Home ХАБАР ТАВАҶҶУҲ БА БАЛАНДБАРДОРИИ МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН

ТАВАҶҶУҲ БА БАЛАНДБАРДОРИИ МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН

by admin
17 views
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин амалӣ намудани дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор барои таълиму тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар ин замина, бо мақсади беҳтар намудани шароити гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯёни равияҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №37, №45 ва №5-и шаҳри Кӯлоб, синфхонаҳои методӣ-таҷрибаомӯзӣ таъсис гардид. Ҳамзамон, дар телевизиони Кӯлоб синфхонаи методӣ-таҷрибаомӯзии рӯзноманигорӣ ифтитоҳ гардид, ки барои гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ ва ташкили дарсҳои амалии ин равия пешбинӣ шудааст.
Зимни ифтитоҳи синфхонаҳои мазкур қайд гардид, ки фароҳам овардани чунин шароит имконият медиҳад, то донишҷӯён дар раванди таҷрибаомӯзӣ аз таҷрибаи омӯзгорони соҳибтаҷриба самаранок истифода бурда, пас аз баргузории дарсҳо дар ҳамкорӣ бо методистон ҷараёни дарсҳоро мавриди таҳлил ва муҳокима қарор диҳанд. Ин иқдом ба болоравии сатҳи маҳорати педагогии таҷрибаомӯзон ва мутобиқшавии онҳо ба фаъолияти воқеии омӯзгорӣ мусоидат менамояд.
Қобили қайд аст, ки тибқи нақша ташкили чунин синфхонаҳои методӣ-таҷрибаомӯзӣ дар дигар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр дар назар дошта шудааст.
Роҳандозии чунин ташаббусҳо далели таваҷҷуҳи доимии раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба масъалаи таҳкими робитаи назария бо амалия буда, ба баланд бардоштани сифати таълим, омодасозии мутахассисони соҳибкасб ва рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ, ҳамзамон афзудани нуфузу эътибори донишгоҳ дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мусоидат менамояд. Раёсати Донишгоҳ минбаъд низ дастуру супоришҳои Пешвои миллат, сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва роҳнамоҳои Вазорати маориф ва илмро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри идомаи корҳои созанда, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия чунин иқдомҳоро пайваста роҳандозӣ хоҳад намуд.

Related Articles

Leave a Comment