Home ХАБАР ИШТИРОКИ КОРМАНДИ ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ИШТИРОКИ КОРМАНДИ ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

by admin
1 views

Дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ҳамоиши бузурги байналмилалии гуманитарӣ — V Съезди Ҷамъияти суханварии русӣ ва форуми «Каломи ҳақиқати таърихӣ» баргузор гардид, ки олимон, омӯзгорон ва мутахассисонро аз Русия ва дигар кишварҳо гирди ҳам овард.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар ин чорабинӣ Изатов Умедҷон Хуршедович, номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ намуд. Дар ҷараёни форум масъалаҳои рушди суханварии русӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Related Articles

Leave a Comment