Home ОЗМУНҲО БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “START-UP CHOIHONA XII”

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “START-UP CHOIHONA XII”

by admin
413 views

Санаи 15.02.2020 аз тарафи Маркази истеъдодҳои ҷавон бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва ҳамкории Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон (МДТРСТ), БРСММ дар Тоҷикистон, UNDP, Megafon tojikiston дар бинои асосии донишгоҳ озмун таҳти унвони “Start-Up Choihona XII” баргузор гардид.

Мақсади асосии озмун дастгарии ҷавонони лаёқатманд, дарёфти истеъдодҳои нав, дар замири донишҷӯён бедор намудани маҳорату малакаи илмомӯзӣ, ҳарчи бештар ба китобхонию илмомӯзӣ ҷалб намудани таваҷҷӯҳи онҳо дар самти лоиҳанависию ихтироъкорӣ ва бедор намудани шавқи онҳо дар самти бизнес-идея мебошад.

Иштирокчиёни озмун аз донишгоҳ ва донишкадаҳо, коллеҷҳо, мактабҳои миёнаи атрофи шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин низ иштирок намуданд. Озмун се даврро дар бар мегирифт. Дар даври аввали озмун 70 нафар иштирокчӣ худро дар маркази истеъдодҳои ҷавони донишгоҳ ба қайд гирифта, ба даври ниҳоӣ 31 нафари он роҳхат гирифтанд. Озмуни мазкурро муовини директори МДТРСТ, муҳтарам Равшан Қурбонов, намояндаи ширкати Megafon – Ҳуснайнов Раҷабалӣ, роҳбари фонди ҷамъиятии соҳибкорӣ ва рушд — Розиқ Чоршанбиев, раиси шурои собиқадорони ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул доварӣ намуданд. Иштирокчиён лоиҳаҳои худро, ки барои ҳалли масъалаҳои гуногуни ҷомеа равона гардида буд, ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуданд.

Бо қарори комиссияи озмунӣ се нафар иштирочӣ ѓолиби озмун дониста шуда, бо як ададӣ ноутбукҳо қадрдонӣ гардиданд: Ҳабибуллозода Саёҳат, донишҷӯи соли сеюми факултаи филологияи хориҷӣ; Муродова Амина, донишҷӯи соли дуюми факултаи физика ва математика; Суярзода Мафтуна, донишҷӯи соли дуюми факултаи филологияи хориҷӣ. Боқимонда ҳамаи иштирокҷиён ба сертификат ва туҳфаҳои хотиравии МДТРС Тоҷикистон, БРСММ дар Тоҷикистон, ширкати Megafon қадрдонӣ гардиданд.

Ин иқдоми пешгирифтаи раёсати донишгоҳ ва МДТРС Тоҷикистон, БРСММ дар Тоҷикистон барои дастгириҳои ҷавонони лаёқатманд бисёр нек арзёбӣ мегардад.

Related Articles