Home АНДЕША ВАЛИЗОДА: ОН ТАНҲО БАРОИ НАФЪИ ҶАЙБИ ВАРАМИНАИ ЗУМРАЕ БО НОМ “МУЛЛОҲО” ЭШОНҲОЯДУ ХАЛОС…

ВАЛИЗОДА: ОН ТАНҲО БАРОИ НАФЪИ ҶАЙБИ ВАРАМИНАИ ЗУМРАЕ БО НОМ “МУЛЛОҲО” ЭШОНҲОЯДУ ХАЛОС…

by admin
293 views

Хосият ВАЛИЗОДА, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сарвари ТҶ “Армуғони сулҳ”

“Мондан дар як ҷо ҳатто андешаву равонро ҳам мефарсояд”.

Маҳсои Тоеъ

Оре, мондан дар гузашта суде надорад.

Ба ҷуз арҷ гузоштан ба паҳлуи неку хубаш.

Ояндаро бояд андешид.

Ва хеле хуб гуфта бузурге:

Замона сели азимест,

Сели бараҳмест, ки беталош агар лаҳзае зи по афтем,

Ба шаттаи тори табоҳӣ

Фурӯ барад моро…

Ҳо, бадбахтона имрӯзҳо зумрае аз зиёиёни мо (бештарашон) огоҳу ноогоҳ ба шарти хурофоту таассуб ғарқ мешаванд. Ҳанус Ҷолинус гуфта буд: “Барои он, ки эҳсос ҳосил шавад, он бояд дучори тағйирот гардад”.

Вале аз ин бошад, ки ин эҳсосро ин тағйироту бедориро дар сиришти зиёиёнамон мушоҳида намекунам.

Зиёии имрӯз (бештар кормандони ҳукумату соҳаи фарҳангу маориф) бо сари хам “Амр ба маъруфи мулло”-еро ё руҳониеро гӯш мекунаду аз қафояш бо сари хам ба масҷид меравад. Охир зиёӣ бояд пеш аз ҳама бо зевари донишу адаб ва илмҳои замона пероста бошад. Раҳнамо ва ҳидоятгар бошад, то андешаву ақидаҳои ояндасозу ояндабинаш мардумро аз қафои худ барад ба сӯи ҳастии зебо.

Агар сафҳои таърихро варақгардон намоем, дар гузашта илму дониши мардуми Шарқ нисбат ба ғарбиён хеле пешрафта будааст. Аммо ҳазор афсӯс, ки намояндагони аҳли тасаввуф ғайр аз улуми оид ба Худо ва пайғамбарон, ҳамаи илмҳои дигарро “илми шайтон” ва “васваса” меномиданд, ки дар ин бора таърихи башар басо далелҳои фоҷиабор дорад.

Банда танҳо дини Исломро дар назар надорам, балки тамоми динҳои рӯи олам аз чӣ бошад, ки ба рушду нумӯъ монеа мешаванду намегузоранд орзӯҳо воқеияти худро дарёбанд.

Боиси таассуф аст, ки садҳо саромадони илму донишу фарҳанг олимону донишмандони бузург, нобиғаҳои гузаштаву имрӯз қурбони ҷаҳолат ва таассуби аҳкоми дину мазҳабҳо гардидаанд.

Мисол меорам: Соли 1160 бо амри халифа Мустанҷир дар Бағдод асарҳои Абуалӣ ибни Сино ба коми оташ партофта шуд. Соли 1163 фармони папаи Рим Александри III дар бораи манъ кардани омӯзиши физика ё қонунҳои табиат нашр гардид.

Шоири машҳури фарзонаи тоҷик Бадриддин Ҳилолӣ моҳи октябри 1529 бо фармони хони ӯзбекҳои шайбонӣ Убайдулоҳхон бо туҳмати ин ки шоирӣ шайтонӣ аст, дар саҳни бозори Ҳирот ба қатл расонида шуд. Соли 1600 дар Рим дар майдони “Гулҳо” мутафаккири бузурги итолиёӣ Ҷордано Бруно дар оташ сӯзонда шуд. Соли 1439 Жанна Д, Аркро, ин духтари 17- солаи диловари Фаронсаро намояндагони дин зинда ба зинда туъмаи оташ карданд.

Ва баъди чанд аср ӯро (Жанна Д, Аркро) Фаронса қаҳрамони миллати худ эълон намуд. Соли 1842 шоираи забардаст Нодираро бо писарони ноболиғаш Муҳаммадалихону Султон Маҳмадхон ва дигар аъзоёни оилааш аз тарафи Амри Бухоро Насруллоҳхон ваҳшиёна кушта шуданд, зеро ҷаҳолати динӣ ва таассуб ба ҳаёти адабӣ сардорӣ кардани занро намеписандид.

Соли 1928 – 7 март Сайиднисо Абдуллоеваро барои фаранҷинпартоияш шаҳвари диндораш бо як бераҳмӣ мекушад.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (бо ном бародаркӯш) солҳои 1992-1994 рӯзноманигори вуқуъгӯ Шарифамоҳ Кишвароваро бо фарзанди ягонааш Дилшод бераҳмона аз зиндагӣ маҳрум намудаанд.

Ва бадбахтона, чунин мисолҳо дар ҷаридаи таърих хеле бешуморанд. Аммо ҷараёни маърифатро на ҳамеша намояндагони дину мазҳабҳо боз доштанӣ мешаванд, мутаассифона дудилаву дурӯяҳо дар замони мо хело зиёданд, ки дар ниқоби “олим”, “шоир”-у “арбобон”-и давлат дар гирду пеши роҳбарон дум ликонда гаштаанд. Бисёрии онҳо на аз рӯи майлу орзу ё истеъдоди фитрӣ, балки бо мақсади манфиатҷӯӣ ё шуҳратпарастӣ ба илму ҳунар даст мезананд. Дар ин ҳол Хусрави Деҳлавӣ хеле хуб гуфта:

Олими бекор наёбад баре,

Ганҷи ба сад ҳилла барорад саре.

Устоди зиндаёд Сайдалӣ Вализода, ки то нафаси охирини ҳаёташ ба бо чунин дурӯяҳо, ки ба деги тинҷиву оромӣ заҳри ҷаҳолату нодонӣ мерехтанд, дар мубориза буд, гуфта:

Он бешарафи шуми палид ор надорад,

Ғайр аз зарару фитнагарӣ кор надорад,

Душман ба ҳаёту гулу гулзор дурӯя,

Парвои ҳаёту гулу гулзор надорад,

Сарвари давлатамон ҳамеша таъкид менамоянд, ки “Агар хоҳед миллатро нест кунед, таъриху фарҳанги гузаштагонашонро нобуд созед”.

Магар мо то ислом бефаҳангу бе хираду бе илму дониш будем?

Ё фарҳанги исломӣ дар ришу фашу сатру русарии занон хулоса мешавад? Ба ёдам мерасад мисраҳои шоираи машҳури тоҷик Мавҷуда Ҳакимова:

Кай зани тоҷик буд чодарбасар?,

Томирис авлоду Рухшона нажод.

Хоҳар аст Гурдофариду Робия,

Бо сари болою бо рӯи кушод.

Афсӯс, ҳазор афсӯс, ки имрӯз он рухшонанажодону Томирисавлодону Гурдфаридзодагон, ки дар ҳукуматҳову парлумон фаъолият доранд, муҳри хомӯшиву бетарафиро ихтиёр кардаанд.

Тарс? Беиродагӣ? Беҷасоратӣ? Нобиғаи ҷаҳони Николай Рерих ин нуқтаро чунин шарҳ додааст: “Тарс- дарвозаҳои зулматро ба рӯи кас мекушояд”. (Страх – открывает врата тьмы)

Воқеан ҳам чаро мо аз далел, мадрак аз ҳақиқат метарсем, чаро?

Чаро ба фарзандонамон намефаҳмонем, ки аз кадом таборем, аз куҷо омадаем, ба куҷо равонаем. Аҷнабиёни ғасбгар бо гузаштагони бофарҳангу бо тамаддуни мо чӣ бадбахтиҳо овардаанд?

Дар як мақолааш Сайёфи Мизроб навиштааст, ки аз дин киштае бояд сохт, то рӯи баҳри пурталотуми миллат (шояд зиндагӣ мегуфт) ба шино равем.

Аммо ба андешаи ман, агар ин корро анҷом диҳем, ҳатман киштии мо ба пастоб менишинад — ё аз туфони ҷаҳлу нодонӣ дар миёни ин баҳр ғарқ мешавад. Дин дар ягон замон ба нафъи мардум набуду нест. Он танҳо барои нафъи ҷайби вараминаи зумрае бо ном “муллоҳо” эшонҳояду халос. В-агар не, чаро мехоҳанд мардум гунгу кару гул бошанд?

Дар тӯли як моҳи Рамазон бошад, ахбори умум ва радиову телевизион дар ихтиёри намояндагони дин гузошта мешавад, ки сафсатаҳои эшон кайҳо хондахариши халқ гаштааст.

“Мулло”–е аз тариқи телевизиони Кӯлоб мегӯяд: Агар “Стаж” – и рӯзагириатон чӣ қадаре ки зиёд бошад, дар он дӯнё “этаж”-и хонаҳоятон низ хеле баланд мешавад. Яъне Худову малоикаҳо барои онҳо хона месозанд? Куҷост мантиқ? Дар ҷои дигар муллое: Дар зиндагӣ чанд бузу гусфанде, ки қурбонӣ мекунед, фардо, ки вориди он дунё мегардед, он ҳайвонҳо дар даст “фонарик” мунтазири шумоянд, то роҳатонро рӯшан созанд. Магар дар кишварҳои дигар, ки дину мазҳабашон дигар ҳаст, ба кори хайрия намепардозанд? Аммо эшон доираву карнаю сурнай навохта, ин иқдомро (хайр карданро) анҷом намедиҳанд. Ин иқдоми ҳамешагии онҳост.

Дар он мамлакатҳои мурараққӣ агар сарватманде ба хайрия напардозад, радди маърака меҳисобандаш.

Бузурге хеле бамаврид иброз доштааст: “Ситам аст ин ки дунёи худро ҷаҳаннам созем, то ба биҳишт даст ёбем”.

Ҳанӯз зиёд дер нашудааст, ки олимону донишмандони мо самти андешарониашонро аз “теология” ба илми воқеӣ ва фоидаовар иваз намоянд.

Аҳли адаб бошад, адабиётро дар зеҳнияти ориёӣ-тоҷикӣ офаранд, ки на танҳо ифтихори тоҷикон, балки тамоми башарият бошад.

Имрӯз мо хоҳем нахоҳем дӯнё дигар ба ҳарзаву ҳарзагӯӣ ниёз надорад. Илми дақиқ, амали дақиқ, дониши амиқу дунявӣ лозим аст, ки ҳаёт пайваста дар рушду нумӯъ бошад. Набояд фаромӯш кард, ки инсоният як хонаводаи бузург аст. Ва бояд ҳамчун бародару хоҳар ба ҳамдигар муносибат кунем.

Нагӯём, ки инсон шомили кадом дину мазҳаб аст, балки чӣ вижагиҳо дорад, мақсадаш, ҳадафаш чӣ манфиате меорад ба ҷомеа.

Чи хуш гуфтааст шоире:

Боғро ба барге медиҳам,

Агар ин барг.

Хаёли баҳорро

Дар ман зинда кунад.

Пас, бигӯед хаёли баҳорро озодандешагиро боло биравем, то баланд шавем ба каронаҳои нуру зиё, ба каронаҳои ояндаҳои зебо ва шукуфтаҳову руйиданҳо!

Related Articles

Leave a Comment