Home АНДЕША ҶАҲОНИ АНДЕША, МАЪРИФАТ ВА МАЪНАВИЯТ

ҶАҲОНИ АНДЕША, МАЪРИФАТ ВА МАЪНАВИЯТ

by admin
15 views
Дилбар Одилзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе, номзади илмҳои педагогӣ
Дар ҷаҳони муосир донишгоҳҳо на танҳо маркази омӯзиши илмҳои гуногунанд, балки пойгоҳи асосии рушди фикрӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа маҳсуб мешаванд. Агар мактабро зинаи аввалини маърифат донем, пас донишгоҳ марҳилаи ниҳоии таҳсилоти умумӣ ва оғози роҳ ба сӯи камолоти илмӣ ва касбӣ аст. Маҳз дар донишгоҳ шахсият ҳамчун инсони комил ташаккул меёбад, ҷаҳонбинӣ ғанӣ мегардад ва маърифат бо маънавият дар ҳамбастагӣ қарор мегирад.
Дар ин радиф, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз он марказҳои бонуфузи илму маърифат аст, ки тайи ҳашт даҳсола дар самти омода намудани мутахассисони баландпоя, тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ ва ғанисозии фарҳанги миллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Имсол ҷашни 80-солагии ин муассисаи бонуфуз баргузор мегардад, ки он як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ ва илмӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Андеша сарчашмаи ҳамаи кашфиётҳо ва пешрафтҳои башарист. Донишгоҳҳо маҳз ҳамон муҳите мебошанд, ки дар он андеша ба самти дуруст равона мешавад, шакл мегирад ва ба идеяҳои созанда табдил меёбад.
Дар ин масир Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:
Ҳар к-ӯ хирад надорад, басе ранҷ бурд,
Бе ҳеҷ коме, з-ин ҷаҳон берун шуд.
Ин сухани пурҳикмати падари шеъри тоҷикӣ ифодагари он аст, ки бидуни андешаи солим ва дониш, зиндагӣ маънӣ надорад. Ҳар як устод ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб маҳз ба ҳамин мақсад ҷиҳати парвариши андеша ва хирад талош меварзад.
Маърифат ҷавҳари ҳастии инсон ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи пешрафта мебошад. Маърифати ҳақиқӣ танҳо бо китоб, омӯзгор ва муҳити илмию фарҳангӣ ба даст меояд.
Дар тӯли фаъолияти худ донишгоҳ ҳазорон нафар мутахассисонро дар соҳаҳои гуногун омода намуда, онҳоро ба арсаи ҷомеа равона кардааст. Имрӯз садҳо хатмкардагони донишгоҳ дар вазифаҳои масъули давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар фаъолият доранд. Ҳар яки онҳо ҳамзамон расонандаи маърифат ва фарҳанг мебошанд, зеро донишгоҳ на танҳо дониши касбӣ, балки маърифати инсониву ахлоқиро низ ба онҳо мерос гузоштааст.
Хатмкунандагони ин боргоҳ дар ҳама марҳилаҳои рушди донишгоҳ на танҳо ба сифати омӯзгор ва таҳқиқгар, балки ҳамчун тарбиятгари шахсиятҳои маъруфу муваффақ гардида, имрӯз дар арсаи илм, маориф, идоракунӣ ва фарҳанг мавқеи намоён доранд.
Ин ҷо хатмкунандагони зиёде парвариш ёфтаанд, ки имрӯз бо фаъолияти босамари худ номи донишгоҳро баланд медоранд. Минҷумла, Саймумин Ятимов, Хидирзода Махфират Умар, Шарифзода Наргис, Назарозода Бахтиёр Худоёр, Иброҳим Гурез, Абдуллоев Маҳмуд Холович, Ибодов Маҳмадулло Орипович, Худойдодова Шарофат Зардовна, Нозимов Абдулҳамид, Маҳмад Абдураҳмон, Ниёзов Акбар, Салихов Нуралӣ, Рустам Давлатович, Камолова Маҳбуба Расуловна, Моҳира Ғафуровна, Савронбӣ Раҳимовна, Худойдодова Шарофат, Самариддинова Зайнаб Наимовна, Муродова Гулчеҳра, Ашӯрова Нодира, Холиқова Зайналбӣ, Бобоқулов Ҷумахон, Садбарг Нозимовна, Зуҳро Кенҷаевна, Клара Ҷумаевна, Юсупова Заррина, Рустамзода Муқаддас, Иззатова Муҳаббат Иноятовна, Фирӯзамо Мадохировна, Зарторбӣ Табарова, Даминзода Арафамо Искандар, Сафаров Даврон, Кармишева Бунафша Назруллоевна, Раҳмонова Наргис, Нозимова Гулрухсор, Аминҷон Амруллоев, Азиз Салоев, Ғафуров Бахтиёр ва ғ., ки ҳар кадоме бо саҳми хеш дар таҳкими мақому манзалати илми тоҷик ва рушди фарҳанги забонӣ шомили ифтихорномаи таърихи донишгоҳ гардида, аз чеҳраҳои шинохта дар соҳаи илм ва маорифи кишвар эътироф шудаанд.
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ иброз медорам, ки дар радифи ин чеҳраҳои номдори илму маърифат, ба ман низ насиб гардид, ки дар ҳамин боргоҳи муқаддаси илму маърифат-донишгоҳе, ки имрӯз мояи ифтихори садҳо мутахассисони шинохта аст, таҳсил намоям ва баъди хатми он ба саҳнаи фаъолият дар арсаҳои мухталиф қадам гузорам. Бешубҳа, дар ин масири пуршараф нақши донишгоҳ дар ташаккули шахсияти илмӣ ва омодасозии ман ҳамчун мутахассиси соҳибкасб ниҳоят муассир ва сарнавиштсоз буд.
Фаъолияти пурмеҳнати ин хатмкунандагон, ки ҳам дар арсаи илм, ҳам дар идоракунӣ ва ҳам дар рушди маънавиёти миллӣ нақши муассир доранд, шаҳодати он аст, ки донишгоҳ на танҳо дониш, балки рисолати ватандӯстӣ ва инсондӯстиро дар қалби наслҳо ҷой додааст.
Дари ин ҷода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Илму маърифат омили асосии рушду пешрафти ҷомеа ва ояндаи давлатдории миллӣ мебошад». Маҳз ҳамин андеша имрӯз роҳнамои фаъолияти тамоми устодону донишҷӯёни донишгоҳ аст.
Маънавият асоси ҳастии миллат ва ҷомеа аст. Бе маънавият дониш ба ҳадафи олӣ намерасад. Аз ин рӯ, дар ҳама давру замон тарбияи маънавӣ ҳамқадами маърифати илмӣ буда, нақши муассир доштааст.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар баробари таълими фанҳои илмӣ, ба тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Бо ташкили маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ донишҷӯёнро ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ҳидоят менамояд.
Имрӯз донишгоҳ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, таҷҳизоти нави лабораторӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ба марҳилаи нав ворид шудааст. Бо шарофати дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои роҳбарияти донишгоҳ, барои ҷавонон шароити мусоиди таҳсилу тадқиқот фароҳам гардидааст.
Иштироки устодону донишҷӯён дар конфронсҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои илмӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави таълимӣ гувоҳӣ медиҳад, ки донишгоҳ қадамҳои устувор ба сӯи ҷаҳоникунонии илм ва маърифат мегузорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Ҷавонон қувваи пешбарандаи давлат ва ҷомеа мебошанд». Аз ин рӯ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб имрӯз рисолати бузургро ба ӯҳда гирифтааст: парвариши ҷавононе, ки қавиирода, бофарҳанг ва ватандӯст бошанд.
80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ танҳо як санаи таърихӣ нест, балки рамзи ифтихор, рамзи арҷгузорӣ ба илму маърифат ва рамзи пайвандии наслҳо мебошад.
Бо итминон метавон гуфт, ки донишгоҳ дар оянда низ ҳамчун ҷаҳони андеша, маърифат ва маънавият боқӣ монда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, парвариши ҷавонони созанда ва рушди илм дар кишвар нақши муҳиму арзишманд хоҳад дошт.
Ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҷомеаи меҳнатии ин боргоҳи илму маърифат, аҳли фазлу хирад ва алоқамандону пайвандон мубораку фархунда бод!

Related Articles

Leave a Comment