Home ХАБАР ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

by admin
12 views

Бо чунин ном имрӯз 21-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати раёсат, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо роҳпаймоии осоиштаи ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатдориву ойини худшиносӣ-Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Қисмати тантнавии барномаро ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо ироаи сухани ифтитоҳиву шобошӣ оғоз бахшида, меҳмонон, устодон, донишҷӯён ва ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муҳимми давлатӣ, ки нишонаи озодиву Истиқлол, давлатхоҳиву давлатдорӣ, сарчашмаи фаъолияти босамар ва содиқонаи фарзандони ватандӯст, инчунин роҳнамои халқи тоҷик ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад, самимона табрику шодбош гуфта, ба ҳамагон тансиҳатӣ, комгориҳо ва фаъолияти пурсамару бобарорро баҳри ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз орзу намуданд.

Дар зимн таъкид доштанд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ранги сурх дар он рамзи истиқлолу озодӣ, сафед нишонаи сулҳу оромӣ ва сабз ифодаи ободию сарсабзии зиндагӣ мебошад, ҳамчунин тоҷи соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон таҷассумгари тамаддуни оламгир, фарҳанги ғании давлатдорӣ ва масири пурифтихори ватанпарастии миллати мо ба шумор меравад. Ин рамзи муқаддас дар худ қаҳрамониҳои фарзандони сарсупурда ва ормонҳои мардуми шарафманди кишварро ифода менамояд.

Боиси ифтихор зикр гардид, ки дар марҳилаи навини давлатдории миллӣ, зери роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаву сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши неруи илҳомбахшро иҷро намуда, ҷомеаи моро ба самти дастовардҳои муҳим ва созанда дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамун месозад.

Дар анҷоми қисми тантанавии чорабинӣ бо дарназардошти фаъолияти муназзаму густурда ва саҳми арзанда дар пешбурди корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва ташкилӣ, ҳамчунин иштироки фаъолона дар барномаҳои телевизионӣ гурӯҳе аз кормандони донишгоҳ бо сипосномаи Муассисаи давлатии Телевизиони Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.

Сипас, барномаи зебои фарҳангии ансамбли «Наво»-и бахши фарҳанги донишгоҳ пешкаши ҳозирин шуд. Барномаи ҳунарӣ, ки аз суруду мусиқӣ, рақсу навозиши дилнишин иборат буд, фазои идонаи чорабиниро боз ҳам рангорангтар намуд.

Суруду таронаҳои ансамбл, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат, дӯстӣ, меҳанпарастӣ, бузургии сарзамини аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ — хоса Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ба маҳфил зебоиву таровати бештар зам намуд.

Related Articles

Leave a Comment