Home ХАБАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ СОҲИБИ ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС ГАРДИД Баннер 27.04.2026 7

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ СОҲИБИ ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС ГАРДИД Баннер 27.04.2026 7

by admin
6 views

Дар доираи маросими тантанавии ҷоизасупории озмунҳои ҷумҳуриявии  «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол», ки 24 апрели соли 2026 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи илми тоҷик ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ бо натиҷаҳои назаррас иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Аз ҷумла, Қурбонализода Зокир Маҳмадалӣ, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси кори бонкии факултети молиявию иқтисодӣ дар бахши фанҳои иқтисодӣ аз рӯйи самти “Иқтисоди ҷаҳон” зери роҳбарии Ҳаёев Қиёмиддин-номзади илмҳои иқтисодӣ, сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи 2 гардид.

Ҳамзамон, Мазарифова Меҳрангез Каримҷоновна, докторанти курси якуми факултети химия ва биология дар бахши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз рӯйи самти “Биология”, таҳти роҳбарии Ҳисайнов Далер, номзади илмҳои биологӣ, сазовори ҷойи сеюм ва дипломи дараҷаи 3 гардид.

Инчунин, дар озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» Назирзода Миҷгона, магистранти факултети физика, математика ва математика, барои иштироки фаъолона дар даври ҷумҳуриявӣ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин дастовардҳои назаррасро ба ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони онҳо ва ҷомеаи меҳнатии муассиса самимона табрику шодбош гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, таҳқиқотӣ ва таълимӣ барору комёбиҳои нав орзу менамояд.

Related Articles

Leave a Comment