Татбиқи усулҳои фаъоли таълим, ҷалби донишҷӯён ба раванди амалии омӯзиш, истифодаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва эҷоди муҳити мусоиди таълимӣ аз ҷузъҳои муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот ва инкишофи малакаҳои касбии донишҷӯён маҳсуб меёбанд.
Дар ҳамин замина, имрӯз, 12.12.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ, дарси намунавии муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Тоиров Шермуҳаммад аз фанни таърихи забони адабии тоҷик (давраи нав) дар гурӯҳҳои таълимии 301 ва 302-и забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Категорияҳои луғавӣ дар осори хаттии забони адабии асрҳои IX-X” доир гардид.
Тоиров Шермуҳаммад дар оғози машғулият ҳадаф ва вазифаҳои асосии дарсро тавзеҳ дода, моҳияти мавзуъро бо мисолҳои равшан шарҳ дод. Мавсуф дар хусуси тавофути категорияҳои грамматикӣ ва луғавӣ суханронӣ намуда, дар бораи ақидаи забоншиносон дар мавриди категорияҳои луғавӣ фикру андешаи худро баён намуд. Маълум гашт, ки категорияҳои луғавӣ гурӯҳи махсуси воҳидҳои маъноии забонро ташкил дода, дар осори хаттии асрҳои IX-X дар эҷодиёти шоирону нависандагон ва таърихшиносон ба таври фаровон мавриди корбаст қарор гирифтанд. Аз ҷумла ба гурӯҳи категорияҳои луғавӣ, ки муродифот, мутазот ва ҳамгунҳо хеле мавриди таҳлилу таҳқиқи мушаххас қарор гирифта, бо мисолҳои зиёд тариқи рӯнамоӣ аз тарафи омӯзгор ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳ дода шуд. Ҳамчунин устод китобҳое, ки вобаста ба таърихи осори хаттии асрҳои IX-X, фарҳангномаҳо, луғати терминҳои забоншиносӣ, луғати калимаҳои муродифӣ дарсро тақвият бахшид.
Ҳамзамон, дар ҷараёни дарс чанде аз донишҷӯён бо баромадҳои кӯтоҳ оид ба масъалаҳои марбут ба хусусиятҳои луғавӣ, тағйирёбии сохту маънои калимаҳо ва осори муҳими хаттии давраҳои ибтидоии забони адабӣ изҳори назар карданд.
Дар қисмати хотимавии машғулият миёни омӯзгор ва донишҷӯён саволу ҷавоб ба роҳ монда шуд. Иштирокчиён фаъолона баромад намуда, ба саволҳои омӯзгор ҷавобҳои муфассал ва асоснок доданд.
Ин равиши интерактивӣ ба таҳкими дониш ва болоравии завқи илмии донишҷӯён мусоидат намуд.
