди сайёҳоне, ки ба кишвар ворид мегарданд, онҳо бо мақсади кӯҳнавардӣ меоянд. «Кӯҳҳо 87 фоизи масоҳати минтақаро ташкил медиҳанд. Дар ин ҷо қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ, Вахш, намаккӯҳҳои Хоҷамӯъмин, Хоҷасартез, кӯҳҳои Қаратов, Сарсарак, Ҷилонтоғ доман паҳн кардаанд. Қаторкӯҳ ва кӯҳҳоро аз ҳамдигар водиҳои байникӯҳӣ — Кӯлоб, Данғара, Мӯъминобод Чӯбек ва Фархор ҷудо намудаанд» Дар қаламрави музофоти Кӯлоб теъдоди зиёди ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ, шаҳрак ва шаҳрҳои қадима мавҷуданд, ки захираҳои муҳими сайёҳӣ ва рекреатсионӣ ба ҳисоб мераванд.

Айни замон дар ҳудуди минтақа 29 меҳмонхона, 16 осорхона, 10 мақбараҳо, 3 қалъа ва 9 шаҳру шаҳракҳои қадима мавҷуданд, ки имконияти қабули то даҳҳо ҳазор сайёҳро дорад. Ёдгориҳои таърихӣ низ дар инкишофи соҳа нақши муҳим доранд. Онҳо метавонанд ба дараҷабандии синну соли сайёҳон, калонсолон ва пиронсолону хурдсолон хизмат расонад. Ба ин туғайзорҳои обдоғи дарёи Оби Сурх (ноҳияи Мӯъминобод), дарахти азими Шумтол (дар маҳалли Туткании Сари Хосор), кӯҳи Чилдухтарон, намаккӯҳои Хоҷамӯъмину Хоҷасартез, фарсоиши регсанг дар Ёкунҷ (ҳавзаи дарёи Яхсу) ва монанди инҳо тааллуқ дорад.

Умуман, захираҳои сайёҳию рекреатсионии минтақаи Кӯлоб барои рушди туризм мусоидат менамоянд. Аммо то ҳануз сайёҳӣ ва хизматрасонии сайёҳӣ дар ин мавзеъ дар сатҳи паст қарор дорад. Ин ба омилҳои зерин марбут аст:

  1. Дар минтақаи Кӯлоб ширкатҳои муаррифкунандаи соҳаи сайёҳӣ ниҳоят кам аст. Аз ҷониби муассисаҳои муштараки сайёҳии хориҷӣ барои дар ин мавзеъ ифтитоҳ намудани намояндагии худ ҳавасмандӣ ба назар намерасад.
  2. Вазъи санитарию гигиении меҳмонхонаҳо, ҳаммомҳо, ошхонаю тарабхонаҳо ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй намебошанд.
  3. Чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ то ҳануз нокифоя аст.
  4. Ташаккули фазои иттилоотӣ дар соҳаи сайёҳӣ суст амалӣ мегардад.
  5. Инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақа дар ҳоли ташаккулёбист.
  6. Саноати сайёҳӣ ба оҳистагӣ пеш меравад. (Ба ҷузъ баъзе дӯконҳои хурд)

Бо назардошти хусусиятҳои захираҳои сайёҳӣ ва рекреатсионӣ дар минтақаи Кӯлоб чунин намудҳои туризмро инкишоф ва ҷойгиркунондан ба мақсад мувофиқ аст: туризми зиёратӣ, туризми донишандӯзӣ, табобатӣ, туризми экологӣ, таърихӣ, кӯҳӣ ва монанди инҳо. Ин имкон медиҳад, ки сайёҳони хориҷию дохилӣ бештар ҷалб карда мешаванд ва маблағҳои зиёд ба буҷаи ноҳияҳои маъмурии минтақа ворид гарданд. Таъмини бехатарии ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи онҳо яке аз масъалаҳои глобалию минтақавии ҷаҳони муосир буда, ҳаллу фасли ҳамаҷонибаи онҳо ба ақлу заковат ва тафаккуру шуурнокии аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста мебошад.

Маҳз инсон ҳамчун як қисми табиати рӯҳафзо, тавассути эҳтирому ғамхорӣ, тафаккури солиму созандагии хеш, табиату сарватҳои гаронбаҳои онро ҳифз намуда, мувозинати гуногунии биологиро мутасилан таъмин менамояд.

Рушди соҳаи туризм дар минтақаи Кӯлоб имконияти фаровон дорад ва мо бовариӣ дорем, ки ин соҳа дар оянда ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагӣ табдил хоҳад ёфт.

Каримҷони МУЗАФФАР,

ассистенти кафедраи география ва сайёҳӣ

Related Articles

Leave a Comment