Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАРЧАМ — НИШОНАИ ШАЪНУ ШАРАФИ МИЛЛАТИ БУЗУРГ

ПАРЧАМ — НИШОНАИ ШАЪНУ ШАРАФИ МИЛЛАТИ БУЗУРГ

by admin
8 views

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, дӯстиву бародарӣ ва нишонаи ҳастии давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба шумор меравад. Ин рамзи муқаддаси миллӣ шаҳрвандонро ба зиндагии орому осуда, ҳифзи сулҳу субот, талош баҳри ҳаёти арзанда, рушди ҳамаҷонибаи кишвар ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ раҳнамоӣ менамояд. Бо дарназардошти мақому ҷойгоҳи хосаи Парчами давлатӣ, ҳамасола 24 ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ табдил ёфтааст. Имрӯз Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвар парафшонӣ мекунад. Ин рамзи миллӣ на танҳо нишонаи соҳибистиқлолии давлат, балки омили муҳими таҳкими ҳисси миллӣ, худшиносӣ ва ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки Парчами миллӣ таҷассумгари ҳувияти миллӣ, таърихи пурғановати давлатдорӣ ва рамзи ваҳдату созандагии мардуми тоҷик аст. Ҳар як унсури он аз таъриху фарҳанг, орзуву ормон ва талошҳои миллати тоҷик барои озодӣ ва соҳибистиқлолӣ дарак медиҳад. Имрӯз мо зери парафшонии Парчами миллӣ дастовардҳои кишвари азизамонро мебинем ва барои ободиву пешрафти он саъю талош менамоем.

Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихори миллат моро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ карда, ба ҳифзи сулҳу субот, зиндагии арзанда, соҳибихтиёрӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳидоят менамояд. Аз ин рӯ, шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як фарди ҷомеа қарор гирад.

Парчам ҳамчун рамзи давлату миллат аз замонҳои қадим вуҷуд дошта, аз ҳастӣ ва соҳибдавлатии халқҳо шаҳодат медод. Ниёгони мо барои ифодаи мафҳуми парчам бештар аз вожаҳои «дирафш» ва «дирафши ковиёнӣ» истифода мекарданд. Дирафши ковиёнӣ яке аз рамзҳои маъруфи давлатдории шоҳони қадими эронитабор, аз Пешдодиён то Сосониён ба ҳисоб мерафт. Ин дирафш дар таърихи фарҳанг ва давлатдории ниёгони мо ҷойгоҳи хосса дошта, ҳамчун рамзи озодӣ, қудрат ва давлатдорӣ шинохта шудааст.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Он бо такя ба суннатҳои қадимаи парчамдорӣ ва рамзҳои миллии ниёгон таҳия шудааст. Парчами давлатӣ матои росткунҷа буда, аз се рахи уфуқии ранга иборат аст. Рахи болоӣ ранги сурх ва рахи поёнӣ ранги сабз дошта, паҳнои онҳо баробар мебошад. Рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои сурху сабз аст. Дар маркази рахи сафед бо зарҳал тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтаанд.

Ҳар яке аз рангҳои Парчами давлатӣ маънои рамзии худро дорад. Ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед нишонаи бахту иқболи сафед, покӣ ва нияти неки мардуми кишвар ва ранги сабз рамзи сарсабзиву хуррамӣ, саъю кӯшиш, заҳмат ва меҳнати созандаи халқ мебошад. Тоҷ ва ҳафт ситораи болои он низ ҳамчун рамзҳои таърихӣ ва миллӣ дар таҷассуми давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хосса доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи телевизионии худ аз 24 ноябри соли 2010 ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ моҳияти рангҳои онро чунин шарҳ дода буданд: «Рангҳои парчами миллии мо роҳи тайкардаи таърихии халқи Тоҷикистон, арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсати онро ифода мекунанд. Ранги сурх рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи хушбахтӣ, орзуву ормон ва умед, ранги сабз рамзи гулгулшукуфоӣ, ифтихор ва абадиятро ифода мекунад. Дар мобайни байрақ тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шуда, он нишонаи решаҳои таърихии истиқлолияти Тоҷикистон мебошад».

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар арсаи байналмилалӣ низ парафшонӣ мекунад. Он ба ҷаҳониён аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати куҳанбунёди тоҷик дарак медиҳад. Парчами миллӣ барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ бояд азизу муқаддас бошад, зеро эҳтиром ба он эҳтиром ба Ватан, миллат, таърих ва давлатдории миллӣ мебошад.

Дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ борҳо шоҳиди он мегардем, ки пас аз пирӯзии варзишгарон Парчами давлатии кишвари онҳо бо садо додани Суруди миллӣ бо тантана боло бардошта мешавад. Ин лаҳзаҳо барои ҳар як варзишгар ва ҳаводори варзиш ифтихори бузург буда, эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба миллатро тақвият мебахшанд. Варзишгарон бо дидани парафшонии Парчами кишвари худ эҳсоси шодиву ифтихор мекунанд ва ин лаҳзаҳоро ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳимми ҳаёти худ арзёбӣ менамоянд.

Ҳамчунин, дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ, бахусус бозиҳои футбол, мухлисон Парчами миллии кишвари худро ба даст гирифта, бо ифтихор онро парафшон мекунанд. Баъзе варзишгарон низ пеш аз оғози рақобатҳо бо Парчами давлатӣ ба майдон ворид шуда, пас аз пирӯзӣ онро бо эҳтироми хосса боло мебардоранд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Парчам барои ҳар як миллат рамзи ифтихор, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ мебошад.

Пас, то кадом андоза мо аҳамияти Парчами миллиро дарк мекунем ва ба он эҳтиром мегузорем? Ин суол моро водор месозад, ки дар самти тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ масъулияти бештар эҳсос намоем. Дар ин ҷода на танҳо омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, балки мураббиёни муассисаҳои томактабӣ ва, пеш аз ҳама, падару модарон низ бояд саҳми арзанда гузоранд. Муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба Парчами миллӣ бояд аз овони кӯдакӣ дар зеҳну шуури насли наврас ташаккул ёбад.

Ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки Парчами давлатиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром намояд ва барои ҳифзи шаъну эътибори он масъулият эҳсос кунад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқир ва беэҳтиромӣ нисбат ба рамзҳои давлатӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Ин меъёрҳо аҳамияти эҳтиром ба муқаддасоти давлатиро таъкид намуда, шаҳрвандонро ба риояи талаботи қонунгузорӣ водор месозанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақому ҷойгоҳи Парчами миллӣ чунин иброз доштаанд: «Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ ва умед ба фардои ободи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Он моро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдат ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар раҳнамоӣ мекунад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 165 метр парафшонӣ намуда, бо андозаҳои бузурги худ — 60 метр дарозӣ ва 30 метр паҳноӣ — яке аз рамзҳои намоёни истиқлолияти давлатии кишвар ба шумор меравад. Парафшонии он дар фазои ороми пойтахт ва дигар гӯшаҳои мамлакат ифодагари соҳибистиқлолӣ, субот ва ифтихори миллии мардуми тоҷик мебошад.

Орзумандам, ки давлати миллати наҷибу соҳибтамаддуни тоҷик, ки дар тӯли садсолаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро таҳаммул намуда, имрӯз соҳиби давлати мустақил гардидааст, ҳамеша пойдору устувор бошад. Бигзор Суруди миллии Тоҷикистон ҳамеша танинандоз ва Парчами давлатии мо дар фазои сулҳу оромӣ ҷовидона парафшон бошад. Умед аст, ки Парчами муқаддаси кишвари маҳбубамон дар болои ҳар як муассисаву ташкилот ва иншооти давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ ва сарбаландии миллат ҳамеша парафшон бошад.

Як нишони Ватан парчам аст,

Шаъну шони Ватан парчам аст.

Қудрати лашкар аз парчам аст,

Шавкати кишвар аз парчам аст.

Валиева Муборак — ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment