<p style=»text-align: justify;»>Субҳи рӯзи шанбеи 22-юми ноябри соли 2025 дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ бо иштироки роҳбарият, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Ин машқи пагоҳирӯзӣ дар ҳошияи истиқбол аз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.</p> <p style=»text-align: justify;»>Мақсади асосии чунин тамринҳо таҳкими тарзи ҳаёти солим, тақвияти нерӯи ҷисмонӣ ва боло бурдани рӯҳияи кормандону донишҷӯён мебошад. Машқҳо бо роҳнамоии омӯзгорони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ анҷом ёфта, иштирокчиён маҷмӯи тамринҳои гуногуни варзиширо иҷро карданд.</p> <p style=»text-align: justify;»>Ҳузури роҳбарияти донишгоҳ далолат бар он мекунад, ки масъалаи беҳдошти саломатии ҷавонон ва тарғиби зиндагии солим ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи онҳо қарор дорад. Баргузории ин гуна барномаҳо ҷузъи амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти рушди варзиш миёни ҷавонон ба шумор меравад.</p> <p style=»text-align: justify;»>Ин иқдом тибқи нақша минбаъд низ идома хоҳад ёфт.</p>
