Home ХАБАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА ТАТБИҚИ ИЛМ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА ТАТБИҚИ ИЛМ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ

by admin
13 views

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба густариши донишҳои муосир дар соҳаи инноватсия аз ҷониби Парки технологии донишгоҳ семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Имкониятҳои рушди технологияҳои рақамӣ ва татбиқи илм дар истеҳсолот» баргузор гардид.

Дар кори семинар донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун, ҳайати омӯзгорон ва намояндагони сохторҳои марбута иштирок доштанд.

Дар оғози семинар Назаров Аминҷон, директори Парки технологӣ, дар мавзуи «Тиҷораткунонии ғояҳои рақамӣ: татбиқи илм дар истеҳсолот» баромад намуда, перомуни самтҳои рушди технологияҳои нав ва роҳҳои воридсозии дастовардҳои илмӣ ба истеҳсолот суханронӣ кард. Зимни баромади худ ӯ аз таҷрибаҳои муваффақ, лоиҳаҳои стартапӣ ва зарурати тaаҳкими тафаккури инноватсионӣ миёни ҷавонон ёдовар шуд.

Сипас, Ҷамолиддин Эмомов, мутахассиси бахши МД «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб, дар мавзуи «Малакаҳои рақамӣ дар пешбурди маркетинг» суханронӣ намуда, роҳҳои истифодаи абзорҳои рақамӣ дар тарғиби хизматрасониҳо ва маҳсулот, усулҳои тарроҳии стратегияҳои маркетингӣ ва имкониятҳои рушди соҳибкориро шарҳ дод.

Дар ҷараёни семинар иштирокчиён ба мавзуъҳои пешниҳодшуда шавқу ҳаваси баланд нишон дода, саволҳои гуногун ироа намуданд. Мутахассисон ба ҳар як савол ҷавобҳои муфассал дода, тавсияҳои амалӣ пешниҳод карданд.

Семинар дар фазои омӯзанда, муфид ва пурсамар баргузор гардида, ба болоравии савияи дониш ва рушди малакаҳои рақамии донишҷӯён мусоидат намуд.

Related Articles

Leave a Comment