Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢВАРЗИШ 4 МЕДАЛИ ТИЛЛО АЗ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

4 МЕДАЛИ ТИЛЛО АЗ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

by admin
10 views

Дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи варзиши вазнини Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши вазнин (мардон ва бонувон) бахшида ба гиромидошти хотираи Нуридинов Аслиддин-собиқадори соҳаи варзиш баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок намуда, бо натиҷаҳои баланд баромад карданд. Аз ҷумла, Нуриддинов Баҳриддин, докторанти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он, дар вазни 73 кг бо нишон додани маҳорати баланд ҷойи якумро соҳиб гардид.

Ҳамчунин, Сангаков Худобахш, донишҷӯи курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, дар вазни 61 кг, ва Ҳакимов Худойдод, донишҷӯи курси дуюми ҳамин факултет, дар вазни 89 кг, мутаносибан мақоми якумро ба даст оварданд.

Инчунин, Зарифов Неъмат, донишҷӯи курси дуюми факултети молиявию иқтисодӣ, дар вазни 81 кг сазовори ҷойи якум гардида, бо диплом ва медали тиллои мусобиқа қадрдонӣ шуд.

Бо ин роҳ, ба даст овардани чор мақоми якум аз ҷониби намоядагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар вазнҳои мухталиф, нишондиҳандаи рушди устувори варзиш ва фаъолияти пурсамари варзишгарони донишгоҳ мебошад.

Раёсати Донишгоҳ ҳамаи ғолибон – Нуриддинов Баҳриддин, Сангаков Худобахш, Ҳакимов Худойдод ва Зарифов Неъматро бо ин нишондоди шоиста самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳои бештар таманно дорад.

Related Articles

Leave a Comment