Home ХАБАР ИҚДОМИ ХАЙРИЯВӢ БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

ИҚДОМИ ХАЙРИЯВӢ БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

by admin
22 views
Ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ, Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо пайравӣ аз сиёсати инсонпарварона ва иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми хайриявии навбатиро роҳандозӣ намуд.
Ин ташаббуси нек бо ҳадафи дастгирии омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ, ки дар давоми соли ҷорӣ яке аз наздикони худро аз даст додаанд, инчунин омӯзгорони ниёзманд амалӣ гардид. Раёсати донишгоҳ бо дарки арзишҳои ҳамдардӣ, ҳамбастагӣ ва ғамхории иҷтимоӣ, кӯшиш намуд то дар остонаи соли нав фазои умеду дилгармӣ ва дастгирии маънавиро барои ин қишри ҷомеаи донишгоҳӣ фароҳам оварад.
Дар доираи иқдом ба омӯзгорон ва кормандони ниёзманд кумакҳои моддӣ, аз ҷумла орд, расонида шуд. Ин амал на танҳо нишонаи ғамхорӣ, балки рамзи эҳтиром ба ранҷу мусибати ҳамкасбон ва тақвияти рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи донишгоҳӣ арзёбӣ мегардад.
Мақсади аслии иқдом тақвияти фарҳанги инсондӯстӣ, кумакрасонӣ ва эҳсоси масъулияти иҷтимоӣ, инчунин арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқиву маънавӣ дар ҷомеа мебошад. Чунин ташаббусҳо махсусан дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагии инсон нақши муҳим бозида, умед ба фардои некро таҳким мебахшанд.
Иқдоми хайриявӣ бо сипосу миннатдории самимии омӯзгорон ва кормандон истиқбол ёфта, онҳо ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи роҳбарияти донишгоҳро қадрдонӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки ташкили чунин иқдомҳои хайриявӣ ба муносибати санаҳои муҳими миллӣ дар донишгоҳ ба анъанаи нек табдил ёфта, Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ бо дарназардошти ниёзҳои иҷтимоӣ чунин амалҳои хайрхоҳонаро идома диҳад.

Related Articles

Leave a Comment