Home ХАБАР ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ДДК

ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ДДК

by admin
3 views

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарварона ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи омӯзгорон синфхонаи нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин иқдом дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри 2025) таъкид гардид, амалӣ шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи синфхона ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, деканони факултетҳо, ҳайати омӯзгорон ва наздикону пайвандони устод иштирок намуда, бо шароити муҳайёшудаи таълимӣ шинос гардиданд. Синфхона дар факултети химия ва биология азнавсозӣ шуда, ба номи олими соҳаи биология Тилло Бобоев гузошта шудааст.

Зикр гардид, ки синфхонаи навтаъсис бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз буда, барои беҳтар намудани сифати таҳсил ва фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзиш мусоидат менамояд. Номгузории синфхона ба номи устоди соҳибтаҷриба нишонаи эҳтиром ба хизматҳои арзишманди ӯ дар тарбияи насли ҷавон ва рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

Related Articles

Leave a Comment