Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМУСОҲИБА ХУДОЙДОДОВА: ИЛМ ДАР ОН ҲОЛАТЕ ХОР МЕШАВАД, КИ БА ОН ШАХСОНИ ТАСОДУФӢ ДАСТ МЕЗАНАНД!

ХУДОЙДОДОВА: ИЛМ ДАР ОН ҲОЛАТЕ ХОР МЕШАВАД, КИ БА ОН ШАХСОНИ ТАСОДУФӢ ДАСТ МЕЗАНАНД!

by admin
906 views

Хостем, то бо яке аз олимони хушноми ҷумҳурӣ Ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Худойдодова Шарофат оид ба зиндагинома ва фаъолияти омӯзгории эшон мусоҳибае анҷом диҳанд. Фишурдаи мусоҳиба пешниҳоди хонанда мегардад.

Худойдодова Шарофат Зардовна 26-уми апрели соли 1967 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1984 ба факултаи филологияи руси Институти давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1989 хатм намудаааст. Аз худи ҳамон сол ҳамчун асистенти кафедраи забони русии факултаи омӯзгорӣ ба фаъолият пардохтааст. Дар давоми таҳсил дар донишкада, дар факултаи ихтисосҳои ҷамъиятӣ, дар бахшҳои журналистика ва шореҳи сиёсӣ таҳсил намуда, ҳамзамон ба сифати наттоқи бахши русии онвақта радиои вилояти Кӯлоб, мухбири ғайривоҳидии рӯзномаи «Кулябская правда» ва «Роҳи ленинӣ» кору фаъолият намудааст.

Соли 1995 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо ихтисоси таъриху филологияи тоҷик хатм кардааст. Солҳои 1995-2004-мудири кафедраи забони русии факултаи филологияи рус, солҳои 2004-2008-мудири кафедраи МТЗАР-и факултаи филологияи рус, солҳои 2010-2013-мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ва аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи апрели соли 2014-мудири кафедраи журналистика, аз соли 2014 ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба корҳои тарбиявӣ, аз соли 2015 то соли 2019 ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия ва аз феврали 2019 ноиби ректори донишгоҳ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.

Ҳамзамон Худойдодова Ш.З. дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули котиби Шӯрои олимон (2006-2009), соли 2009-декани факултаи филологияи хориҷӣ, котиби матбуотии ректори донишгоҳ (аз соли 2010 то инҷониб), муҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш» (2006-2009) ва дар ҷараёни фаъолият дар ВАО-и Тоҷикистон, бахусус ҳамчун муҳаррири Намояндагии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар шаҳри Кӯлоб (тибқи шартнома), омӯзгори фанҳои «Асосҳои реклама ва паблик», «Назарияи тарҷума» ва «Тарҷумаи матни публиститсӣ»-и кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бевосита дар таҳия ва пахши рекламаҳо бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, нигориши мақолаву очеркҳо дар матбуоти даврӣ ва роҳбарии корҳои илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқони ҷавон ширкат меварзад.

Соли 2010 дар мавзӯи «Таҳлили таркибӣ-мазмунии забон ва услуби матнҳои рекламавӣ (дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)» («Структурно- семантический анализ языка и стиля рекламных текстов (на материале таджикского, русского и английского языков» ) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст, ки дар самти омӯзиши забон ва услуби матнҳои рекламавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо мебошад.

Номбурда муаллифи беш аз 45 адад мақолаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ, муҳаррир ва муаллифи наздики 75 барномаҳои мукаммали фарҳангию сиёсӣ ва иқтисодию варзишии «Аз шаҳри ёрон» дар «Телевизиони Сафина» мебошад.

Шарофат Худойдодова соли 2019 аз ҷониби АМАР (Агенти мустақили аккредитатсия ва рейтинг)-и Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби сертификати «Эксперти байналмилалӣ»ба мӯҳлати 5 сол гардидааст.

Барои хизматҳои содиқона дар соҳаи маориф ва рушди журналистикаи муосир бо як қатор ҷоизаву ифтихорномаҳо, аз ҷумла: Аълочии Маорифи Тоҷикистон (2012) (Душанбе); Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2013) (Душанбе); Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013) (Душанбе); Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014) ( Душанбе); Ифтихорномаи Раиси вилояти Хатлон (2013, 2013, 2014), Ифтихорномаҳои Раиси шаҳри Кӯлоб (2016, 2018), ва соли 2015 бо медали «Хизмати шоиста» қардшиносӣ гардидааст.

 Дуруд бар Шумо, муаллимаи гиромӣ. Мегуфтед, ки чӣ ҳол доред ва ба кадом корҳо имрӯзҳо бандед?

— Дуруд. Шукр аз фазову вақти созгор тандурусту нерӯмандам ва андармони анҷом додани рисолати инсониву касбӣ ҳастам. Бо шавқи беандоза барои пешрафти кори донишгоҳи азизамон, таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон, ширкат дар чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва вилоятию шаҳрӣ, фикр мекунам, каме сарбории гарон ва андаке монеа эҷод карданд ба суръати таълифи рисолаи докторӣ, ки айни ҳол баҳри вусъат бахшидани кор дар ин ҷода машғулам.

Ибораҳои зан-модар, зан-роҳбар, зан-омӯзгор ва зан-рӯзноманигорро дар мисоли худ чӣ гуна шарҳ медиҳед?

— Зан-модар. Ҳарчанд ҳарду фарзандам дар зиндагӣ мустақилу соҳибмаълумот, соҳиби оила ва фарзанд ҳастанд, ҳоло ҳам бароям кӯдаканд, аз ин рӯ, ҳамеша дар ҷараён будан аз ҳолу аҳволашон, мусоидат дар рушду камоли ҳамаҷонибаи онҳоро амри тақдир ва хеле зарур меҳисобам, зеро ки барояшон ҳам падараму ҳам модар.

Зан-роҳбар. Чун як роҳбар дар ҳар ҷомеае, ки фаъолият намудаам, нахуст корро аз муттаҳидии кормандон шуруъ кардаам. Коргоҳҳо чун хонаи дуюм пазируфтан, аз меҳнати ҳалол ризқ ёфтан, ба атрофиён муносибати самимӣ доштан, дар доираи имконот ба ҳамкасбон кӯмак расонидан, ба ғаму шодии онҳо шарик будан ва иҷрои бомасъулияту босифати вазифаҳои ба уҳдадошта бояд хоси ҳар як роҳбар бошад.

Зан-омӯзгор. Омӯзгорам! Ҳамчун як зан-омӯзгор то имрӯз кӯшиш намудаам, ки бо иффату поктинатӣ ва озодагиву покдомонӣ барои ҳар як шогирд намунаи ибрат бошам. Аз сари сидқ донишҳои андӯхтаамро такмил медиҳам, то ба шогирдон ҳарфи тозае гуфта тавонам, ҳаракат мекунам то назарияи илм бо амалияи он ҳадди ақал наздик бошад ва ташаккули тафаккури донишҷӯён ҷониби мусбат майл дошта бошад.

Зан-рӯзноманигор. Ҳамчун рӯзноманигор бо ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва варзишӣ, ҳифзи амнияту оромии кишварам андеша ва пайвандҳои ногусастанӣ доштан ва «Ҳамон мушкил, ки осонаш намебинам-ватандорист»-ро шиор қарор додан, дар кушодан уқдаи мушкилоти ҳамватанон кина, ғараз ва тамаъ надоштан аст рисолати зан- журналист.

Ба назари Шумо нақши занон имрӯз дар ҷомеа чӣ гуна эҳсос мешавад?

— Зани тоҷик дар ҷомеа бо иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ барои худ ҷойгоҳи худро пайдо намудааст. Аз ин рӯ, аз гузашта то ба имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан ва тарбияи духтарон ҳанӯз аз синни хурдӣ аҳамияти хоса зоҳир менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва Паёмҳои ҳамасолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа таваҷҷуҳ менамоянд, зеро занон дар ҷомеаи Тоҷикистон беш аз 50 фисади аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хочагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ба фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои давлатӣ ва хидмати давлатӣ пурманфиат арзёбӣ мешавад, ки нишони дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ назаррастар кардани фаъолияти занон мебошад.

Аммо, мутаассифона, то ҳанӯз худи занону бонувон барои ворид шудан ба ҷомеа ва аз худ сару садо рӯшан кардан чандон омода нестанд, ки ин омил сабабҳои мухталифи вобаста ба сатҳи маърифатнокӣ, вазъи оилавӣ, сатҳи иқтисодиро доро мебошад.

То имрӯз худи занон аз миёни бонувони хушсалиқаву оқила барои худ сарвар интихоб намекунанд ваниз дар ғайби якдигарӣ суханҳои ношоистаро раво мебинанд, ки ин ба коҳиш ёфтани обрӯю эътибори зан дар ҷомеа оварда расонида, боварии дигаронро аз мавқеъпазирии занон дар зинаҳои гуногуни фаъолияташон мегардонад.

Мусаллам аст, ки ҷомеае, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ доранд, аз ҳар ҷиҳат пешрафта аст, зеро зани соҳибмаърифат метавонад ҳамсари боақлу бозаковат бошад, тифли солим ба дунё биёрад, тарбияи дурусти фарзандонро ба роҳ монад ва дар рушду нумӯи Ватан ҳиссаи сазовор гузорад.

Чаро хушунати оилавӣ дар оилаҳои тоҷик зиёд аст?

— Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки хушунату зӯроварӣ ин таҳдид ба солимии ҷомеа буда, дар ҳама давру замон мутафаккирон, ходимони дин, ҳуқуқшиносон, шоиру нависандагон зӯровариро маҳкум намуда, ҷомеаро ба дилсӯзиву хайрхоҳӣ ва муросову созишкорӣ даъват мекарданд. Мутаассифона, дар асри рушди кайҳонии илму технология, ки сатҳу сифати зиндагии сокинони сайёра ба маротиб боло рафтааст, ҳодисаҳои зӯроварӣ ва хушунат дар оилаҳо боз ҳам ба мушоҳида мерасад. Дар бисёр маврид занону духтарони тоҷик низ дучори хушунати хонаводагӣ мегарданд, ки ин ҳолат фазои солими хонаводаро вайрон карда, боиси ба миён омадани нобоварӣ, бедоршавии ҳисси нафрат ва аз байн рафтани муҳаббату самимият мегардад. Он ба ахлоқи кӯдакон таъсири манфӣ расонида, дар оилаҳои носолим аксар вақт фарзандон ҳам дузд, тарсу, бераҳм, рӯҳафтода ва бадахлоқу ҷинояткор ба воя мерасанд.

Сабаби асосии зиёд шудани ҳодисаҳои хушунат аз сатҳи пасти маърифати аҳолӣ, бахусус аз таълиму тарбия дур мондани занону духтарон ва ҷавонписарон мебошад. Аз ҷониби дигар, таъсири муҳит, ҳамсояҳо, хешовандони наздик дар барафрӯхтани низоъ миёни хонаводаҳои тоҷик хеле зиёд аст. Инчунин, қолабҳои кӯҳнашудаи нобароробарии зану мард, бартарӣ додан ба сарварии мардон дар оила, хурофотпарастӣ, сатҳи камбизоатӣ боиси хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо мегардад.

Баҳри рафъи ин зуҳуроти номатлуб, ки пайомади бисёр ногуворе ба монанди ҷудошавии оилаҳо, бесарпаноҳ ва ятиму беназорат мондани кӯдакон, сустиродагии занон ва дар бисёр маврид бероҳагард шудани онҳо мегардад, бояд ҳамаи аҳли ҷомеа, бахусус дар мактаби миёна, кормандони бахши кор бо занон ва оила, САҲШ, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилоту муасиссаҳо ва худи оилаҳо дастаҷамъона кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки қабл аз ба расмият даровардани ақди никоҳ корҳои фаҳмондадиҳиро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намоянд, то дар ҷомеа теъдоди оилаҳои солим зиёд шавад, зеро оила ниҳоди ибтидоӣ ва асосии пайвастан ба ҷомеаи мутамаддин мебошад.

Байти «Занонро бувад бас ҳамин як ҳунар, Ки шинанду зоянд шерони нар!»-ро ба Ҳаким Фирдавсӣ нисбат медиҳанд. Назари шумо оид ба ин мавзӯъ чист?

Вобаста ба ҳар давру замон ва тағйир ёфтани форматсияҳои ҷамъятӣ вазифа ва уҳдадориҳои аъзои ҷомеа низ дигаргунӣ мепазирад. Шояд замоне буд, ки:

Занонро бас буд, ҳамин як ҳунар,

Ки шинанду зоянд шерони нар»

Вале, имрӯз:

«Аз зани имрӯзаи мо  ҳикмату эъҷоз пурс,

Дар фазои зиндагӣ кайфияти парвоз пурс,

Аз замин зан меравад сайри  кавокиб мекунад,

Давраи мо кард занро дар  ҳунар мумтоз, пурс»

Албатта, дар хона нишастани ҳамаи занон имконнопазир аст, зеро зану мард ҳуқуқи баробар доранд ва метавонад барои пешрафти ҷомеа нақши пуррангу муассир гузоранд.

Ва дар ҳар сурат зани замони муосир бояд соҳибмаърифат бошад, зеро «Мардро мард мекардагӣ ҳам зан ҳасту номард мекардагӣ ҳам».

Шумо 3 сол муҳаррири рӯзномаи донишгоҳ «Анвори дониш» будед. Чӣ хотироту ёддошт аз он солҳо доред?

— Рӯзномаи «Анвори дониш», ки оинаи пурҷилои донишгоҳ аст, дар ҳаёти ман ҷойгоҳи хосаро дорост. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани он бо ҳама муҳаррирон ҳамкорӣ доштам, вале замони ба сифати сармуҳаррир фаъолият намудани рӯзноманигори варзида, шодравон Аслон Исломов (рӯҳашон шод бод!) ин даргоҳ чун «хонаи умед»-и навқаламон гардида буд. Мо, ки ба фаъолияти таълимӣ машғул будем, устод А.Исломов мудом раҳнамоӣ мекарданд, то мушоҳидакорона бо олимону омӯзгорон ва донишҷӯён дар тамос шуда, андешаҳояшонро атрофи ин ё он паҳлӯи кору фаъолият ва ё вазъи ҷомеа, раванди таълим, чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳаёту фаъолияти илмию эҷодии кормандони донишгоҳ рӯи коғаз биёрем. Ҳамин буд, ки дар нашрия рубрикаҳои нав ба нав пайдо мешуданд ва аксари маводи таҳияшударо худи кормандону омӯзгорону донишҷӯён пешниҳод мекарданд. Азбаски дар он давра ҳанӯз дастрасии комил ба технологияи ҳозиразамон набуд, рӯзномаро барои саҳифабандиву чоп ба шаҳри Душанбе мебурдем, ки хеле мушкил буд.

Маҳз «Анвори дониш» ба шиносоӣ пайдо намуданам бо журналистони шинохтаи тоҷик ва ҷавонони соҳибзавқу эҷодкори рӯзномаҳои маркази кишвар мусоидат намудаасту малакаҳои кор дар матбуотро дар заминаи ин рӯзнома мукаммал гардонидаам.

Имрӯз «Анвори дониш» аллакай мактаби таҷриба аст.

Фаъолияти омӯзгориатон ба кори рӯзноманигориатон қариб ки баробар аст. Аз ин рӯ, мехостем чӣ гуна будани чеҳраи аслии журналистро аз назари Шумо бифаҳмем?

— Соя ва ифшогари чеҳраи аслии журналист маҳсули эҷоди ӯст. Яъне донишу ҷаҳонбинии васеъ доштан, ҳамнафасу ҳамқадами замона будан, дарди Ватан, миллат ва ҳар фарди ҷомеаро дар рагу хуни хеш ҷой дода тавонистан, манфиатҳои миллиро авлотар аз шуҳрату ҷоҳу мансаб донистан, беғараз будану тамаъҷӯӣ накардан рӯшангару бозгӯяндаи чеҳраи аслии журналист буда метавонанд.

Журналист ҳам он нафарест, ки бо инъикоси воқеъӣ маводи таҳлилию интиқодӣ камбуди рӯзгорро ифшо мекунад ва ҳам дигаре, ки васфи арзишҳои бебаҳои миллиро, ва дар ҳарду маврид сухани ӯ бояд созанда бошад на сӯзанда.

Айёми мактабхонӣ ба матбааи шаҳри Кӯлоб мерафтам, ки амакҳоям Хайрулло ва Ҳабибулло (Равонашон шод бошад!) дар он ҷо ба ҳайси ҳуруфчин кор мекарданд. Он замон бо сурб рӯи коғази картонӣ бо як нозукии хоса ҳарфҳоро як-як мечиданд ва сипас рӯзномаҳо чоп мешуданд. Ба ин кор бо ҳавас менигаристам, зеро аз аввалин хонандагони маводи чопии муаллифон будам.

Ҳамагӣ 17 сол доштам, ки донишҷӯи факултаи забон ва адабиёти рус шудам ва дар ҳама чорабиниҳои факулта ва донишгоҳ бо забони русӣ шеър мехондам. Рӯзе устодам Сергей Иванович Индюков маро ба хонаи радиои вилоят бурданд, то матнҳои ахборро бо забони русӣ сабт намоям. Ҳамин тавр, дар радиои «Ин ҷо Кӯлоб»- «Говорит Куляб» машқи садо мекардам. Баъдҳо, узви маҳфили овозадори «Хайрандеш», мухбири ғайриштатии рӯзномаҳои «Кулябская правда», «Роҳи ленинӣ» шудаму саодати омӯзиши маҳорат аз журналистони варзидаеро ба мисли Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Турко Дикаев, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Қувваталӣ Холов, Мисралӣ Сониев, Аслон Исломов, Саидҷон Ҳакимзода,(Равони ҳар яке гиромӣ бод!), Муҳаммад Ғоиб, Мираҳмад Амиршоев, Сайид Раҳмон, Хайриддин Қурбонов, Ҳайдар Усмонов, Холбой Қурбонов ва дигарон насибам гардид.

Бо ифтитоҳ гардидани намояндангии ТВ «Сафина» дар минтақаи Кӯлоб тӯли 8 сол ба сифати муҳаррир ва натоққи барномаи иттилоотии «Навид» фаъолият карда, наздики 75 барномаҳои мукаммали фарҳангию сиёсӣ ва иқтисодию варзишии тавассути барномаи «Аз шаҳри ёрон» дар «Телевизиони Сафина» ба ҳамдиёрон пешкаш намудаам.

Дар ин мудаввом аз соли 1989 то ба имрӯз (30 сол) фаъолияти омӯзгорӣ ва собиқаи бетанаффус дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дорам, ки аз ин хеле ифтихормандам.

Ба назари Шумо як зан чӣ гуна метавонад дар зиндагӣ ва ё дигар соҳаҳо муваффақ шавад?

— Гумон мекунам, ки: «Ба ҳар коре ки ҳиммат баста гардад, Агар хоре бувад гулдаста гардад». Дуруст аст, ки роҳи зиндагӣ ва ҳам ҷодаи илм тахту ҳамвор нест, вале зане, ки дар зиндагӣ муваффақ мешавад, аз уҳдаи ҳама кор мебарояд. Фақат дар ҳар зинае бояд таҳаммулпазир буд, дасту дили пок дошт ва завқи беандоза.

Намунаи омӯзгори мактаби олӣ ба назари Шумо бояд чӣ гуна бошад?

— Омӯзгори мактаби олӣ бояд шахси таҳсилдида, мусаллаҳ бо донишҳои амиқи тахассусӣ, нафари ҳамаҷониба камолёфта, дорои маърифату одоб ва хулқу атвори ҳамида ва пайи ҷустуҷӯи навгониҳои илмӣ бошад. Ҳар як дарсаш бояд нотакрор ва пешаи омӯзгорӣ ба гуфти Муҳаммад Ҳиҷозӣ барояш бояд «ишқ» бошад.

Дар замоне, ки технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ бо суръати кайҳонӣ рушд менамоянд ва насли наврас ва ҷавонон бештар аз воситаҳои техникӣ ва онлайнии муошират истифода мекунанд, дар аксар ҳолат ҷиҳати худ кардани барномаҳои таълимӣ ва иҷрои супоришҳои мустақилона ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд. Барои он ки машғулиятҳои иловагӣ самаранокии бештар дошта бошанд, омӯзгори замони муосир бояд на фақат бо дониши тахассусӣ мусаллаҳ бошад, балки ҳамқадами замон буда, аз истифодаи аёниятҳои техникии таълим бо хубӣ барояд. Ҳамзамон набояд фаромӯш сохт, ки бедор намудани шавқи хонандагон ва донишҷӯён ба фанҳои таълимӣ ба маҳорату истеъдоди омӯзгор вобаста аст. Ба қавли шоир:

Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,

Ҷумла ба мактаб оварад  тифли гурезпойро.

Ҳатто диққати шогирди сустхон ва дарсгурезро ба воситаи дарси пурмазмун ва муносибати ҳирфавии омӯзгор ҷалб намудан мумкин аст, яъне тавассути дарси пурмуҳтаво ҳатто дар рӯзи истироҳат шогирди дарсгурез ҳам майли мактабравӣ пайдо хоҳад намуд.

Айни ҳол, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълим дар доираи таълими босалоҳият ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар доираи низоми кредитии таҳсилот амалӣ карда мешаванд, ба мавқеи асосӣ ва муҳими омӯзгор дар раванди таълиму тарбия компонентҳои иловагӣ зам мегарданд, яъне омӯзгору шогирд дар ҷараёни таълим акнун ҳамбозанд (партнёр) ва муҳтавои таҳсилотро омӯзонидан ва аз ҳамдигар омӯхтан ташкил медиҳад. Дар ин росто, таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои корҳои мустақилона дода шуда, омӯзгор вазифадор аст раванди назоратро дар ин самт пурзӯртар намояд, то сифати таълиму тарбия таъмин гардад.

Шумо, ки чанд сол ноиби ректор оид илм ва инноватсия будед, ибораи «илмро хор кардан»-ро чӣ гуна мефаҳмед? Ба назари Шумо дар кадом ҳолат илм хор мешавад?

— Рушди илм ва инноватсия рукни муҳимтарини давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад. Дар илм ҳамаи самтҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, бастагии ӯ бо табиат, ҳаводиси рӯзгор ва таъриху тамаддун афзалиятноканд ва наметавон якеро дар мадди аввал ва дигареро дуюмдараҷа ҳисобид.

Илм дар он ҳолате хор мешавад, ки ба он шахсони тасоддуфӣ даст мезананд ва ҳадафашон танҳо зистан барои «хӯрдану пӯшидану маишат кардан! аст» («Олими беамал-занбӯри беасал»). Ба илм нафарони зиёде дохил мешаванд, вале дар илм хидмат кардан-ин татбиқи самараноки натиҷаҳои ба дастомада аз таҳқиқотҳои илмӣ мебошад. Илми воқеӣ барои беҳтару арзандатар гардонидани зиндагии худу дигарон равона мегардад.

Ба илм ҳаст ҳар салтанатро субот,

Ба илм аст ҳар мамлакатро мадор.

Ҳоло донишҷӯён аз мутолиа дур шудаанд. Сабаби ин мушкилиро дар чӣ мебинед?

— Ба китобхонӣ камтар майл намудани ҷавонон ва насли калонсол низ сабабҳои гуногун дорад. Солҳои қаблӣ расонаҳои иттилотии онлайнӣ, телевизиону радио аҳён-аҳён буданд ва мардум зиёдтар рӯзномаву маҷалла ва китоб мутолиа мекарданд. Дигар омиле, ки ба ҳаёти маъмулии сокинон таъсири манфӣ расонид, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд. Муддате пайи ризқу рӯзӣ давидан, муҳосираҳои иқтисодии минтақаҳо мушкилоти зиёде ба бор овард, ки дигар аҳли ҷомеа аз китобхонӣ дур монданд.

Сабаби дигар, ба андешаи ман, ин нарасидани адабиёти бадеӣ, бо теъдоди кам нашр шудани асарҳои бадеӣ ва дархӯри завқи ҷавонон набудани асарҳои таълифшуда мебошад.

Аммо андешае, ки донишҷӯён тамоман китоб намехонанд, чандон воқеият надорад. Дар доираи барномаҳои таълимӣ, инчунин навиштани корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм донишҷӯ бечунучаро ба китоб рӯ меоранд.

Дар ин росто, эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» воситае муҳимест баҳри тавсеаи китобхонӣ ва илму донишандӯзии ҷавонон.

Таманиёти Шумо!

— Ба аҳли эҷод ва хонадагони ҳаводорони рӯзномаи «Анвори дониш», ба олимону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ таманнои расидан ба орзуҳои наҷибу созандаро дорам. Бигзор, ки «Анвори дониш»-ин минбари илму маърифат бо шиори «Зинати инсон се чиз аст: илм, озодӣ, муҳаббат» зинатбахши рӯзгори хушу осуда ва равшангари дили ҳар як шаҳрванд ва хонадони тоҷик бошад!

Мусоҳиб

Ҷаҳонгир РУСТАМШО

Related Articles

Leave a Comment