Тӯли 35 соли Соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон роҳи душвор, вале пур аз воқеаҳоро тай кардааст: аз рафъи оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳрони амиқ то ба даст овардани муваффақиятҳои назаррас дар соҳаҳои гуногун.
Дастовардҳои калидӣ дар ин давра нишон медиҳанд, ки чӣ гуна кишвар давлатдории худро бунёд карда, ба сӯи рушд ҳаракат кардааст.
Сулҳ ва Ваҳдати Миллӣ. Яке аз дастовардҳои асосӣ анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) буд. Дар соли 1997 Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ин заминаи суботро гузошт ва имкон дод, ки ба эҷодкорӣ тамаркуз карда шавад.
Таҳкими давлатдорӣ. Конститутсия (соли 1994) қабул карда шуд, ки хусусияти демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявии давлатро мустаҳкам кард ва ҳуқуқу озодиҳоро кафолат дод. Тадриҷан низоми ҳукумат сохта шуд ва ниҳодҳои миллӣ- артиш ва нерӯҳои марзӣ, таъсис дода шуданд.
Таҳаввулоти иқтисодӣ. Пас аз фурӯпошии ИҶШС, кишвар бо фурӯпошии робитаҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд. Аммо Тоҷикистон тадриҷан омилҳои рушди худро пайдо кард: энергетика (аз ҷумла лоиҳаҳои бузург ба монанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, рамзи Истиқлолияти энергетикӣ), саноат (ки ба саноатикунонӣ ва афзоиши истеҳсолот нигаронида шудааст), кишоварзӣ ва сохтмон рушд карданд.
Дар соли 2025 ММД тақрибан ба 177 миллиард сомонӣ расид ва иқтисодиёт 8,4% афзоиш ёфт. Зикр кардан муҳим аст, ки интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар дастгирии талаботи дохилӣ нақши муҳим бозиданд (тақрибан 47,9% ММД дар соли 2025).
Рушди инфрасохтор. Садҳо иншоот сохта ва аз нав барқарор карда шуданд: роҳҳои муосир, нақбҳо, пулҳо ва марказҳои логистикӣ. Ин робитаҳоро байни минтақаҳо тақвият дод ва имконоти иқтисодии кишварро васеъ кард. Инфрасохтори иҷтимоӣ низ фаъолона рушд кард: мактабҳо, боғчаҳои нав, донишгоҳҳо ва муассисаҳои тиббӣ кушода шуданд.
Дастовардҳои иҷтимоӣ. Нишондиҳандаҳои маориф ва тандурустӣ ба таври назаррас беҳтар шуданд. Фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия афзоиш ёфт, шумораи донишҷӯён афзуд ва технологияҳои муосир ҷорӣ карда шуданд.
Дар бахши тиббӣ муассисаҳо сохтаву муосир гардонида шуданд ва ҳазорҳо табибон омӯзонида шуданд. Сатҳи ҳифзи иҷтимоӣ афзоиш ёфт: масалан, дар ин давра нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуданд. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт (аз 83% дар соли 2000 то 19% дар соли 2025) ва давомнокии умр афзоиш ёфт.
Тағйироти демографӣ. Аҳолӣ беш аз ду баробар афзоиш ёфт. Кишвар сохтори ҷавони демографиро нигоҳ доштааст: қисми назарраси аҳолиро кӯдакон, наврасон ва одамони синну соли қобили меҳнат ташкил медиҳанд.
Тақвияти мавқеи байналмилалӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои сершумор муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст. Кишвар дар масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, масалан, пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим фаъолтар иштирок мекунад. Созишномаҳои муҳими дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла дар доираи ҳамкории минтақавӣ, имзо шудаанд.
Ҳифз ва рушди фарҳанг. Истиқлолият имкон дод, ки барои ҳифзи мероси таърихӣ ва анъанаҳо, ҳамчунин тақвияти мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ фаъолтар кор кунем.
Умуман, 35 соли истиқлолият нишон дод, ки бо ваҳдати мардум ва сиёсати пайвастаи ҳукумат, кишвар на танҳо тавонист мушкилоти душворро паси сар кунад, балки заминаи мустаҳкамеро барои рушди устувор низ гузорад.
Маълум аст, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ раванди соҳибистиқлолшавиро оғоз карданд. Кишварҳои минтақа бо назардошти манфиатҳои миллии худ истиқлолияти сиёсиро эълон намуда, барои рушди минбаъда низоми муайяни сиёсиро интихоб карданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари пасошуравӣ истиқлолияти давлатии худро 9 сентябри соли 1991 эълон намуд. Бояд тазаккур дод, ки раванди эълони истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар кишварҳои минтақа фарқ мекунад. Омили асосии ин тафовут мураккабшавии вазъи дохилӣ, зуҳури гурӯҳҳои гуногуни қудратталаб ва дар натиҷа, ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани кишвар буд.
Аз таърихи сиёсии Тоҷикистон маълум аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ тамоми соҳаҳои ҷомеаро ба бӯҳрони амиқ гирифтор ва вазъиятро мушкилтар кард. Кушта шудани беш аз 150 ҳазор нафар, овора шудани тақрибан як миллион нафар, ятим мондани беш аз 400 ҳазор кӯдак ва хароб гардидани шаҳру ноҳияҳо аз ҷумлаи оқибатҳои манфии ҷанги шаҳрвандӣ буданд, ки ба рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа монеъ мешуданд.
Бояд зикр намуд, ки сарфи назар аз ин мушкилот, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ пояҳои давлатдории миллиро бунёд, низоми сиёсиро барқарор ва сулҳу ваҳдатро таъмин намояд. Ҳоло, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагии истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад, муайян кардани дидгоҳи мушаххас нисбат ба ин марҳилаи давлатдорӣ, ҳамчунин муайян намудани мушкилот ва дурнамои рушди давлат аҳамияти хоса дорад.
Пеш аз баёни назари воқеӣ дар бораи дастовардҳои 35 соли истиқлолият, зарур аст, ки се нуктаро оид ба асосҳо ва пешшартҳои бунёдии шаклгирии ин дастовардҳо зикр намоем.
Нуктаи аввал ин аст, ки эълони истиқлолияти сиёсӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи муҳимеро ҷиҳати муайян кардани роҳи рушди минбаъда фароҳам овард. Илми сиёсатшиносӣ собит кардааст, ки истиқлолият ба ҳифзи арзишҳо ва сарнавишти ояндаи миллатҳо таъсири амиқ мерасонад. Маҳз истиқлолияти сиёсӣ имкон медиҳад, ки сарнавишти худ муайян карда шавад, сиёсати миллӣ дар доираи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ ташаккул ёбад ва муҳимтар аз ҳама, симои муосири давлати миллӣ шакл гирад.
Нуктаи дигар ин аст, ки ҳифзи давлат дар шароити мураккаб ва бӯҳронӣ омили асосии бақои мардуми тоҷик ва давлатдории онҳо маҳсуб меёбад. Ба ибораи дигар, миллати тоҷик тавонист дар шароити душвори ҷанги шаҳрвандӣ давлатро ҳамчун ниҳоди асосии ҳаёти ҷомеа ҳифз намояд. Дар ин замина, бояд зикр кард, ки бақо ва рушди ҷомеа аз давлат вобаста аст. Давлат метавонад дар доираи марзҳои худ ниҳодҳои дигарро ташкил ва ташаккул диҳад. Ҳатто ниҳоди манофеи миллӣ ва низоми амниятии миллат бо ниҳоди давлат робитаи ногусастанӣ доранд.
Бинобар ин, ҳифзи давлат дар ҷараёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бузургтарин дастоварди таърихӣ ва муҳимтарин унсури ҳаёти миллати тоҷик буд.
Нуктаи сеюм ин аст, ки дар баробари эълони истиқлолияти сиёсӣ ва ҳифзи давлат, барқарории сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ омилҳои муҳимтарин ва бунёдӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Таърихи сиёсӣ ва таҷрибаи давлатдории миллӣ собит сохтаанд, ки ормонҳои муҳимтарини миллӣ дар заминаи мавҷудият ва суботи сиёсии давлат амалӣ мегарданд. Ваҳдати миллӣ имконият ва шароитро барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҷомеа, амалисозии ҳадафҳои муҳими миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳким ва тавсеаи давлатдории миллӣ фароҳам овард.
Ҳамин тариқ, ин се унсури муҳими бунёдӣ нақши ҳалкунанда дар ҳаёти ҷомеа доштанд ва имрӯз низ дастовардҳои Тоҷикистон аз онҳо вобастаанд. Ҳамчунин, ҳифзи дастовардҳои 35-солаи истиқлолияти Тоҷикистон ва таваҷҷуҳ ба дастовардҳои муҳими ин марҳила ва дурнамои рушди кишвар зарур аст.
Зуҳури роҳбарии сиёсӣ ва мудирияти давлатӣ. Дар доираи илми сиёсатшиносӣ, муҳаққиқон кӯшиш кардаанд, ки раванди рушд ва низоми таъмини суботи сиёсии давлатро дар робита бо омилҳои гуногун баррасӣ намоянд. Дар ин раванд, ба суханронӣ ва шахсияти худи роҳбар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Агар мардум ва миллатҳо дар ташаккули давлат саҳми назаррас гузошта бошанд, пас нақши роҳбар дар рушди минбаъда ва ҳифзи давлат хеле бузург аст.
Бояд зикр намуд, ки чунин муносибат ба масъалаҳо асоси воқеӣ дорад. Албатта, раванди рушди устувори давлат то андозаи зиёд ба фаъолияти роҳбари олии сиёсии он вобаста аст. Маҳз роҳбари сиёсӣ аст, ки тавассути фаъолияти муттаҳидгар ва бо такя ба хирад, сиёсат, ҷасорат ва тафаккури худ роҳи таърихиро муайян намуда, ба давлат ва миллат ормонҳои бузурги миллиро эҳдо мекунад.
Воқеиятҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохтаанд, ки раванди таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, барқарорсозии низоми сиёсии давлат ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи байналмилалӣ бо фаъолияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Дар асл, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат замоне ворид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти ниҳоят мураккаб қарор дошт. Ҳукумати давлатӣ комилан фалаҷ шуда, дар ҷомеа нооромиҳои шадид ҳукмфармо буданд. Бисёре аз коршиносон бар ин назар буданд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боиси аз харитаи сиёсии ҷаҳон нопадид шудани давлат гардад.
Дар ин давраи ҳассос ва душвор, Пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ғояи барқарорсозии сулҳу ваҳдат ва шиори «Ман ба шумо сулҳ меорам!» ҳамчун Сарвари соҳибирода ба майдон омад ва фаъолияти худро оғоз кард.
Дар ҳақиқат, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи барқарорсозии сулҳ, ваҳдат ва муттаҳидсозии миллати тоҷик яке аз унсурҳои асосии барномаи кории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Бояд зикр кард, ки барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар шароити авҷ гирифтани ифротгароӣ дар кишвар ва ҳамзамон, пуштибонии қувваҳои ғаразнок аз ҷониби нерӯҳои хориҷӣ вазифаи ниҳоят душвор ба шумор мерафт. Фидокорӣ, талошҳо ва ҷасорати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омиле гардиданд, ки суботи миллӣ ва ҳамбастагӣ дар давлат барқарор шуда, ваҳдати миллӣ таъмин гардад.
Имрӯз дар фазои субот, ҳамгироӣ ва ҳамкории якдилона, рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳҷӯёнаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Масъалаи дигаре, ки дар тӯли 35 соли истиқлолият ташаккул ёфта, устувор гардидааст, масъалаи роҳбарӣ ва тарбияи кадрҳои идорӣ мебошад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби сиёсии Пешвои миллат фаъолият дорад, ки дар доираи он даҳҳо ҷавонон тарбия ёфта, роҳбарии соҳаҳои гуногунро ба уҳда гирифтаанд.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи фаъолияти самараноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷанги шаҳрвандии таҳмилшуда хотима ёфт ва сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор нардид.
Қабули Конститутсия ва ташаккули сохтори пурраи мудирияти давлат. Соли 1994 раъйпурсии умумихалқӣ ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули муносибатҳои сиёсии ҷомеа мусоидат намуд. Мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ низоми демократӣ ва дунявиро бунёд намуда, асосҳои муносибатҳои ҳуқуқии давлатиро муайян сохтанд ва бо интихоби арзишҳои ҷомеаи демократӣ, роҳи рушди минбаъдаи давлатдориро пеш гирифтанд. Ин нукта дар моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мушаххас зикр гардидааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Бояд тазаккур дод, ки моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мазмун ва моҳияти раванди давлатдории миллиро инъикос менамояд. Маҳз кафолатҳои ин модда симои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян мекунанд. Дар ин замина, ҷумҳурӣ як қатор қонунҳои соҳавиро низ қабул намуд, ки дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ нақши фаъол мебозанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳадафҳои олии мардуми тоҷик дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд. Имрӯз ин ҳадафҳо дар амал татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, давлати Тоҷикистон сохтори муайяни сиёсӣ, шакли идоракунӣ ва низоми хоси сиёсиеро соҳиб шудааст, ки Конститутсия онҳоро кафолат медиҳад.
Ҳамин тариқ, пас аз қабули Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори унитарӣ (ягона), шакли идоракунии президентӣ ва низоми демократии сиёсиро интихоб намуд, ки ин се унсур кишварро ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ расониданд.
Рушд ва таҳкими демократия. Таъкид гардид, ки мардуми Тоҷикистон демократияро ҳамчун арзиши олии Конститутсияи худ медонанд ва рушду таҳкими онро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамчун вазифаи муҳимтарини миллӣ арзёбӣ мекунанд. Раванди демократонӣ дар ҷумҳурӣ воқеан пас аз қабули Конститутсия оғоз ёфт. Имрӯз Тоҷикистон дорои ҷомеаи кушоди демократӣ буда, тадриҷан рушд мекунад. Ин як воқеияти раднопазир аст, ки онро далелҳои зерин тасдиқ мекунанд.
Аввалан, раванди демократонӣ нахуст аз низоми сиёсӣ оғоз гардид. Мувофиқи принсипи сиёсии демократия дар Тоҷикистон, ҳокимият ба се шоха тақсим карда шуд: шохаи иҷроия (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), шохаи судӣ (Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва шохаи қонунгузор (Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ин се шохаи ҳокимияти олӣ дар асоси салоҳиятҳо ва уҳдадориҳои соҳавии худ мустақилона амал мекунанд ва дар маҷмӯъ, дар рушди низоми демократии сиёсӣ нақши муҳим мебозанд. Имрӯз, мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шакли идоракунии давлат президентӣ мебошад.
Сониян, рушди ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар дар таҳкими демократия ва самаранокии фаъолияти ҳукумат нақши мустақим бозидааст. Ҳамин тариқ, густариши ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷомеа ба рушди чандандешии сиёсӣ мусоидат намуд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» дар соли 1998 барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ замина фароҳам овард. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсии ҷумҳуриявӣ фаъолият доранд, аз ҷумла Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки қисми бештари онҳо дар парламенти кишвар намояндагӣ доранд. Масалан, тибқи натиҷаҳои интихоботи парламентии 1 марти соли 2020 шаш ҳизби сиёсӣ ба парламент роҳ ёфтанд ва имрӯз дар раванди идоракунии давлат бевосита иштирок мекунанд. Илова бар ин, ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ фаъолона ширкат варзида, номзадҳои арзандаи худро пешниҳод менамоянд.
Сеюм, мавҷудият ва фаъолияти низоми комили интихоботӣ дар кишвар далели дигари рушди демократия дар он ба шумор меравад. Бояд зикр намуд, ки низоми интихоботӣ дар Тоҷикистон дар ду шакл амал мекунад: мажоритарӣ ва мутаносиб. Таҷрибаи интихоботи парламентӣ ва президентӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад, ки низоми мавҷудаи интихоботӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ нақши муҳим мебозад. Албатта, инҳо дастовардҳое ҳастанд, ки Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати дохилии худ ба даст овардааст. Ин дастовардҳо барои давлате, ки онҳоро дар муддати кӯтоҳ ба даст овардааст, арзиши бузург доранд; дар ҳоле ки бисёре аз кишварҳои дигар дар низоми байналмилалӣ барои муяссар шудан ба чунин дастовардҳо давраи тӯлонии таърихиро тай кардаанд. Инҳо чанд нукта дар бораи дастовардҳои сиёсӣ ва бунёдии давлатдории Тоҷикистон дар давоми 35 соли истиқлолият буданд.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 35 соли истиқлолият тавонист пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшида, демократияро дар кишвар рушд диҳад ва мустаҳкам намояд. Ҳамчунин кишвар тавонист манфиатҳои хос ва низоми арзишҳои миллиро ҳифз ва сиёсати миллиро пеш барад.
Бар асоси ин омилҳо, метавон гуфт, ки дурнамои рушди давлати Тоҷикистон мусбат аст, зеро мавҷудияти фазои мусоиди сиёсӣ, шароити рушди демократия ва муҳимтар аз ҳама, ҳамоҳангсозии истеъдодҳо ва манфиатҳои миллӣ, ин мулоҳизаҳоро тасдиқ мекунанд.
Хулоса, дар 35 соли Истиқлолият ва Соҳибихтиёрӣ ҷумҳурӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳое муяссар гашт, ки ҳатто тӯли 70 соли ҳокимияти Шуравӣ чунин пешрафтҳо вуҷуд надоштанд.
Ҷумъахон Алимӣ — доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
