Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

by admin
51 views

Имрӯз, 24.01.2026 дар ҷаласаи муштараки кафедраҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит, назарияи иқтисодӣ, информатика ва технологияи инноватсионӣ ва педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии унвонҷӯи муассиса- Гадоев Зокир Сайвалиевич, дар мавзуи “Асосҳои истифодаи технологияи иттилоотӣ дар рушди фарҳанги соҳибкорӣ дар шароитҳои нави соҳибкорӣ”, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ баргузор гардид.

Дар муҳокима доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Расулзода Лутфия ва ҳайати профессорон, дотсентон, номзадони илм ва дигар устодон иштирок намуданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарриз номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия ва қарз Сафаров З., номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Куганов Н.  иштирок доштанд. Тақризҳои пешниҳоднамудаи номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шарипов А., ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Холматова М. Аз ҷониби котиби маҷлис Холматзода Б. ба самъи ҳозирин расонида шуд, ки дар он муқарризон ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Гадоев Зокир Сайвалиевич бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.

Related Articles

Leave a Comment