Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ДДК Семинар 23.04.2026 49

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ДДК Семинар 23.04.2026 49

by admin
10 views

Дар кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон семинари илмӣ-методии кафедра баргузор гардид.

Дар семинар доктори илмҳои физика ва математика, профессор Раҷабзода Лутфия дар мавзуи “Тадқиқи системаи барзиёдмуайяншудаи муодилаҳои интегралии Волтерра бо ядроҳои махсус” баромад намуда, масъалаҳои мубрами соҳаи таҳлили математикӣ ва роҳҳои татбиқи амалии онҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қайд гардид, ки баргузории чунин семинарҳо бо иштироки олимону донишмандон барои густариши ҷаҳонбинии илмӣ, таҳкими донишҳои назариявӣ ва рушди фаъолияти таҳқиқотии омузгорону муҳаққиқони ҷавон мусоидат намуда, заминаи мусоидро барои пешрафти минбаъдаи илми математика фароҳам меорад.

Related Articles

Leave a Comment