Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ИЛМУ МАОРИФ ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

ИЛМУ МАОРИФ ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

by admin
24 views

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16.12.2025)

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми шарафманди тоҷик сафҳаи наве дар таърих кушода шуд, ки ин сафҳа падидаҳои наверо ба миён овард. Яке аз падидаҳои нодире, ки халқи тоҷик ҳамасола бесаброна онро интизор доштанд ва медоранд, ин «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Ин рӯйдод дар сафҳаҳои таърих бо хатҳои заррин нигошта хоҳад гашт.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳим ва стратегӣ буда, ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва халқи кишвар ироа мегардад. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат санаи 16.12.2025 ироа гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир соли бобарор ва таърихӣ арзёбӣ намуданд. Имрӯз бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро, тоҷиконро, дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 12-уми декабри соли 2025 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи иҷлосияи 80-уми худ қатъномаро таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2027 бо ифтихор пазируфт ва қабул намуд. Сарвари давлатамон бо ироаи ин пешниҳод бори дигар аҳамияти ҷаҳонии маърифати ҳуқуқиро ҳамчун пояи асосии адолат, муносибати дуруст ва сулҳи пойдор таъкид намуда, собит сохтанд, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ созандаанд.

Рӯйдоди таърихии дигар, ин ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии беш аз сад соли охир ҳалнашудаи байни ду давлат-Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ буда, ҳамчунин шартнома миёни давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид. Масъалаи мазкур ҷиҳати рушди минтақа ва ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозад.

Қобили зикр аст, ки баррасӣ ва пешниҳоди чунин масъалаҳо ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтани чунин иқдомҳо аз ибтикороти созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд, зеро масъалаҳое, ки Сарвари давлат пешниҳод месозанд, ҳамагӣ марбут ба ҷаҳони мутамаддин мебошанд.

Имрӯз мо дар замоне зиндагӣ ва фаъолият дорем, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаётамонро дар ҳама бахшҳо, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дигаргуниҳои куллӣ фаро гирифтаанд. Истиқлолияти комили давлатии кишвари азизамон моро водор месозад, ки бо ин тағйирот ва таҳаввулоти воқеӣ ҳамқадам ва ҳамраъй бошем.

Хушбахтона, бо саъй ва эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз мушкилоту муқовиматҳои дохилию хориҷӣ, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, аз ҷумла маориф, ба дастовардҳои беназир ноил гардидем.

Чуноне ки дар Паёми ироанамудаашон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям, зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафта вобаста аст, ки заминаи мустаҳками он имрӯз гузошта мешавад».

Масъалаи тарбияи ҷавонон ва насли худогоҳу худшинос яке аз масъалаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ин масъала диққати ҳамҷониба дода, ба тамоми мардуми шарифи кишвар рӯ оварда таъкид менамоянд, ки ҷавонон ояндаи миллату давлатанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала Роҳбари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Мо бояд ба он муваффақ гардем, ки насли наврас дар замони муосир дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ барои имрӯзу фардои Ватан ва миллаташ ба воя расад».

Мавриди зикр аст, ки рисолати омӯзгор тарбия ва таълими рӯҳафзои насли оянда мебошад. Насле, ки тавонад бо нерӯи бовусъат ва муқтадири маънавии хеш дар ҳаллу фасл ва баррасии масоили мубрами ҷомеаи навини пурихтилофу пуртаззод нақши босазо гузорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, бояд коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд».

Модом ки ин рисолати азим ба уҳдаи омӯзгор вогузор мешавад, пас ӯ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти босамар бояд дар заминаи тафаккури миллӣ бо истифода аз технологияю техникаи педагогӣ, методҳои таълими инноватсионӣ ва усулҳои нави таълиму тарбия пайгирона амал намояд. Дар ин сурат давлат пешрафта ва нерӯманд мегардад.

Осудагиву амнияти кишвар низ бештар ба фарзандони босаводу донишманд эҳтиёҷ дорад, то ки тавонанд дар ин ҷаҳони пуртаззоду мушкилафзо тавассути фарҳанги баланд муқовимат намуда, шаъну шарафи давлату миллати хешро ҳимоя намоянд.

Мақсаду мароми масъулини соҳаи маорифи мамлакат дар давраи истиқлолияти комили давлатӣ равшан аст, яъне дар ин марҳила ба тарбияи насли босаводу ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ҷиддан машғул шудан дар назар аст. Ин ғоя ҳамеша аз ҷониби Пешвои миллат таъкид мегардад. Аз ҷумла «Имрӯз зимни афзудани нуфузи техникаву технологияҳои муосир ва зиёд шудани воситаҳои гуногуни иттилоот устодону омӯзгоронро зарур аст, ки усулҳои нави таълимро интихоб намоянд ва ба донишҷӯён маълумоти бештар пешниҳод гардонанд».

Воқеан, имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст. Морo зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои рақобатпазири бозори меҳнат, омӯзиши забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқу табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Зимни ироаи Паёми имсола Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз Паёми соли 2019 ёдовар гардида, солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиши рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуда буданд. Таъкид гардид, ки аз он замон шаш сол сипарӣ шудааст. Ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Воқеан, имрӯз олимону коршиносони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои судманд андешида, баҳри татбиқи «Бистсолаи омӯзиши рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» стратегияву барномаҳои навро таҳия намоянд.

Таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба амалигардонии стратегияву барномаҳои дахлдор вобаста ба ин бистсола бениҳоят баланд мебошад. Пас, вазорату идораҳои дахлдор, коршиносону олимони соҳа бояд ҷиҳати таҳияи китобҳои дарсӣ, дастуру воситаҳои таълимӣ, баргузории конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ, докторӣ ва татбиқи дигар масъалаҳои вобаста ба ин самт чораҳои судманд андешанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки «Мо бояд ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатамонро ҳифз намоем».

Ин масъулияти азим, рисолати азалӣ бар уҳдаи омӯзгор аст. Пас, мо омӯзгорон ҳангоми тарбияи насли ояндасозу умедбахш муваззафем, ки дар заминаи таъриху фарҳанги оламгири худ нақшаҳо тарҳрезӣ намуда, аз маҳдудаи худситоӣ берун бароем ва ғояҳои олии инсонгароиро ҷиҳати рушди дунёи маънавии кулли миллатҳои олам тарғибу ташвиқ намоем.

Вусъати корҳои ободонию созандагӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ бояд дар заминаи муҳити фарҳангӣ ба вуҷуд оварда шавад. Риштаи пайванди гузашта ва имрӯзро мустаҳкам намудан лозим аст, то ки насли баъдӣ дунёи маърифатро воқеан дарк ва эҳсос намояд. Дар ин сурат нақши онҳо дар таҳкими арзишҳои истиқлолияти давлатӣ афзун гардида, шахсияташон дар оянда муҳтарам ва арҷманд хоҳад шуд.

Аз ин рӯ, мо омӯзгорон бояд нуктаҳои Паёмро сармашқи кори худ қарор дода, ҳамарӯза барои таълиму тарбияи насли ҷавону ояндасоз бо масъулияти баланди касбӣ кӯшиш ба харҷ диҳем ва ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, миллат, фарҳанги воло ва пурғановати хеш, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем.

Ҳар як фарди соҳибақлу равшанфикр бояд баҳри дар амал татбиқ сохтани сиёсати хирадмандона, маорифпарварона, созандаю бунёдкоронаи Роҳбари давлат ақли солимро ба кор бурда, масъулияти худро даҳчанд афзоиш диҳад.

Сарвари давлат дар Паёмашон тамоми масъалаҳоро бо даҳсолаи қаблӣ муқоиса намуда, рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳоро бо далелу рақамҳо таҳлил ва баррасӣ намуданд.

Мақсади асосии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини сулҳу субот, амнияти миллӣ, рушди босуботи ҷомеа, донистани таъриху тамаддуни хеш, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва дар маҷмӯъ пойдор нигоҳ доштани истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як фарди ҷомеа, бахусус аҳли маориф, ҳамчун сарчашмаи роҳнамо дар кору зиндагӣ, мактаби сиёсиву маънавӣ ва дастури амал барои имрӯз ва фардо арзёбӣ мегардад. Дарки амиқи муҳтавои Паём, татбиқи амалии дастуроту ҳидоятҳои он ва масъулиятшиносона муносибат намудан ба вазифаҳои шаҳрвандӣ имкон фароҳам меорад, ки дар шароити муосир пояҳои давлатдории миллӣ боз ҳам устувор гарданд. Аз ин лиҳоз, омӯзгорон ва аҳли зиё вазифадоранд, ки дар заминаи ғояҳои Паём насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва масъулият барои тақдири давлату миллат тарбия намоянд. Танҳо дар ҳамин сурат метавон ба ташаккули ҷомеаи соҳибмаърифат, давлатдории устувор ва ояндаи босуботу пешрафтаи Тоҷикистон ноил гардид.

Акбарзода М.Н., дотсент, мудири кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment