Home ХАБАР МАШҚИ СУБҲГОҲӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

МАШҚИ СУБҲГОҲӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

by admin
13 views

Субҳи рӯзи шанбеи 1-уми ноябри соли 2025 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи умумии пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳайати роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории ин машқ таҳкими тарзи ҳаёти солим, боло бурдани рӯҳияи варзишӣ ва бедор кардани нерӯи ҷисмониву равонии донишҷӯён мебошад. Тамринҳо таҳти роҳбарии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он сурат гирифта, иштирокчиён маҷмӯи машқҳои гуногуни варзиширо иҷро карданд.

Ҳузури роҳбарияти донишгоҳ дар ин иқдом гувоҳи таваҷҷуҳи онҳо ба масъалаи саломатии ҷисмонӣ ва равонии ҷавонон аст. Ин барнома ҳамзамон дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 80-солагии таъсиси донишгоҳ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба ташвиқи варзиш миёни ҷавонон роҳандозӣ шудааст.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ минбаъд низ тибқи нақша идома хоҳанд ёфт.

Related Articles

Leave a Comment