Таърихи 10-уми ноябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии навбатии корӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан баргузор гардид, ки дар он ҳайати устодону омӯзгорони факултетҳои филологияи тоҷик ва журналистика, филологияи рус, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ширкат варзиданд. Дар кори вохӯрӣ ҳамчунин муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо ва дигар масъулони сохторҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
Мақсади асосии баргузории вохӯрӣ таҳкими минбаъдаи раванди корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани интизоми меҳнатӣ ва ҷавобгарии касбии ҳайати омӯзгорон, тақвият бахшидани сифати таълим дар асоси технологияҳои инноватсионӣ, татбиқи барномаҳои таълимии муосир ва ташаккули фазои илмии фаъол дар заминаи таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ арзёбӣ гардид.
Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни баромади худ бо такя ба дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, бахусус дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид намуданд, ки нақши устод дар рушди рӯҳониву маърифатӣ ва зеҳнии ҷомеа калидӣ буда, ҳар як омӯзгор уҳдадор аст, ки дониш, малакаи педагогӣ ва ҷаҳонбинии илмии худро муттасил такмил диҳад. Зикр гардид, ки донишгоҳ имрӯз ба марҳилаи сифатан нави рушди таълим ворид шудааст ва ҷавобгӯй будан ба талаботи бозори меҳнати имрӯза масъулияти хоси ҳар як устод аст.
Зикр гардид, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди бозори ҷаҳонии меҳнат тақозо мекунад, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ на танҳо ба тайёр кардани мутахассисони дорои донишҳои назариявӣ, балки ба омода кардани шахсияти дорои фарҳанги ташкилӣ, малакаи кор дар муҳитҳои рақобатӣ, омодагӣ ба қабули технологияҳои нав ва қобилияти ҳалли масъалаҳо дар сатҳи амалӣ таваҷҷуҳ намоянд. Ректори донишгоҳ таъкид дошт, ки омӯзгор бояд на танҳо интиқолдиҳандаи дониш бошад, балки роҳбалади фикрӣ, ҳавасмандкунандаи эҷод ва тарбиятгари тафаккури мустақил бошад.
Дар ҷараёни мулоқот муовинони ректор низ суханронӣ намуда, аз ҷумла муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ ҷиҳати татбиқи саривақтии нақшаҳои таълимӣ, назорати раванди дарсдиҳӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва чораандешӣ барои баланд бардоштани сатҳи азхудкунии донишҷӯён дастуру тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон дар баромади худ таъкид дошт, ки соҳаи илм бояд ба шакли комилан нав фаъол гардад, аз ҷумла бо роҳандозии таҳқиқоти муштараки илмӣ, вусъати ҳамкориҳо бо марказҳои илмӣ, омодасозии мақолаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва иштироки фаъол дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ.
Зимнан, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Рафиев Сафархон низ баромад намуда, таъкид дошт, ки донишгоҳ дар самти вусъат додани робитаҳои хориҷӣ имконияту афзалиятҳои ҷиддӣ дорад.
Ҳамзамон муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо баромад намуда, масъалаҳои ташаккули ахлоқи ҳамида, фарҳанги рафтор, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳувияти давлатдориро дар миёни донишҷӯён махсусан муҳим арзёбӣ кард.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид карда шуд, ки роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати беҳтар намудани шароити корӣ, беҳсозии инфрасохтори таълимӣ ва фароҳам овардани заминаҳои зарурӣ барои рушди илм дар муассиса пайваста чораҷӯӣ менамояд ва интизор дорад, ки устодон низ бо истифода аз ин имкониятҳои мусоид дар таҳкими нуфузи донишгоҳ, баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, тақвияти фазои илмӣ ва рушди неруи зеҳнии ҷавонон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин мулоқотҳо дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ мунтазам идома хоҳад ёфт, то ки масъулият, сатҳи ҳамкории дохилӣ ва низоми идоракунии босамар дар тамоми сохторҳои донишгоҳ боз ҳам мустаҳкам гардад.
