Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавӣ ва кушод аз ҷониби олимон, муҳаққиқон ва омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ба роҳ монда шудааст. Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти олӣ, мубодилаи таҷрибаи педагогӣ, таҳкими малакаи касбӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба раванди таълим мебошад.
Дар ҳамин замина, имрӯз (27.11.2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистика аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи журналистика Исмоилова Фарзона дар мавзуи «Таҳияи нашри ахбор дар телевизион» аз фанни тележурналистика дар гурӯҳи таълимии 403-и ихтисоси рӯзноманигорӣ дарси намунавӣ баргузор гардид.
Исмоилова Фарзона зимни оғози дарс оид ба мақому аҳамияти ахбор дар расонаҳои электронӣ, хусусиятҳои хоси ахбори телевизионӣ, меъёрҳои интихоби иттилоот, сохтор ва элементҳои асосии сюжети телевизионӣ, инчунин принсипҳои баён ва забони телевизионӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Инчунин, омӯзгор ҷанбаҳои муҳими касби хабарнигори телевизион, аз ҷумла саҳнабандии ахбор, интихоби ракурси дуруст, кор бо камера, навишти матни хабарӣ, ҳамоҳангии тасвир ва садо, инчунин масъулияти касбии журналистро тавзеҳ дод.
Ҳамзамон, чанде аз донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ дар бораи марҳилаҳои омодасозӣ ва таҳияи маводи хабарӣ, усулҳои кор бо манбаъҳои иттилоот, ҷустуҷӯи далелҳо ва тарзи пешниҳоди воқеияти журналистӣ андешаҳои худро баён карданд.
Дар қисмати амалии дарс донишҷӯён гузоришҳои телевизиониеро, ки худашон пешакӣ омода карда буданд, пешниҳод намуданд. Ҳар як мавод аз ҷониби омӯзгор санҷида шуда, дар бораи нуқтаҳои қавӣ, камбудиҳои ҷузъӣ, тартиби дурусти баён, истифодаи тасвирҳои мувофиқ ва меъёри журналистии таҳияи ахбор тавзеҳоти омӯзанда дода шуд. Ин иқдом ба донишҷӯён имкон дод, ки малакаи амалии худ дар таҳияи маводи телевизионӣ ва кор бо технологияҳои расонаиро боз ҳам тақвият диҳанд.
