Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «РАВОНШИНОС»

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «РАВОНШИНОС»

by admin
15 views

Дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили «Равоншинос»-и назди кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзо баргузор гардид.

Дар рафти маҳфил маърӯзаҳои донишҷӯи курси сеюми ихтисоси равоншиноси амалӣ Ҷурахонзода С дар мавзуи “Мафҳуми психологии ирода” ва донишҷӯи курси дуюми ихтисоси сурдопедагогика-таҳсилоти томактабӣ Акрамова Б дар мавзуи “дигаргуниҳои психологӣ вобаста ба дохилшавии бача ба мактаб” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва масъалагузорӣ барои махфилҳои оянда ба охир расид.

Related Articles

Leave a Comment