Home ХАБАР ГУЛГУЗОРӢ ДАР НАЗДИ МУҶАССАМАИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

ГУЛГУЗОРӢ ДАР НАЗДИ МУҶАССАМАИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

by admin
11 views

22-уми сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи ҳамоиши илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ бо нишони эҳтиром ба хотираи неки саромади адабиёти классикии тоҷику форс, устоди бузургвор Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар назди муҷассамаи шоир гулчамбар гузошта шуд.

Дар маросими гулчамбаргузорӣ Сафарзода Мунир Ватан — доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, адибону нависандагон ва ҳайати меҳмонон иштирок намуданд.

Гутф шуд, ки гиромидошти Маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва муқаррар намудани Рӯзи Рӯдакӣ чун иди шеъру адаб дар кишвар далели муътамади таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба таърих, фарҳанг ва адабиёти оламшумули миллати кӯҳанбунёди тоҷик мебошад.

Related Articles

Leave a Comment