Home СИЁСАТПРЕЗИДЕНТ САФАРИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЧИН — МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ СТРАТЕГӢ

САФАРИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЧИН — МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ СТРАТЕГӢ

by admin
23 views

Сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки рӯзҳои 11-14 майи соли 2026 бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин сурат гирифт, яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсиву дипломатии солҳои охир ба шумор меравад. Ин сафар на танҳо идомаи сиёсати хориҷии муваффақонаи Тоҷикистон, балки нишонаи таҳкими бештари муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои стратегии ду кишвари ҳамсоя мебошад.

Маросими истиқболи расмии Пешвои миллат дар Пекин бо риояи олии протоколи давлатӣ баргузор гардида, ба ифтихори ташрифи Президенти Тоҷикистон аз тӯпҳои артиллерӣ 21 маротиба гулӯла партоб шуд. Чунин эҳтироми баланд бозгӯи обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон ва роҳбари он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин ба сатҳи нави сифатӣ расидаанд. Дар тӯли зиёда аз се даҳсолаи муносибатҳои дипломатӣ ҳар ду кишвар тавонистанд фазои эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судмандро ба вуҷуд оранд. Тоҷикистон ва Чин имрӯз ҳамчун шарикони стратегӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеи ҳамсон доранд. Дар мусоҳибаи худ ба шабакаи иттилоотии “Синхуа”, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Чин барои Тоҷикистон на танҳо ҳамсояи наздик, балки шарики боэътимод ва муҳим мебошад.

Дар ҷараёни сафари давлатӣ музокироти сатҳи олӣ баргузор гардида, масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, саноат, технологияҳои сабз ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Яке аз самтҳои калидии мулоқотҳо густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ буд. Тоҷикистон имрӯз барои сармоягузорони хориҷӣ, бахусус ширкатҳои чинӣ, ба як майдони муҳими рушди иқтисодӣ табдил ёфтааст.

Дар доираи сафар мулоқоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти Бонки сармоягузории инфрасохтори Осиё баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки маблағгузории лоиҳаҳои амалкунанда дар Тоҷикистон аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ ба садҳо миллион доллар мерасад ва дар оянда ҳаҷми он боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт. Ин омил барои рушди инфрасохтор, энергетика ва иқтисоди миллӣ аҳамияти бузург дорад.

Ҳамчунин мулоқотҳои Пешвои миллат бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои бузурги чинӣ нишон доданд, ки таваҷҷуҳи соҳибкорони Чин ба имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон рӯз ба рӯз бештар мегардад. Имрӯз дар Тоҷикистон садҳо ширкатҳои муштараки тоҷикӣ-чинӣ фаъолият намуда, дар бахшҳои саноат, энергетика, роҳсозӣ, истихроҷи маъдан ва технология саҳми назаррас мегузоранд.

Қобили таъкид аст, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди саноати миллӣ ва коркарди амиқи ашёи хом дар дохили кишвар мебошад. Дар ин самт ҳамкориҳо бо Чин метавонанд барои таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд. Ба имзо расидани даҳҳо санади нави ҳамкорӣ дар доираи ин сафар нишон медиҳад, ки муносибатҳои иқтисодии ду кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид шудаанд.

Ҷанбаи дигари муҳими сафар рушди ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ буд. Пешвои миллат зимни боздид аз Донишгоҳи Пекин бо устодону донишҷӯён мулоқот намуда, дар бораи таърихи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин, нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва аҳамияти ҳамкориҳои илмӣ суханронӣ карданд. Бо қарори Шӯрои илмию таълимии донишгоҳ ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони профессори фахрӣ дода шуд, ки ин нишонаи эҳтироми ҷомеаи илмии Чин нисбат ба сиёсати созанда ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳақиқат, имрӯз Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ тавозун ва ҳамкории мутақобилан судмандро бо кишварҳои гуногун роҳандозӣ намуда, дар ин миён муносибатҳо бо Чин ҷойгоҳи махсус доранд. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва танишҳои геополитикӣ рӯбарӯст, таҳкими робитаҳои дӯстона ва стратегӣ барои ҳар як давлат аҳамияти калон дорад.

Сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин боз як маротиба собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва боэътимод дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор дорад. Натоиҷи ин сафар барои рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими нуфузи байналмилалии кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Шарифзода Одинамо Пирназар-дотсент, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment