Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
- Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2029 мораторий эълон карда шавад.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
