Home ОЗМУНҲО ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН — «ВОРИСИ СИНО»

ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН — «ВОРИСИ СИНО»

by admin
253 views

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН №46, 15.02.2019

Дар бораи таъсиси Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон — «Вориси Сино»

Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани савияи дониши касбии кормандони соҳа ва ҳавасманд намудани кормандони соҳаи тандурустии вилоят мутобиқи моддаҳои 19, 20 ва 33-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми табиб, дар вилоят Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон — «Вориси Сино» дар соҳаи тандурустӣ таъсис дода шавад.

2. Ҷоизаи муқарраршуда ҳар сол дар «Рӯзи кормандони соҳаи тиб» ба ғолиб тақдим карда мешавад.

3. Низомнома ва ҳайати Кумитаи тадорукоти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон — «Вориси Сино» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

4. Сарраёсати молияи вилоят вазифадор карда шавад, ки ҳамасола маблағи мукофотонии 6 Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон — «Вориси Сино» -ро, ки ҳар кадомашон ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ, ҷамъ 30000 (си ҳазор) сомонӣ пешбинӣ шудаст, аз ҳисоби маблағи фонди захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ҷудо намояд.

5.     Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон вазифадор карда шавад, ки маблағи ҷудошударо мақсаднок истифода намуда, аз натиҷааш ба Сарраёсати молияи вилоят ҳисобот пешниҳод намояд.

6. Рӯзномаҳои «Хатлон», «Новый Хатлон», «Дӯстлик», раёсати телевизион ва радиои вилоят иттилоотро дар бораи қарори мазкур дар саҳифаҳои рӯзнома ва барномаҳои телевизиону радио чоп ва пахш намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини соҳавии раиси вилоят гузошта шавад.

Раиси вилояти Хатлон:                            Қурбон Ҳакимзода

Related Articles

Leave a Comment