Дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавӣ аз фанни курси махсуси адабиёти тоҷик аз ҷониби Холиқова Зайналбӣ-номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик дар гурӯҳи таълимии 301-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти Сотим Улуғзода” бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра баргузор гардид.
Дарсро дотсент Холиқова Зайналбӣ тибқи муқаррароти мактаби олӣ шуруъ намуда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Сотим Улуғзода ва осори гаронбаҳои ӯ сухан ронда қайд намуданд, ки “Сотим Улуғзода (1911-1997) яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти тоҷик дар асри XX ва яке аз нависандагони маъруфи Тоҷикистон аст, ки бо эҷодиёти худ ба рушди адабиёти муосири тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Насри Улуғзода бо забони пурзӯр ва анъанаҳои бойи адабиёти классикӣ тавъам шуда, дорои хусусиятҳои амиқи инсоншиносӣ ва иҷтимоӣ мебошад”.
Сипас, донишҷӯён дар мавзуъҳои “Аввалин асарҳои насрии Сотим Улуғзода”, “Сабабҳои навишта шудани романи “Фирдавсӣ”- С. Улуғзода”, “Мавзуи асосии повести “Ривояти суғдӣ”-и С. Улуғзода”, “Романи “Восеъ”-и C. Улуғзода” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир ҳозирин андешаҳои худро перомуни мавзуи дарс баён намуда, аз осори пурҳикмати Сотим Улуғзода ёдовар шуданд.
