Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢВАРЗИШ МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

by admin
13 views

Субҳи рӯзи шанбеи 25-уми октябри соли 2025 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи пагоҳирӯзӣ бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Ин чорабинӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби донишҷӯён ба варзиш ташкил шуда, барои оғоз кардани рӯз бо нерӯ ва рӯҳбаландӣ мусоидат менамояд. Тамринҳо зери роҳбарии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он баргузор гардида, иштирокчиён машқҳои гуногуни баданиро иҷро карданд.

Ҳузури масъулини донишгоҳ нишон медиҳад, ки роҳбарият ба масъалаи солимии ҷисмонӣ ва равонии донишҷӯён аҳамияти махсус медиҳад. Машқи пагоҳирӯзӣ ҳамчунин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 80-солагии таъсиси донишгоҳ ва барномаҳои давлатӣ оид ба тарғиби варзиш миёни ҷавонон роҳандозӣ шудааст.

Баргузории чунин машқҳо  дар донишгоҳ ҳар ҳафта тибқи нақша идома меёбад.

Related Articles

Leave a Comment