(Эҳдо ба устоди раҳнамову гиромӣ Савронбӣ Раҳимова)
Дарозои умри инсон дабистони мушоҳида, омӯзиш ва дасти кор гирифтан аз таҷрибаи андӯхташуда дар масири фаъолияту зиндагист. Хуш ба ҳоли онҳоест, ки дар ин ҷода салиқаву завқи ба худ хос доранд, барои атрофиён намуна эҷод месозанд ва улгуи чандин наслҳо аснои раҳнавардии боризона дар фарози ҳаёт мешаванд. Дар ин росто афроди саршиносу бофазилат на бо симои зоҳирӣ, балки бо маърифат, хиради ноб ва ахлоқи писандида машъали ҳамеша фурӯзонеро мемонанд, ки ба руҳу ҷони инсон нерӯву ҳаловат ва илҳоми саршор аз эъҷоду эҷозро ато мекунанд.
Дар фарози пурпечутоби зиндагӣ, хосатан дар масири рушду такомул ва мавқеъпазирии банда ҳамчун омӯзгор ва фаъоли ҷомеа, дар баробари инсонҳои бузурге ба мисли волидону омӯзгорони мактабиву донишгоҳӣ, дӯстону азизону пайвандонам, муаллимаи гиромию арзишманд — Савронбӣ Раҳимова бо мавқеъ ва манзалати вижа нақши созгору муассире гузоштаанд.
Беш аз 30 — соли фаъолияти якҷоя дар донишгоҳ ва дар рӯзҳои шодиву нишот ва ҳам афсурдагиву ночорӣ паҳлуи ҳам буданҳо, дар шахсияти устод Савронбӣ Раҳимова бароям як инсони комилеро ифшо карданд, ки аз тобиши нуру зиё, фаросату салиқаи воло, таҳаммулпазириву руҳи шикастнопазирашон як таркиба ё сохтори мукаммали дарси одамгариро барои лаҳзаҳои мухталифу айнӣ ва ғайричашмдошти ҳаёт дар зеҳну қалбам маҳфуз кардаам.
Аммо бозгӯии вижагиҳои маниши зиндагиномаи муаллимаи азиз нуқтаи ниҳоии шоистагиҳояшон нест. Ӯ инсоне ҳаст, воқеан бузург, бонуест боэҳтирому соҳибмактаб, ки дар ҳар суханаш ҷиддият ва ҳамзамон меҳру масъулият, дар ҳар нигоҳаш ғамхорӣ ва дар ҳар рафтораш эҳтироми беандоза нисбат ба ҳаммаслакону ҳамкасбону атрофиён эҳсос мешавад.
Бузургии ҳақиқии ӯ на танҳо дар унвонҳо ва мақолаву дастовардҳо, балки дар вуҷуди инсонӣ, дар руҳи пурнури модарона ва мураббиёнааш ҳувайдост. Ӯ танҳо як устоди донишгоҳ нест, балки устоди зиндагии ҳар кадоми мо – ҳамкасбону ҳам донишҷӯён аст.
Дар масири фаъолияти касбӣ, Савронбӣ Раҳимова на фақат таълимдиҳанда аст, балки бо усулҳои ба воқеиятҳои зиндагӣ наздик буда, бо дарназардошти эҳтиёҷоти муҳассилин мувофиқ шогирдонро тарбия менамояд. Маҳорати касбии ин омӯзгори асил дар он даврае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди маориф қадамҳои устувор мегузошт ва ислоҳоти соҳа ногузир буд, баръало намоён гардида, ҳанӯз аз ҳамон давра Савронбӣ Раҳимова дар таҳияи барномаҳои таълимии нав, такмили рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ташкили семинару чорабиниҳои тарбиявӣ саҳми назаррас дорад. Масвуф, солҳои мадид атрофи таҳқиқи масъалаи усулҳои тарбияи ахлоқӣ ва масъулияти шаҳрвандии насли ҷавон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таълифоти илмиаш то имрӯз дар ҷараёни таълиму тарбия фаровон истифода мешавад.
Алоқамандиҳои ин бонуи хушзавқ ба кори таълиму тарбия, дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ — мудири кафедра, декани факултет, Раиси Шурои занону духтарони донишгоҳ, ҳамчун фаъоли ҷамъиятиву сиёсӣ, ширкати фаъолона дар татбиқи лоиҳаҳои грантии байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ гувоҳи салоҳиятнокӣ ва тавонмандиҳои илмию донишу малакаҳои кофии муаллима мебошанд.
Берун аз варзидагиҳои касбӣ Савронбӣ Раҳимова тимсоли китоби пурҳикмату пурқимат аз саҳфаҳои ҳар зарварарақи умри бобаракати хеш барои ман ва кулли ҳамкасбон хирадраҳнамоиву ойини инсонгароиро таҳмил кардааст, ки ба эҳтироми ин хидматҳои ҳадафрасу мондагорашон сипосгузорем.
Ҳамин аст, ки рӯзи мавлуди Савронбӣ Раҳимова — таҷлили милоди муҳаббат ба илм, садоқат ба касб ва меҳрубонӣ ба инсон, ҷашни хидматҳои беназири як модар, як зан, як омӯзгор, ҷилваи саодатмандии бепоёни чанд насли мо, шогирдону пайвандони ин олиҳаи зебову боҳунару бонафосат аст, ки бо гузашти солҳо ҳамоно дарси пурмазмуну омӯзандааш бароямон маҳаки расидан ба орзуҳост, ва ҳамоно ба мавҷуди пурғурур ва бошукуҳаш эътимод дорем.
Дар ин рӯзи милоди фархунда, бо қалби саршори самимияту эҳтирому муҳаббат, фарзандонаву хоҳарона, модари азиз, устоди меҳрубон, бонуи бонангу ор ва номдор, тарбиятгари асилу мактабдор ва инсони шарифаву наҷиб — Савронбӣ Раҳимоваро табрику таҳният гуфта, барояшон фархундаҳоливу фараҳиқболӣ, тандурустиву дарозумрӣ, саодатмандиву комгориҳои бардавом таманно дорам.
Ин меҳрномаи ман, савту сурур дорад,
Бо меҳру бо муҳаббат оҳанги ҷур дорад,
Нома нигоштаам чун бар эҳтироми устод,
Дар ҳар ҳиҷову ҳарфам маънӣ ҳузур дорад.
Устоди зиндагонӣ, эй сархати маъонӣ
Меҳрат ба қалбу ҷонам марҷону дурр дорад!
Бигзор партави хуршеди Ховар зиндагиашонро пуранвор гардонида, дар иҳотаи дӯстони бовафо ва аҳли байт ҳамвора шодкому фараҳманду шарафманд бошанд!
Шарофат Худойдодова, дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
