Home ХАБАР НАҚШИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ДАР РУШДИ ИЛМ ВА МАОРИФ

НАҚШИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ДАР РУШДИ ИЛМ ВА МАОРИФ

by admin
12 views

Бо чунин унвон, имрӯз 24-уми октябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 80-солагии таъсиси ин боргоҳи илму маърифат дар ҳошияи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар оғози конфронси сатҳи баланд аҳли илму адаб, олимону донишмандон, ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, собиқадорон, устодону омӯзгорон ва собиқ хатмкардагони донишгоҳ ҳамчун рамзи эҳтиром ва садоқат ба илму адаб дар назди муҷассамаи устоди бузурги адабиёти классики тоҷик- Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар саҳни бинои маъмурии донишгоҳ қомат афрохтааст, гул гузоштанд. Ин амал рамзи қадршиносӣ аз поягузори маърифат, шеър ва худшиносии миллӣ мебошад.

Сипас, меҳмонон аз намоиши дастовардҳои устодону кормандон, китобу асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорон, инчунин лавҳаҳои навсозишудаи донишгоҳ ва толори варзишӣ дидан намуданд.

Ҳамчунин дар доираи барнома бахшида ба ҷашни 80-солагии донишгоҳ, як зумра синфхонаҳо дар факултети филологияи тоҷик ва журналистика бо шароити муосири таълим ба номи олимону донишмандон ва устодону омӯзгорони собиқ, аз ҷумла методисти варзида, дотсент Қаюм Сангов, адабиётшинос, дотсент Шовалӣ Саидҷаъфаров, забоншинос, дотсент Алиев Аҳмад ва ховаршинос Зафар Мирзоён ифтитоҳ ёфтанд. Дар маросим наздикону пайвандони устодони номбурда ширкат варзида, аз ин иқдоми некбинонаи раёсати донишгоҳ ибрози миннатдорӣ намуданд. Ифтитоҳи чунин синфхонаҳо дар факултаҳои дигари донишгоҳ низ дар назар дошта шудааст.

Кори конфронс бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун рамзи ҳувияту худшиносӣ оғоз гардид. Дар идома меҳмонон филми мустанади «Мазҳари ифтихор», ки бахшида ба 80-солагии донишгоҳ таҳия шудааст, тамошо карданд.

Дар ҳайати раёсати конфронс Сафарзода Мунир Ватан-дотсент, ректори донишгоҳ, Назарзода Бахтиёр Худоёр-раиси шаҳри Кӯлоб, Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ-профессор, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одилзода Дилбар Раҳим-муовини раиси шаҳри Душанбе, Ҳақназар Ғоиб-Шоири халқии Тоҷикистон, Муҳаммад Абдураҳмон-узви вобастаи АМИТ, Абдуллоев Маҳмуд-профессор ва дар толор аҳли зиё, олимону донишмандон, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, собиқ хатмкардагон ва устодону кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, зимни ироаи сухани пазироиву шодбошӣ ташрифи олимону донишмандон, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, намояндагони илму фарҳанги кишварро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба ин боргоҳи мунаввари маърифат, парвозгоҳи ҳазорон фарзандони фарзонаву номвар, чеҳраҳои намоёни илму сиёсат, ҳомиёни ҷонфидои арзишҳои миллӣ ва эҳёгарони адабу фарҳанги кишвар, самимона хайрамақдам гуфтанд. Ҳамчунин таъкид доштанд, ки имрӯз фазои маърифатпарвару илмомӯзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ҳузури фарзандони соҳибфазлу донишманд, ки аз домони ин даргоҳи муборак рӯи арсаи зиндагӣ қадам ниҳода, дар маснаду вазифаҳои баланди давлативу ҷамъиятӣ, илмӣ ва фарҳангӣ хизматҳои шоиста доранд, гулгун ва фараҳафзо гардидааст.

Ин чеҳраҳои маъруф, ки дар тӯли даҳсолаҳо ном ва шарафи ин боргоҳи илму адабро бо эҳсоси баланди масъулият дар қаламрави мамлакат ва берун аз он ба таври сазовор муаррифӣ намудаанд, имрӯз бо эҳтироми хоса ва адои рисолати фарзандӣ, барои арҷгузорӣ ба ин макони муқаддаси илм қадам ранҷа намудаанд. Ҳузури онҳоро дар ин ҳамоиши бошукӯҳ на танҳо ифтихори донишгоҳ, балки рамзи эҳтироми пайваста ба фарҳанги илмомӯзӣ, посдорӣ аз анъанаҳои неки устодону роҳнамоёни маънавӣ ва пайванди наслҳо арзёбӣ намуда, аҳли фазлу дониш, меҳмонони арҷманд, ҷомеаи иттифоқу масъулиятшинос ва ватандӯсту заҳматқарини донишгоҳ, донишҷӯёну муҳассилини ин боргоҳи илму маърифат, кулли иштирокчиён ва ҳама он нафароне, ки риштаи ҳаёташон бо ин муассисаи олии касбии кишвар пайвандие дорад, ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳи 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ самимона табрику шодбош гуфта, орзуи муваффақияту сарбаландиҳо намуданд.

Дар идома бо таваҷҷуҳ ба нақш ва ҷойгоҳи ин боргоҳи илму маърифат, баён доштанд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ имсол ба синни пурифтихори 80-солагӣ расид ва ин даргоҳи илму маърифат дар тӯли мавҷудияти хеш яке аз нахустин ва бузургтарин марказҳои илмӣ-таълимии мамлакат дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мақоми шоиста пайдо кардааст. Ин кохи илму маърифат дар замони гузашта ва имрӯз дар рушду таҳкими неруи зеҳнӣ, тарбияи кадрҳои болаёқат ва таҳкими худшиносии миллӣ нақши таърихӣ дошта, ҳамчун рамзи устувори фарҳангу дониш дар кишвар шинохта мешавад.

Бо фаро расидани даврони соҳибистиқлолии кишвар, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вориди марҳалаи нави рушд гардид. Имрӯз ин боргоҳи илму маърифат ҳамчун муассисаи муътабари таҳсилоти олӣ бо инфрасохтори муосир, муҳити илмиву омӯзишӣ ва дастовардҳои назаррас, дар хидмати таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат қарор дорад, ки мояи ифтихору сарфарозии кулли устодону донишҷӯён ва аҳли ҷомеа мебошад.

Дар замони ҳаштод сол садҳо нафар ходимони давлативу ҷамъиятӣ, шоирону нависандагони номдор ва ҳунармандони варзида ё дар минбари омӯзгории донишгоҳ ва ё дар паси мизи донишҷӯии он ба тадрису таҳсил машғул шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки эҳёву эъмори давлати нави тоҷикон ва ҳама дастовардҳои милливу ташаббусҳои байналмилалии даврони соҳибистиқлолии миллат самараи сиёсати фарогир ва талошҳои хастанопазири ӯст, нахустин вохӯрии пешазинтихоботиашонро ҳамчун номзад ба мақоми Президенти мамлакат дар толори ҳамин донишгоҳ доир намуда буданд.

Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоб дар мавзуи «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб-боргоҳи илму маърифат ва маркази дурахшони дониш» сухан ронда, таъкид намудан, ки мавқеи ин даргоҳи илму маърифат дар рушди фарҳангу иҷтимоиёт ва иқтисодиёти шаҳри Кӯлоб реша дар таърихи шариф ва шахсиятҳои барӯманде дорад, ки аз ҳамин ҷо парвози худ ба арсаи илму адаб, давлатдорию ҷомеасозӣ оғоз намудаанд. Ҳузури он, бо тамоми бори маънавӣ ва омӯзишияш симои маънавии шаҳрро маъно бахшида, ба шукӯҳмандиву ифтихороти шаҳри Кӯлоб нури оламгир ва ботини зебову мунаққаш ва назаррабову дилписанд эҳдо намудааст.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии бузургро бо ифтихор бар дӯш дорад, на танҳо мақоми илмии худро устувор намуда, балки бо густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими низоми таҳсилот ба сифати як маркази муосири омӯзишиву пажуҳишӣ шинохта мешавад.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ дар маърӯзаи худ таҳти унвони «Саҳми донишгоҳ дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф» нақши муассисаро дар татбиқи стратегияҳои давлатӣ, тарбияи мутахассисони рақобатпазир ва пешбурди илмҳои педагогӣ баланд арзёбӣ намуд.

Одилзода Дилбар Раҳим-муовини раиси шаҳри Душанбе дар суханронии худ дар мавзуи «Ҷаҳони андеша, маърифат ва маънавият», нақши таълиму тарбияро дар таҳкими ахлоқ ва маънавияти насли наврас тавсиф намуда, ҷойгоҳи ин боргоҳи илму маърифатро дар роҳи камолот ва шахсияти худ муҳим арзёбӣ намуда, бо ёдоварӣ аз замони таҳсилу касби дониш нуктаҳои самимиву ҷолиби диққатро иброз намуданд.

Шоири халқии Тоҷикистон-Ҳақназар Ғоиб бо эҳсос ва самимият баромад намуда, донишгоҳро «Ёдгори ҷавонӣ ва махзани илму маърифат» номид ва бо шеъру андешаҳои худ фазои маънавии конфронсро ғанӣ гардонид.

Профессор Муҳаммад Абдураҳмон, узви вобастаи АМИТ дар маърӯзаи «80 сол муборак, Донишгоҳи азиз!» бо ифтихор аз масири пуршарафи муассиса ва замони таҳсилу касби дониш, фаъолияту дастовардҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки ин боргоҳи илму маърифат ба як ниҳоди таҳқиқотии миллӣ табдил ёфта, имрӯз чун маркази андешаву таҳқиқоти илмӣ шинохта шудааст.

Абдуллоев Маҳмуд, профессори кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих бо маърӯзаи «80 соли пуршараф» аз роҳи тайнамудаи донишгоҳ ёдовар шуда, саҳми устодони пешсафро дар рушди илму фарҳанг бо эҳтиром ёд намуд.

Дар бахши музокирот, номаҳои шодбошии мақомоти давлатӣ, донишгоҳҳо ва шахсиятҳои маъруф аз ҷониби ровӣ-Муҳаммадҷони Абдувоҳид, қироат гардиданд. Аз ҷумла, табрикоти профессор Ислом Ғуломов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал Саймумин Ятимов, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дигар шахсиятҳои маъруф ироа шуд. Дар зимн дотсент Грез Иброҳимов, профессор Кӯчарзода Аламхон бо таваҷҷуҳ ба замони фаъолияту кор ибрози андеша намуданд.

Пас аз ин, ба як зумра шахсиятҳо, аз ҷумла Назарзода Бахтиёр Худоёр-раиси шаҳри Кӯлоб, Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ-муовини вазири маориф ва илм, Мирализода Абдусалом Мустафо-профессор, Одилзода Дилбар Раҳим-номзади илмҳои педагогӣ, Ҳақназар Ғоиб-Шоири халқии Тоҷикистон, Муҳаммад Абдураҳмон-профессор нишони “Ифтихори донишгоҳ” супорида шуд.

Ин иқдом ҳамчун нишонаи қадршиносӣ аз хизматҳои арзандаи онҳо дар рушди илму маориф ва баланд бардоштани обрӯи донишгоҳ арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин дар идома аз ҷониби меҳмонон ба раёсати донишгоҳ ба ифтихори ҷашни 80-солагии муассиса туҳфаҳои рамзӣ супорида шуд.

Дар анҷом зикр гардид, ки кори конфронс нимаи 2-юми рӯз дар ду бахш бо баррасии маърӯзаҳои илмии устодону муҳаққиқон идома меёбад.

Бо таманнои сулҳу суботи сартосарӣ дар Тоҷикистони азиз ва рушду шукуфоии бештари ин даргоҳи илму дониш қисми ифтитоҳии конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо садо додани Суруди миллӣ ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment