Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
1 views

27-уми ноябри соли 2025 дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи Давлатиии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Дар маҳфил ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ, дотсентон Хидиров Худойқул, Каримова Назокат, мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Ғаниев Фирӯз ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Нахуст ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Давлатов Раҳмоналӣ маҳфилро оғоз намуда, аз фаъолияти маҳфили мазкур дар факултет ёдовар шуда, аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои худ дар чунин маҳфилҳо иштирок дошта бошанд.

Сипас, мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Сафарзода Сироҷиддин суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҷамъияти илми донишҷуён барои такмили донишу малакаҳои донишҷӯён заминаи хубе фароҳам овардааст, ки онҳо метавонанд таввасути ин ҷаъмият тамоми маҳорат ва истеъдодҳои худро ташаккул ва рушд диҳанд.

Дар идома Некрузи Каримхуҷа, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси математикаи амалии факултет дар мавзуи “Муодилаҳои дифференсиалии тартиби якум” маърӯзаи худро ироа намуда, дар амал чанд роҳи ҳалли онро ба аҳли нишаст нишон дод.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиёну маърӯзачиён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment