Home СИЁСАТИСТИҚЛОЛИЯТ СОҲИБИХТИЁРӢ ВА РӮШДИ ДАВЛАТДОРИИ ДУНЯВӢ

СОҲИБИХТИЁРӢ ВА РӮШДИ ДАВЛАТДОРИИ ДУНЯВӢ

by admin
236 views

Дар солҳои 90-уми асри гузашта ва махсусан пас аз бадастории истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон тағйиротҳои сифатии фиддие падид омаданд. Он дар заминаи фурупошии низоми Шӯравӣ, рӯоварӣ ба демократия ва ташаккули рӯҳияи нави сиёсӣ дар ҷомеа ва шахс амалӣ мегашт.

Истиқлолияти давлатӣ падидаи муҳимтарини рушди давлати миллии тоҷикон буда, дар самтгирӣ ва дарёфти мақоми кишвар дар низоми ҷаҳонӣ нақши барҷаста дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон вақте истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт, имконият пайдо намуд, ки самтҳои стратегияии инкишофи ҳокимияти олӣ ва идоракуниро муайян намояд. Инчунин давлат нисбати муайян намудани стратегияи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ ҳукми олиро соҳиб гардад.

Соҳибистиқлол гаштани мамлакат дар масъалаи муносибатҳои диннию дунявӣ тағйироти ҷиддӣ ба миён овард. Дар рӯшди давлатдории навинӣ тоҷикон ҳамчун ҷомеаи мусулмоннишин масъалаи давлати дунявӣ чизи нав дониста мешуд, ки аслан то асрҳои гузашта дар ҷаҳони ислом чунин сохти давлат воқеият надошт. Дар замони муосир бошад бо рушду ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва шакли давлатдории навин шумораи кишварҳое, ки шакли давлатдории дунявиро ихтиёр кардаанд зиёд шудааст. Бисёре аз онҳо дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии худ арзишҳои дунявиятро (қонунӣ) расмӣ гардонидаанд ва рушди босуботи ҷомеаро дар шакли давлатдории дунявият медонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ охирҳои соли 1991 калимаи дунявиятро дар конститутсия меъёри қонуни гардонид. Мувофиқ ба моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатро давлати дунявӣ эълон медорад, давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он пайравӣ аз ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст ва ҳама дину мазҳабҳо ҳуқуқи мавҷудияти баробар доранд. Шаҳрванди Тоҷикистон сарфи назар аз он, ки ба кадом дин пайравӣ мекунад, комилан баробарҳуқуқ мебошад. Дар давлати дунявӣ дар ҳуҷҷати расмии давлатӣ мансубияти динии шахс қайд карда намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди он, ки аксари шаҳрвандон пайрави ислом буда, дини исломро муқаддас медонанд, вале аз ҷониби давлат дини ислом ҳамчун дини расмии давлатӣ эътироф нашудааст. Ташкилотҳои динӣ аз корҳои давлатӣ ҷудо буда, ба кори он мудохила намекунанд. Тамоми муносибатҳои вобаста ба дин ва ташкилотҳои динӣ тавасути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (аз 26-марти соли 2009) танзим карда мешаванд.

Махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ намудан ба  дин, аз ҷумла  ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб,  паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама новобаста аз муносибаташон ба дин ва мансубияти динӣ дар назди қонун баробаранд. Тавсифи дар боло нишон дода шуда имконият медиҳад, ки дар бораи дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф занем. Характери дунявӣ давлат нишон медиҳад, ки ҳалли масъалаҳои ҳаёти давлатӣ, амалигардонии ӯҳдадориҳои органҳои давлатӣ, шахсони расмӣ, муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ дар асоси қонунҳои дунявӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ сурат мегирад. Илова бар ин принсипи дунявият муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои диниро муайян намуда ҷой ва нақши онҳоро дар ҳаёти ҷамъиятӣ нишон медиҳад.

Масъалаи муносибатҳои байниҳамдигарии ислом бо давлати дунявӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаҳои муосири исломӣ мебошад, ки дараҷаи ҳалли масъалаи мазкур аз бисёр ҷиҳат устувории раванди сиёсӣ ва босуботиро муайян мекунад. Пешомади минбаъдаи давлати дунявӣ дар ҷомеаҳои бо аҳолии мусулмон бо ҳалии чунин масъалаҳои муҳимтарин, чун дур шудан аз нуқтаи назари радикалӣ-идеологӣ, коркарди заминаи ғоявии таносуби дунявият ва диндорӣ, аз он ҷумла давлати дунявӣ ва динӣ, коркарди механизмҳои демократию ҳуқуқии кафолати давлати дунявӣ зич алоқаманд аст.

Хусусияти дигари давлати дунявӣ дар он асос меебад, ки вай ба таври қонунӣ ва ҳақиқӣ таъмини ҳуқуқии шаҳрвандонро ба озодии эътиқод ва парастиши дин, паҳншавӣ ва таблиғро дар доира ва меъёрҳои қонунҳои амалкунанда кафолат медиҳад. Ҳамзамон дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, вақте, ки аз тарафи нерӯҳои манфиатҷуёни деструктивӣ кушиши вайрон намудани вазъи дохилисиёсӣ дар минтақаи Осиёи Миёна, қисман дар Тоҷикистон дар соҳаи дин, мустаҳкамшавии принсипҳои дунявии давлат аҳамияти хоса пайдо мекунанд.

Таҷрибаи сулҳовар дар Тоҷикистон ва раванди коркарди модели тоҷикии давлати дунявӣ дар шароити муосир аҳамияти калони илмӣ-назариявӣ ва сиёсӣ-амалӣ доранд ва ҳангоми ҳалли низоъву ихтилофҳои дунявӣ-динӣ дар мамолики минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳони ислом, ки чунин мухолифатҳо аксар вақт барои низоъҳои сиёсӣ ва бесуботӣ замина мегузоранд, метавонанд мавриди истифода қарор гиранд.

Фирӯз ЯҚУБЗОДА,

саромӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ

Related Articles

Leave a Comment