Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН”

by admin
13 views

Имрӯз 31.10.2025 дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Математикони ҷавон” бо иштироки роҳбари маҳфил ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Нахуст, роҳбари маҳфил Кулобиев Мирзо баромад намуда, доир ба аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ миёни донишҷӯён сухан гуфт.

Сипас, донишҷӯи курси якуми ихтисоси физика ва математика Холназарзода Ҷ. бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Масъалаҳои Риман барои зита-функсия» баромад намуда, ҷиҳатҳои назариявӣ ва амалии мавзуъро шарҳ дод.

Дар охир, маҳфил бо муҳокимаи мавзуъ, ҳалли мисолу масъалаҳои риёзӣ ва мубодилаи афкор миёни донишҷӯён идома ёфта, бо хулосабарорӣ аз ҷониби роҳбар ва иштирокчиён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment