Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «ХИМИКОНИ ҶАВОН»

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «ХИМИКОНИ ҶАВОН»

by admin
14 views

Имрӯз (31.10.2025) дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили «Химикони ҷавон»-и назди кафедраи химия ва методикаи таълими он бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра, роҳбари маҳфил ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Нахуст роҳбари маҳфил, ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими он Раҳимов Рамазон суханронӣ намуда, аз мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот доданд.

Дар маҳфил Фаридуни Бобоҷон, донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи “Сабабҳои химиявии гармшавии иқлим” ва донишҷӯи курси сеюм Баротова Розия дар мавзуи “Нақши алюминий дар саноатикунонии босуръати кишвар” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар анҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва муҳокимаи мавзуъҳо сурат гирифт. Иштирокчиён баргузории чунин маҳфилҳоро барои тақвияти донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инчунин ҳавасмандии донишҷӯён ба омӯзиши фанни химия муҳим арзёбӣ карданд.

Related Articles

Leave a Comment