Home ХАБАР ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

by admin
6 views

Бо чунин шиор аҳли раёсат, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва руҳияи идона ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раҳпаймоии осоишта баромаданд. Иштирокчиён бо Парчами давлатӣ ва аксҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даст, ҳамчун рамзи садоқат ба сиёсати хирадмандонаю ватандӯстонаи Роҳбари давлат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, роҳпаймоии идонаро дар ҳудуди донишгоҳ бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир намуданд. Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор фазои донишгоҳро эҳсоси гарми ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватан ва ифтихор аз соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ фаро гирифта, иштирокчиён бо қадамҳои устувор садоқату муҳаббати хешро ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти миллӣ таҷассум карданд.

Мусаллам аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи муқаддаси давлатдорӣ, таҷассумгари таърихи пурифтихор, ҳастии миллат, ваҳдати миллӣ, озодиву истиқлол ва омили муҳими таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад. Рангҳои он ҳар кадом маъниву рамзҳои амиқи таърихию фарҳангиро дар худ таҷассум намуда, моро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, гиромидошти мероси ниёгон, таҳкими сулҳу субот ва ободии Ватани маҳбуб ҳидоят менамоянд. Барои ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст парафшон будани Парчами миллӣ мояи ифтихор ва нишонаи арҷгузорӣ ба давлату миллат аст.

Related Articles

Leave a Comment